Бахшҳо
08 май 2014 17:18Тоҷикистон / Сиёсат

Раҳмон дар бораи ҳодисаҳои Украина ва ёдоварӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, гуфт, ҳаводиси Украина ба амнияти минтақа ва ҷаҳон таъсири баде хоҳад гузошт. Оқои Раҳмон ин ҳарфҳоро рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Маскав баён дошт.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “мо аз рухдоди ҳаводиси ахир дар ин кишвари пасошӯравӣ амиқан нигарон ҳастем. Ин раванд барои Тоҷикистон ошност, ки дар оғози ба даст овардани истиқлолият ба даргирии мусаллаҳона оварда, кишварро бо мушкилоти сахти иқтисодию иҷтимоӣ рӯбарӯ карда буд.”

Дар ҳоле ки Эмомалӣ Раҳмон аз ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузаштаи Тоҷикистон ёдоварӣ мекард, афзуд, “ин даргириҳо ҷони беш аз 157 ҳазор сокини кишварро рабуда, ба иқтисоди мо 10 миллиард доллари амрикоӣ зиён расонда буд.”

Ин барои бори нахуст аст, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба ҳаводиси Украина ибрози назар мекунад. Аз ин пеш, танҳо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба Маскав дар ин бора изҳори назар карда, аз мавқеи Русия пуштибонӣ карда буд.
Мӯҳр
123
Aslov az jonibi maskav tarafdori kard, o emomali naboyad in korro kunad.

Офарин, Чаноби Оли ! Аз фурсат истифода бурда ба хамаи хаму Президентои даъватшудаи хамсоё низ фахмон, ки сулху тинчу амони ва хамсоядори чи хел боша. Хуб мешуд, ки Шумо ташаббус нишон медод, миёнрави мекардеду хаму ду Славиянин ором шаванд. Набошад ин рафторое, ки Правий Сектори Бендоро катии Скинхедои Рус кардесанд. чи хеле ки гуфтед ба мо хам таъсири манфи мерасонад.

Точик
Охи Путин мачбурш кард ки ягон чиз бген ки вазъият безабай!

Абдулло
Дар ҳақиқат дар сухан гуфтан шарт нест, ки инсон саросема бошад. Вақте Пешвои як миллатт аст бояд аввал ҳаматафа андеша кунад, ки барои миллат худ осебе нарасонад. Вале гумон мекунам на ҳама кас инро аз самими қалб дарк мекунанд. Таҷрибае, ки мардуми тоҷик гузаронид талх аст, ва ҷ. Раиси Ҷумҳур ҳам аз таҷриба сухан мегуяд. Масъулияти ин кор ба души дигарон ки нест мехоҳанд дарҳол одам сухан гуяд ва дигар парво надорад, ки чӣ паёмад хоҳад дошт. Вале гуфтаҳо бисёр хуб, мантиқӣ мебошанд. вақте ин ҷанг дар он кишвар рух медаҳад алаббат ба мо низ таъсири худро хоҳад гузошт, чун бани одам аъзои якдигаранд.
ХУдованд миллати тоҷикро дар амонаш нигаҳдор бошад. Ва Раиси давлатро ҳам ба беҳтарин роҳҳо илҳом намояд. Агар тавонем як нафарро сабаб шаввем, ки наҷот ёбад, ин ҳам комёбист. Раҳмхурӣ ва ҳикмати бигузорр дигар сифати мо тоҷикон бошад. Касе ба нооромиҳо ташвақ мекунад, ва ба он хуш аст Парвардигоро ба роҳи дуруст раҳнамоияш кун.
Ба умеди саодати миллати тоҷик ва дигар миллатҳо.

Эксперт
Хатто кудак хам медонад ки ходисахои Украина таъсири бад дорад ва ин гапи нав нест кампирои кади кучаи мо хам инро медонанд, аммо як чизро фаромуш накунед ки дар собик шурави украинихо танхо миллате мебошанд ки точиконро тахкир намекунанд, ба чуз онхо касе точикро одам хисоб намекунад хатто хамсояи узбеку киргизи мо

едовариро монен аку, как кам корам каааан даркорай, ба хотори халки мехнаткаши Точикистон.

шахобхарков
Эксперт дуруст мегуяд, жалки Украина дусти бегарази точикон хастанд ва хатто барои Рогун турбинахоро дар Харков омода карда истодаанд ва оиди вазъи сиёсии Украина махсусан рохбари давлат бояд эхтиёткор бошад ва чунин фирефтанихои эхсосоти ба найрангхои Путин ако ба амнияти шахрвандони точики мукими Украина хатарнок аст.

Абдулло,
suxanhoi hak guftandu gufted barodar.kase jangi mo tojikonro ogoz kardu boz mexohad xudovand kuru karashon kunad.omin.

Аз путин яагон фоида нест агар у золим одам мешуд яагон точика дар муш хор намехалтид хусусан худвш фармон мета ки точика кушан

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)