Бахшҳо
30 апр 2014 09:20Тоҷикистон / Сиёсат

Шикояти Асрор Булбулов ва ирсоли қазияи Сайидумар Ҳусайнӣ ба додситонӣ

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузорише қазияи Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломиро шарҳ додааст. Оқои Ҳусайнӣ рӯзи 28 апрел ба унвони вакили парлумон барои расонидани мӯҳтавои паёми солонаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба маркази вилояти Бадахшон рафта, аммо ба гуфтаи худаш, мавриди ҳамлаи як гуруҳи иборат аз 15 нафар қарор гирифтааст.

Масъулони ВКД дар гузориши худ аз ягон ҳамлае ёдоварӣ накарда, баръакс гуфтаанд, дар ҷараёни сафари Сайидумар Ҳусайнӣ ба Хоруғ миёни онҳо ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”,-менависад торнамои ВКД.

Ба гуфтаи манбаъ, шоҳидони ҳодиса, аз ҷумла Асрор Булбулов мавриди бозпурсӣ қарор гирифтаанд. Оқои Булбулов, ки соли гузашта тавассути телевизионҳои давлатӣ масъулони ҲНИТ-ро зери бори танқид гирифта буд, гуфтааст, “Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва Шонаими Карим, раиси дастгоҳи ин ҳизб ба воситаи баромади худ дар дигар минтақаҳо мардуми Бадахшонро бо гапҳои пасту баланд таҳқир намудаанд. Бинобар ин, мо аъзои Ҳизби Наҳзати Ислом дар Бадахшон рафта, ӯро маҷбур сохтем, ки аз мардуми мо узр пурсад.”

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, то ҳол дар ин замина Сайидумар Ҳусайнӣ ва Шонаими Карим ба идораи пулис наомада, ягон арзу шикоят низ накарданд. “Бинобар ин, дар марвиди маводи ҷамъоваришуда қарори лозимӣ қабул карда шуд ва барои мувофиқа ба Додситонии шаҳри Хоруғ фиристода шуд”,-навиштааст торнамои ВКД.
Мӯҳр
нигина
хамааш дуруг аст

Саид
ВКД Шумохам худро шарманда накунед бо чунин дуругхои харом хамрох шуда!!!

Бадахши
Мардуми Бадахшон аз рангу намуди Булбулов ки бозича аст. Бадхшонихо ба фитна дода намешаванд. Кормандони хукумати вилояти ки хамаашон мехмони нохондаанд дар ин фитна даст доранд.

хоруг
Булбуловро дар бадахшон бузичаи дасти хукумат меноманд

14
“Бинобар ин, дар марвиди маводи ҷамъоваришуда қарори лозимӣ қабул карда шуд ва барои мувофиқа ба Додситонии шаҳри Хоруғ фиристода шуд”,-навиштааст торнамои ВКД.

хахахахахахахаха зуд ба додситони ирсол карданд, ки касе шикоят накунад. Шарманда кардед хамаро дар саросари дунё.

Dev
Chi fark dorad bajni ki munokisha ruj dodaast, VKD boyad holisona ,inchunin vazifador niz hast,ki in mushkiliro hal kunad.Dar nazdi konun hama barobar ast.

25
На Асрор Булбулов ва на Сайидумар Хусайни миёни халки точик макому манзалат доранд. Бинобар ин, гуфтаю ногуфтахои ин ду шахс эътиборе надошта, мардум хатто сатрхои хому игвоангези онхоро сарфи назар мекунанд, чунки ба гуфти русхо "эти двое не стоят того, чтобы кто-то их восхвалил и пожалел ". Барои хамин бояд ки худашон дигар на дар сомонаи озодагон ва на дар дигар сомонахо руйи шуми худро нишон надиханд, агар каме нишонаи марди дошта бошанд.

вахдати
бархехо шарм надошта мегуянд барои ин дуто одам мардум ба хархаша дода намешаванд якинан ин афрод чунин мепиндоранд як милион дар мухочират кадр надорад боз мисли мухочирон дохилихорохам суркарданиед инхел намешад мохам дарин хок сахмдорем якинан дониста бошед 90% чавононро чон дар гулуяшон омадааст бо чахор пири комунист дигар бакор намеравед саткаи истиклоли муфтшавед то кай чанги сементу шпаклёфкаро мо буйкашему шумо буи гули ватанро чавонем аммо мисли пирон бенасибем на имон бар пирузи дорем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)