Боздошти 4 корманди собиқи мақомоти қудратии Тоҷикистон
Маъмурони пулиси Русия чаҳор корманди собиқи мақомоти қудратии Тоҷикистонро ба гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт кардаанд, ки ду нафари онҳо шаҳрвандии ин кишварро доштаанд. Расонаҳои русӣ менависанд, ин афрод дар ҷанги Шӯравӣ алайҳи Афғонистон низ иштирок карда, аз онҳо ба миқдори 20 кило мухаддирот дарёфту мусодира шудааст.
Мақомоти Русия мегӯянд, раҳбари ин гуруҳ ҳангоми ғасби қасри Ҳафизуллоҳ Амин дар Афғонистон дар ҳайати “Алфа” иштирок доштааст.
Аз ин пештар пулиси Маскав шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистонро боздошт намуда буд, ки худро корманди мақомоти қудратии Тоҷикистон муаррифӣ карда ва шаҳодатномаи дахлдорро низ пешниҳод намудааст. Тавре сомонаи расмии раёсати умури дохилии Маскав гуфта буд, шаҳрванди Тоҷикистон, Наҷибулло Тиллоев, бо беш аз як кило ҳероин боздошт гардидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |