Video: Русия нагузошт, роҳбари тоторҳо вориди Қрим шавад
Мустафо Ҷамилов, раҳбари тоторҳои Қрим, маҳрум шуданаш аз ҳаққи вуруд ба ин минтақаро, ки бо дастури мақомоти Русия амалӣ гаштааст, дур аз мантиқ хонда ва онро ғайриқонунӣ донист.
Ӯ дар ишора ба мақомоти Кремл гуфт, “инҳо худ қарор кардаанд, бархе аз намояндагони ақаллиятҳоро ба Қрим роҳ диҳанду бархеи дигарро не. Ин, албатта, куллан ғайриқонунӣ мебошад.”
Мустафо, ки дар пайи роҳ наёфтанаш ба қаламрави Қрим бо хабарнигорон суҳбат мекард, илова намуд, “ин сарбозон дар асоси як дастури шифоҳӣ садди роҳи ман мешаванд, онҳо дар даст ягон санад бо имзову муҳри кадом ниҳодеро надоранд.” Ба гуфтаи раҳбари тоторҳои Қрим, гӯиё ӯ аз аввал медонистааст, ки ба қаламрави кишвараш роҳ намеёбад, вале бо ин ҳол ба хотири ҷалби ҷомеаи байналмилалӣ ва ошкорсозии иқдоми ғайриқонунии мақомоти рус ба инҷо омадааст.
Мустафо Ҷамилов, ки яке аз мухолифони сарсахти ҳамроҳшавии Қрим ба қаламрави Русия мебошаду ҳамзамон вакили парлумони Украина ҳаст, рӯзи 3 майи соли ҷорӣ хост, вориди Қрим шавад. Вале сарбозони марбут ба қушунҳои низомии феълии Қрим дар сарҳади шаҳри Армянск бо далели ин ки ӯ ҳаққи вуруд ба ин минтақаро надорад, нагузоштанд, дохил шавад. Дар ин минтақа Мустафо Ҷамиловро садҳо ҷонибдору мухлисонаш пешвоз гирифтаанд, ки худи раҳбари тоторҳои Қрим ба онҳо ваъда дод, базудӣ дубора ба зодгоҳаш бархоҳад гашт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |