Бахшҳо

Қодири Рустам: "Лентаи Георгий" бо таърихи мо чӣ иртиботе дорад?

Қодири РУСТАМ

"Представительство Российского фонда развития «Институт Евразийских Исследований» в Таджикистане, в преддверии празднования 69-ой годовщины Победы в Великой Отечественной войне (1941-1945 гг.), организует праздничные мероприятия, посвященные этой дате. Об этом «АП» сообщила директор представительства Фонда «ИЕИ» в Таджикистане Галина Назарова. По ее словам, по традиции праздничные мероприятия начнутся с акции «Георгиевская лента» под девизом «Мы помним! Мы гордимся!», которые пройдут в столице 8-10 мая. В широкомасштабной акции примут участие студенты и школьники столицы".


Ин бахше аз хабарест, ки хабаргузории "Азия-Плюс" рӯзи шанбеи гузашта пахш кардааст ва ҳазорҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва тоҷикон хонданду гузаштанд. Ва шояд камтар касе таваҷҷуҳ гумошта ва ба худ суол дода бошад, ки чаро мардуми мо - шаҳрвандони Тоҷикистон ба муносибати пирӯзӣ дар Ҷанги ҷаҳонии дувум, ки бешак падарону бобоёни мо низ саҳми арзанда дар он доранд, бояд ба гиребон ва синаи худ "лентаи Георгий"-ро насб бикунанд??? "Лентаи Георгий" чи иртиботе бо таъриху маънавиёти мо дорад? "Лентаи Георгий" чи рабте бо Ҷанги ҷаҳонии дувум дорад?

Қодири Рустам: "Лентаи Георгий" бо таърихи мо чӣ иртиботе дорад?Мухтасар бигӯям: Орден ва лентаи Георгий ба шарафи Георгийи муқаддас, аз авлиёи дини масеҳӣ, ки дар асри чаҳоруми милодӣ кушта шуда ва ҳомии Русияи подшоҳӣ маҳсуб мешуд, таъсис ва номгузорӣ шудааст. Баъд бо фармони В.И.Ленин дар интиҳои соли 1917 тамоми медалу орденҳои Русияи подшоҳӣ, аз ҷумла – орден ва лентаи Георгийи муқаддас мамнуъ гардид ва дар давоми мавҷудияти Ҳукумати Советӣ на зарб зада мешуд ва на эъто мегардид. То ин ки пас аз фурӯпошии Шуравӣ давлати Русия бо ҳадафи дарёфти ҳувияти гумкарда дар соли 1992 онро барқарор кард… Акнун суол ин аст, оё Тоҷикистон пас аз касби истиқлол аз Шуравӣ ба Русия пайваст? Оё Тоҷикистон музофоте аз Русия аст? Оё тоҷикон дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум зери парчами Георгийи муқаддас ҷангида буданд? Агар ҳеч як аз ин суолҳо посухи мусбат надорад, пас ин ҳамоқат аз куҷост, ин дағдағаро сабаб чист, чаро русҳо дар мулки бегона худро соҳибхона эҳсос мекунанд, магар Точикистон барои онҳо корвонсарой аст???

Аммо кӣ ба инҳо ин иҷозаро дода, ки чанд сол аст, «лентаи Георгийи муқаддасашонро чун тумор ба мардуми тоҷик медиҳанд ва имсол низ тасмим гирифтаанд, ин корро, ки таҳқире беш нест, такрор бикунанд?! Аммо, шояд иҷоза ҳам напурсида бошанд???

Ва агар андаке амиқтар биандешем, сабаби ин амрро ба осонӣ дархоҳем ёфт. Худи ҳамин рузи шанбе (26 апрел) сайти радиои «Озоди» хабари ҷолиби дигареро нашр кард: “Натиҷаҳои таҳқиқ, ки “М-Вектор”, як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Осиёи Марказӣ моҳи ноябр ва декабри соли 2013 анҷом додаст, ба тозагӣ нашр шуд. Бар асоси ин пажӯҳиш, тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд ва назари тақрибан 50 дарсадашон “бисёр мусбат” аст. Юрий Герасимчук, яке аз муаллифони пажӯҳиш ин дилгармии мардуми Тоҷикистон ба Русияро дар муносибатҳои суннатии ду тараф мебинад».

Ман, ростиро ба назарсанҷиҳо, ки бародари хурди омори давлатӣ аст, чандон эътимод надорам, вале ба натиҷаи таҳқиқи «М-Вектор» бовар мекунам, ҳатто итминон дорам, ки дарсади тоҷикони «дӯстдор»-и Русия хеле бештар аз ин аст, ки онҳо эълом кардаанд. Ва рашке ҳам ба ин муҳаббати якҷониба надорам, дӯст доред дӯст доштан бигиред, 99, 9 дар садатон дӯст бидоред. Вале оё касе аз ин миён ҳаст, ки ба мани намояндаи 38 дар сад ё 0, 1 дар саде, ки Русияро наметавонанд ё намехоҳанд дӯст бидоранд, ба таври возеҳу равшан ва мудаллал шарҳ бидиҳад, ки ин дӯстдории булъаҷабро сабаб чист? Албатта, ҷавоби хеле забонзаде ҳаст, ки мукаррар дар нашрияҳо чоп ва мунташир шудааст ва ҳар рӯз ба гӯш мерасад: Фақат Русия ҳаст, ки ба беш аз як млн. шаҳрванди Тоҷикистон иҷоза медиҳад, дар сохтмону корхона ва бозору мағозаҳояш кор бикунанд ва маоши худу хонадонашонро таъмин намоянд. Ин посухи дар назари аввал дуруст, дар асл хеле содалавҳона аст. Оё мардикори тоҷик дар Русия инсонвор кор мекунад? Оё дар Русия хуқуқи инсонии ӯ муроот мешавад? Магар мардикори тоҷик ба ивази 1 ҳазор рубле, ки кор мекунаду барои аҳли хонаводааш мефиристад, 10-20 ҳазор рубл барои иқтисоди Русиё фоида намеоварад? Оё ҳар рубли коркардаи ӯ омехтаи арақи ҷабинаш ва ашки талхи фарзандонаш нест?... Магар вай ин пулро бидуни ҷабру ҷафо, таҳқиру тавҳин ва хорию зиллат пайдо мекунад??? Суолҳо дар ин замина беохир аст, вале дар ҳамин ҷо қатъ мекунам; ин қадар, ки гуфтем ба гӯшҳо бирасад, худ давлати бузург аст.

Ва давлати Русия – шарики стратегии давлатдорони тоҷик чӣ мекунад? Қарзҳои чандинмиллиардии кишварҳои дури Африқо ва Осиёро мебахшад, аммо ба ивази қарзи каме беш аз 200 млн-ии шарики муттаҳидаш муассисаи нодири муроқибати фазоии «Окно»-ро аз худ мекунад, ба ивази мустақар кардани пойгоҳи низомии 201-умаш дар маҳдудаи Тоҷикистон як рубл ҳам намепардозад ва боз мардуми моро «шарм дорондан мехоҳад», ки мо шуморо аз душманони беруна ҳифозат мекунем, шумои ношукр ба ҷойи изҳори сипос аз мо пул мехоҳед. Дар баҳси ӯзбакистону Тоҷикистон дар иртибот бо «Роғун» амалан аз ӯзбакистон химоят мекунад… Намехоҳам дигар давом бидиҳам.

Ва боз бармегардем ба назархоҳиҳо. Дар Русия низ чандин бор тайи солҳои гузашта назархоҳиҳое дар мавриди муносибати шаҳрвандони ин кишвар ба кишварҳои собиқи шӯравӣ анҷом шуда буд. Арқом дар ёдам нест, вале тамоил муҳим аст, ки то охири умр фаромӯшам намешавад: мардуми рус аз миёни миллату кишварҳои шӯравӣ аз ҳама камтар ба тоҷикону Тоҷикистон эътимод доштаанд, аз ҳама бештар моро бад медидаанд. Сатҳи эътимоди русҳо ба мо камтар аз Литва, Латвия, Эстония, ки пушти по ба Русия заданд ва дарашонро ба рӯйи мардуми рус бастанд ва ҳатто камтар аз Гурҷистон, ки маҷбур вориди ҷанг бо ин Хирси қутбӣ шуда буд, будааст!!!

Кӣ посух медиҳад, ки маънии он «муҳаббат»-и тоҷикона ва ин «нафрат»-и русона чист?

Аз миёни садҳо нафар тоҷикон, ки барои як ғалабаи ночизи тими мунтахаби Русия дар мусобиқоти футболи ҷаҳон шаб то саҳар хоби худу дигаронро ҳаром карда, парчами Русияро ба ҷилва оварда, бо шӯру ҳамҳама – гӯйӣ Самарқанду Бухороро бозпас гирифта бошанд, - мошинҳояшонро дар кӯчаҳои Душанбе ин тарафу он тараф тозонданд, як нафар доное пайдо мешавад, ки сабаби ину ваҷҳи онро шарҳу тафсир кунад.

Аммо медонем, ки посухе дурусту рост надоранд, агар ба ин масоил меандешиданд, ҳаргиз бо чунин ошиқӣ худро расвои олам намесохтанд….
Аммо ман гумон мекунам, ба як сухан, сабаби он нафрату бадбинӣ, ҳамин ишқи яксӯяи беҷавоб аст… Дар ин ки русҳо ба тоҷикон эътимод надоранд, тоҷиконро бад мебинанд, гунаҳкори асли худи тоҷиконанд…

Чун ин муҳаббат бе асос аст, ин муҳаббат заминае надорад, ин муҳаббат маншаъ дар руҳи ғуломона дорад …. Ва чун рус мебинад, ки тоҷик – бо он ки бад мебинадаш, - боз ҳам изҳори муҳаббат мекунад, бо ин ошиқи шалқин чун бонуи сарватманди пурнозуишваи танноз аст, муносибат мекунад…
Аз Уилям Фолкнер, дар бораи шӯҳрат суол доданд. Фолкнер, - Худо биёмурзадаш, ки бузург марде буд, - дар посух гуфт: «Шӯҳрат мисли зани сернозу нуз аст, агар аз пасаш давед, бо чашми ҳақорат ба шумо менигарад, агар тавваҷҷуҳаш накунед, аз пасатон медавад». Ва ишқу муҳаббат низ дар бисёр маворид мисли шӯҳрат аст…

Оё барои мо хақорат набуд, ки Юрий Лужков – шаҳрдори Маскавро пас аз он ки ошкоро тоҷиконро таҳқир кард, ба Душанбе даъват кардем, ба оғӯш кашидем ва бӯсидемаш.

Оё мо набудем, ки скинхедеро ки тоза аз зиндон берун омада буд, ба кишварамон ба меҳмонӣ хондем, аз ин ресторан ба он ресторан гардонда зиёфат оростем ва ӯ хӯрду хуфту р… у баргашту лоф зад, ки барои он ки бо тоҷикон салом накунам, дастам шикаст гуфта, гипс карда будам. (Дар ҷумлаи боло «скинхед»-ро бо сифати аблаҳ оварда будам, баъд кӯр кардам: ростӣ, ки на ӯ, балки он кас (в ё касоне?) аблаҳ аст, ки ӯро даъват карду зиёфат орост ва як миллатро шарманда сохт).

Сабаби дигар, ин аст, ки мо мардуми тоҷик ба худ эҳтиром надорем, ба худ бо чашми ҳақорат менигарем, обрӯямон кайҳо рехта ғуруру ифтихорамонро ба хоки сиёҳ баробар кардааст; машҳуртарин ва маъруфтарин иборае, ки дар бисту анд соли истиқлол эҷод кардем, «тоҷикиш кун», ё «тоҷикиш кардам» аст, ки маънои вайронкорӣ, харобкорӣ, кори нимкора, кори бадсифати сараму диламро дорад. Пас агар мо худро эҳтиром намекунем, агар мо худро дӯст намедорем, чаро мехоҳем, умед дорем, дигарон эҳтиромамон кунанд, дигарон дӯстамон доранд. Чанд сол қабл навишта будам, мардуми мо бо он ки масеҳӣ нест, бо он ки худро мусалмони комилиёр меҳисобад, аммо бештар аз ҳама қавмҳои пайрави мазҳаби насронӣ аз асли исавии «агар ба рӯйи ростат бизананд, рӯйи чапатро пеш ор» муроот мекунад.

Мутаассифона, дар чанд соли охир боварам ба ин амр бештар шудааст. Дар ин ҷаҳони «майдон аз далер аст» ва дар ин асри «хари ҳар ки ақиб монад гӯшашро мебуранд», вақте ки рӯятонро пеш меоред, ҳатман шаппотие мехуред, фиреби падаронатонро нахуред, ки гардани хамро шашмер осонтар мебурад. Ва аммо, ин ки чаро мо чунинем, мавзӯи баҳси тӯлонии дигар аст...
Мӯҳр
Точик
Ахсант, мошоаллох, офарин..., чаноби Абдуқодири РУСТАМ! Ман хам намояндаи 38 дар сад ё 0, 1 дар саде, ки Русияро наметавонанд ё намехоҳанд дӯст бидоранд, мебошам. Рости дар чанд мохи ахир чунин як маколаи чаззобтарину зеботаринро нахонда будам. Агар масъул мебудам, навиштаи Шумо чанобро маколаи сол эълон мекардам. Дарси хубе додед ба бегонапарастони магзшусташуда.

беном
Агар сад тарафдорам бошед лек хозир нони мехурдаатон аз хисоби хамин русхои бадбин

чизе навиштан чоп кун дуруя нашав

Акоо
Офарин Абдукодир

Хазор рахмат! Бехтарин макола, оянда мехохам аз ин хам сахттар ва хубтар нависед! Афсус ки дар ТВ-и точик чунин мавзуъхо ташфикот бурда намешаванд! Барномахои чаззоб, шавковар ва бо факту далел дар бораи паст будани ё умуман набудани хисси милли ва ватандори дар ТВ ва умуман байни мардум аз одоби оддии инсони сар карда ва сухбату суханронии тозаи точикии бе уруси олудашуда ташфикот барем!!!!!!!!!!!!!!

мухтарам Абдукодири Рустам аз оне ки точиконро русхо одам хисоб намекунанд иллаташ он аст ки халки бузургу шарифи мо худаш айбдор. дустони ман аксарияиаш дар Росия умр ба сар мебаранд ва дар сухбат бо онхо доимо пурсон мешавам ки муносибот бо точикон чи гуна аст , чунин мегуянд: точикони босаводу донишмандро хурмату эхтиром хаст вале вакте ки точике ки аз кишлок меояду чун первобытные люди рафтор мекунанд аз точик буданат шарм медори. БАрои он точикон первобытный мебошанд ки дар нохияхо дехот ва музофотамон свет нест ки онхо аккалан ба воситаи оинаи нилгун аз дуне каме бохабар шаванд мактаб дар онхо суст аст ки забони хоричиро намедонанд ва умуман волидайн аз паси ризку рузист ва фарзандро тарбия карда наметавонад хуллас онхоро темнота мегуянд ки сад афсус. боз мо бо чунин халк оянда месозем.

Фируз
Зиндаву саломат бошед, Устод Абдукодир!
Дар хакикат хуи гуломи ва навмеди аз фардо, дар ин миллат то хаде таъсир кардааст, ки хабар аз фочиаи аз бай рафтани Миллат ва фарханги точики дар пеш омадааст. Ва насли аввале, ки фикри гуломона дорад холо бе ягон муболига дар точик пайдо шудааст.
Имруз мардум дар точикистон танхо дар фикри пур кардани руда ва зидагии молии худ хастанд. (Ман фикр мекунам ин фазо ба мардум касдан фарохам оварда шудааст). Ки ин амал ва тарзи фикрронии гуломона аст.
Ин хатарро такрибан хама эхсос кардаистодаан, вале намедонам чаро хомуширо пеш гирифтаанд? Бахусус зиёион, ки масъулияти ин миллат бар душашон аст ва чавобгу хастанд барои ин мархилаи таърихи ватану миллат. Ачаб нест, ки аввалин шуда худи боном донишмандон зомби (манкурт, гулом) шуда бошанд.
Ин мавриди тахкик аст, ки чаро Точик дар як мудати кутох 20-21 сол инкадар дигаргун шуд ва иродаи шахсиашро аз даст дод ва бетафовутиро пеша кардаанд?
Танхо нафаре, ки ин масъаларо ба чидди хамеша таъкид мекунад ин Устод Каноъат аст: " мо бояд аввал одамро бисозем баъд аз паи сохтани касрхову бинохои баланд бигардем".
Устод Каноъат хаминро дар назар дорад, ки дар хакикат насл хароб шудааст ва инсони нав ва насли нав бояд сох.

Ин гулом ибни гулом ибни гулом,
Хуввият андешаи уро харом.

Хакикат аз таърих
О ту агар дустдори миллат боши, пас бидон, ки аз 1 то 2 миллион точик дар Русия гуломи мекунад, магар ин барои ту тахкир нест!!!???? Харруз аз Руссия мардикорони бехукуки точик садхои милллион рубли руси равона мекунанд, ин барои ту тахкир нест??? 4 млрд долларе, ки аз Руссия хар сол ворид мешавад, ин барои ту тахкир нест? Ин маблаг аз бучаи давлат 2 маротиба зиёд аст, ин барои ту тахкир нест??? Нисфи зиёди ахолии кобили кор дар Руссия гуломи бехукук аст, магар ин тахкир нест??? Зани точик мардикори меравад, магар ин тахкир нест??? Кудаки точик, модари точик, наваруси точик солу моххои ба умеди дидори наздикон чашм ба рох аст, магар ин тахкир нест??? Дар бораи лентаи Георгий!!! Ин рамз дар Шурави буд, вале георгий ном надошт??? Бовар надори?? ба открыткахои даврони шурави нигох кун, ин рамзро меёби?? дар интернет ба муносибати 23 февраль ва 9 май, хатто солхояш хаст!!! барои мисол 1945-1970. Хамаи ин хангома аз хаводиси Украина сар шуд. то ин вакт касе ба ин лента коре надошт. Так что аз беганагон нолидан ин амали хуб нест, мо точикон факат аз узбаку рус менолем, пардаи пеши чашматро поен кун, магар ба хориву зории миллат бегонахо гунахкоранд????

Точик,
О шумо давлат сохта навтавонистед, точикро хору зор кардед, шарм намедоред. точик ноумед шудааст аз чунин давлатдори. аз бегонагон умед дораду аз хукумати чоночон, ки гайр аз хайкалу байраксози ва раксу бози ва ваъдахои дуруг додан, дигар коре надорад, умеде надорад!!!

Хакикат
Дар бораи Самарканду Бухоро сухан мегуи??? Точикон аз чунин давлатдори безор шуданд, оид ба Самарканду Бухоро хочати гап нест? Мисли Руси я чаззоб шавед, ки онхо ба суи мо майл кунанд. Он чи навистаи харзае беш нест. Рогун мегуи??? О шумо давлати мустакил хастед, чаро намесозед??? Ба русу узбак чи кор доред??? О байраки 165 метра сохтед ку!!!! Сабаби асоси насохтани Рогун ин аст, ки мо аз ухдаи ин кор намебароем!!!!! Зурамон намерасад!!! Ба кавли Жирик Точикистон давлати ноком аст!!!! ва ин хакикат аст!!!Бахшиш, ки ман мисли ту суханпардози карда наметавонам!!!

Офарин бисёр маколаи олли !!! минатдорам аз муалифи макола

......pas harduyaton Kal Dodari Kur hasted,...xayriyat, ki Russ budaastu shumoro az Fashiston ozod kardaast, agarne "Gulomi FASHISTON" meshuded!!!

......noshukri karda, millatchigi karda,Russhoro bad kardan gired, ba'd FARDO - ARAB yo TURK tojikoro ba dast megirad, lekin agar qahri Amriko omad, pas dar 1 ruz girifta - "Tolibon"-ro SARDOR karda memonad, misli afghoniston va pasi fardoyash NATO-ro ovarda memonad .... va ba'd misli "Mohii Tilloi" bo tagorai shikasta dar labi daryo meshined!!!!!

....ba nazari man bo didani Manzilhoi balandosh'yona dar Dushanbe, anaaknun fikr karda istodaed, ki tojikiston dar muhtoji kase nest va misle, ki "Qafasi Sinaaton"ro ba pesh guzoshta, kalaatonro baland bardoshda "MAN", "MAN" gufta istoayed !!!

Точик
беном,

"...Оё мардикори тоҷик дар Русия инсонвор кор мекунад? Оё дар Русия хуқуқи инсонии ӯ муроот мешавад? Магар мардикори тоҷик ба ивази 1 ҳазор рубле, ки кор мекунаду барои аҳли хонаводааш мефиристад, 10-20 ҳазор рубл барои иқтисоди Русиё фоида намеоварад? Оё ҳар рубли коркардаи ӯ омехтаи арақи ҷабинаш ва ашки талхи фарзандонаш нест?... Магар вай ин пулро бидуни ҷабру ҷафо, таҳқиру тавҳин ва хорию зиллат пайдо мекунад??? Суолҳо дар ин замина беохир аст, вале дар ҳамин ҷо қатъ мекунам; ин қадар, ки гуфтем ба гӯшҳо бирасад, худ давлати бузург аст...".

ОРЕ РОСТ ГУФТЕД ЧАНОБ АБДУКОДИР.ягон маколае дар бораи мухочирони точик е проблемаи ТОЧИКИСТОН менавистед ман ба саволат чавоб медихам чунки нисфи точикон шарванди россия шуданд ва шуда истоданд нисфи дигараш хаети худро дар россия гузаронда истодаанд халки мо имруз аз замини РУСхо ризку рузии худро ефта истоданд ва ободии ватан хам аз РОССИЯ мебошад .ое шумо савол наметихед ки бо ин кадар куштану азоб мо бо ба россия меравем чунки азоби россияро бехтар аз азоби ватан мешуморем ин айби хукумату айби мансабдорон ва муносибати хукумати россия хам вобаста аз хукуматамон чунк шумоен хукуматдорон рузи дароз аз теливизор туйу маракка доред ягон проблема надоред .мо халке астем ки бояд хамеша каси сеюм айбдор бошад ана имруз ин лента айбдор аст пагох бо чиро айбдор мекунем пас нагзтар мебуд дар бораи мансабдорон е ДУШАНБЕ шахрамон ки аз фоишазанон пур шуда аз колифорния хам гузарондааст .не наменависед чунк метарсед

Ахсан ба Шумо Акаи Кодир! Хуб мешуд, ки ба чои дар гардани школьнико ва донишчуёни насли чавон бастани Лентаи Гергий рузхои 8-9 маи як даста гулхои тару тозаи бахори Точикистонро ба зери пайкараи курбониёни ЧБВ гузоранд. Ин Лентаи Георгий икдоми хуб нест. Касе инро таблиг мекунад, мехохад магзи сари чавонони моро шуяд. Дар ин рузхо школнико ва студентои точик бояд дарсхои математика, физика ва химияро бо Астрономия ва Биология сахтар омухта аз раванди Эволютсия акиб намонанд.

Saif
Офарин бародарам!!! бехтарин гуфти!!!!!! ман боз як чашни аблахонаи дигаре бо номи "валентин"-ро низ илова мекардам............

Буродар муаллиф. Медонед, ман Русияро барои чи бояд дуст дорам ва медорам, сабаб дар ин аст:
- хукумати мо наметавонад ба мо шароити кори ва зиндаги ташкил кунад, лекин русхо (бад аст ё нек аст), ин корро карданд. Агар имруз Россия набошад, мо кучо меравем??? Агар Россия хамаи Точиконро ба ватан чавоб дихад, аз парчами осмонбуси мо хеч чиз намемонад..
Россия моро бад мебинад - дуруст, чунки аксарияти мо (мутаассифона) мардуми бефархангу бемаданиятем - мисоли одди тудаи мусор дар назди хонахои истикомати дар пойтахти давлати точикон - касеро парвое хаст? Зиндаги дорем гайриинсона...
Ва боз мехохем моро дигарон дуст доранд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)