Бахшҳо

Рустами Маҷид: “Тарафдори онам, ки дарси муҳоҷират бошад!"

Рустами МАҶИД

Ҳафтаи гузашта мудири як мактаби миёна аз ноҳияи Файзобод пешниҳод кард, ки дар муассисаҳои таълимӣ дарси муҳоҷират ҷорӣ шавад. Ба гуфтаи ӯ, бояд китоби махсус таҳия ва миёни толибони илм паҳн шавад ва соат барои фанни алоҳида ҷудо гардад, то хонандагон донанд, ки як муҳоҷири намунавӣ чигуна аст.

Пешниҳоди аҷиб. Навгонии ҳақиқӣ. Боз мегӯянд, дар мо, дар маорифи мо, навовариҳо нест. Ана, мешудаст-ку! Аввал ҳамин идея ва пешниҳод пайдо мешавад, онро дастгирӣ кардан лозим, то кори муфид анҷом шавад. Мардум назари гуногун доранд. Аксарият гуфтанд, ҳаминаш намерасид, ки ба ҷои ҳалли мушкилот, муҳоҷир тайёр кунем. Аммо як назар кунед: мушкили мо имрӯз чист? Статус-кво ҳамин аст: ҷои кори асосии тоҷикон Русия мебошад. Инро қабул кунему беҳбуд бахшем.

Чанд сол пеш тадқиқоте нишон дод, ки беш аз нисфи хонандагони мактабҳои миёна ояндаи худро дар Русия мебинанд. Аз ин миён, як ё якуним фоиз бо мақсадҳое монанди хондан рафтан буд. Ростӣ, ман онҳоро намефаҳмам: ба Русия хондан чаро?! О барои хондан пул намедиҳанд-ку! Қатори он 98 фоизи дигар, ҳунар омӯзеду бо шкатур ва лойзанӣ пул кор кунед, намешавад?

Чигуна? Ана, мефаҳмед. Барои ман дар парлумон овоз диҳед, ваъда медиҳам, ки чигуна муҳоҷири намунавӣ шуданро бароятон меомӯзонем! Қабл аз ҳама, муҳоҷирони таҷрибадору рӯзгордидаро ҷамъ овардан лозим, то ба наврасон фаҳмонанд, ки дар Русия дар куҷо ва чӣ корро пайдо кардан мумкин аст. Аз донишу таҷрибаи онҳо ва маълумоти оморӣ истифода карда, дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнату муҳоҷират ва Академияи илмҳо, иқтисоддонону стратегҳо дурнамои рушди муҳоҷиратро бо дарназардошти талаботи бозори меҳнату сохтмони Русия омода кунанд.

Дарсҳо бояд ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти муҳоҷирро дар бар гиранд. Бо мақсади ҷалби тамоми диққат ва ҳунари муаллимон ва сабуктар шудани бори омӯзиш, дарси меҳнат, забони русӣ, ҳуқуқ ва баъзеи дигар бояд аз миён бардошта шавад, чунки ҳамаи ин дар доираи фанни муҳоҷират омӯхта хоҳад шуд. Аз як тараф, сарфаи пул барои низоми маориф ҳам мешавад.

Барои беҳтар омода шудани кӯдакон ба муҳоҷират, сари як миз 5-6 нафарӣ ва дар як синф на камтар аз 58 кас ва бидуни чароғ бояд дарс хонанд. Барои ин беҳтарин ҷо тахҳона хоҳад буд. Ба тобоварии бадан низ бояд аҳамият дода шавад. Кӯдак бояд бо афсонаҳое монанди донишгоҳу кори табибию зиндагии осуда дар назди зану фарзанд ва дигар хурофот калон нашуда, ҳақиқати ҳаётро донад, то оянда дар намонад. Аз он ҷумла, якрӯздармиён гуруҳи махсус аз синфҳои калонтар онҳоро зери лату кӯб гирифта, ҷавонтаронро ба бардоштани бори таҳқир одат кунонанд. Ҳамчунин, бояд дар ҳамаи мактабҳо хобгоҳҳо кушода шавад, то хонандагон ба моҳҳо дур будан аз аҳли оила одат карда бошанд.

Ба чанд ҷузъиёти муҳим аҳамият дода шавад: хонандагон бояд қоидаҳои рафторро донанд. Фаҳмонда шавад, ки “что естественно, то не безобразно”, бинобарин дар ҳавопаймо бӯи пои чанд соат дохили кроссовки ҳеҷ ҷои бадӣ надорад. Ба касе намефорад, аз тайёра худро партояд!

Ҳавопаймо аслан хоҳиши дар замин як дақиқа истоданро надораду ҳамин ки сӯзишворӣ гирифт, дарҳол аз фурудгоҳ мегурезад. Бинобарин, ҳамаи мусофирон якбора ҳуҷум кунанд, то саривақт аз ҳавопаймо берун омадан ё ба он нишастан “успет” кунанд. Аслан, навбату “очират” (очередь) барои нозукон асту айби мо нест, ки мо табиатан қувваи дағал дорем.

Дар ҳавопаймою мошин баланд гап задан лозим, чунки онҷо ҳатман одам кар мешавад. Курсиро то охир қафо бурда баҳузур истироҳат кунед; агар нафари дар пушт нишаста нахоҳад ки вазни Шумо рӯи зонуяш бошад, бигзор пояшро калта кунад. Ин мушкили худаш.

Барои сарсабз кардани Замин, нос чизи хеле муфид аст. Онро дар роҳ туф карда, мо ғамхории худро барои сайёраамон нишон медиҳем. Дар омади гап, чаро Гринпис ин амалро дар ташаббусҳои худ ба назар нагирифтааст?!

Як чизро бояд донем, ки дар Русия касе моро намешиносад. Барои ҳамин, сару бадан ва либосро шустан ҳатмӣ нест. Бе ин ҳам моро “чурка” мегӯянд, пас бигзор “чурка” бошем. Либоси варзишӣ бошад, нишони олии тамаддун аст. Ин ғарбиҳо инро намефаҳманду ҳанӯз ба сатҳи фарҳангу тамаддуни ориёӣ нарасидаанд. Аз ин рӯ беибо дар ҳар куҷо, ки хоҳед ба бар кунед.

Нуктаи муҳими дигар ин аст, ки муҳоҷир бояд ғами хонаю оилаашро нахӯрад: ба хона пул равон кунад, бас! Дар урфият мегӯянд, ҳамсояи хуб беҳ аз хеши дур. Мо беҳтарину бузуртарин ҳамсояҳоро дорем: чиниҳо то баргаштани муҳоҷирон аҳли оилаашонро нигоҳубин мекунанд.

Хонаю Ватанамон низ холӣ нахоҳад монд. Ҳамон хитоиҳо, ба унвони мисол, метавонанд ҳам бароямон хона созанд, ҳам роҳ, ҳам маркази гармидиҳӣ. Вазифаи ҷонии мо обод кардани Русия мебошад.

Муҳимтарин нукта ҳамин аст, ки идеологияи куҳнаю ба ҷомеаи мардумсолорӣ ва дунявӣ номувофиқ, ба монанди мактаби олӣ, рушди иқтисоди кишвар, барқу газ ва нафти ватанӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёсӣ ва ғайраро фаромӯш кунем ва танҳо дар андешаи муҳоҷират бошем.
Мӯҳр
vazorati maorifamonki haminkadar akl doshtaboshand digar az ustodoni maktab 4i umed kunem az nasli navras oyandai vatan iktisodu peshraft magar haminxel nasli navrasro tarbiya mekunan? evoooyy az in besavodii maorifamon az in siyosati gulomonai hukumatamon bezorshudem 4aro nameguyandki baroi kam kardani muhojirat 4oraho boyad andeshid? balki meguyand mardumro boyad omoda kard? 4unki medonand az dastashon he44iz nameoyad nametavonand rohi muhojirata basta marduma ba behbudi burda nametavonand iktisodro peshburda nametavonand ba hamin xotir mexoxand marduma muhijir kunandu xudashon vazifaro az dast nadihand. nee marduma ba muhojirat ravon kardan darkor ne balki shumo vazifadorora az hamon bolo to poyon ivaz kardan darkor toki mardoni kordonu vatandust vatana obod kunand. ozodagon agra tuham az hamin hukumat naboshi 4opkun

Рустам
Сад китоб нависию сад хайкали дигар монй барои мухочирон кам аст.. Онхо хам Русияро обод доранду хам Точикистонро. Зинда бошед!

Фард
Муаллиф бо таън навиштааст. Албатта ин мушкилотест, ки домангири мо шудаанд, лекин чаро муаллиф аз фарохамкунандагони ин хама мушкилот ёдовар нашудааст. Мо хама медонем, ки проблемахо зикршуда бо чурми "сиёсати хирадмандона" ба сари мардуми точик омад!

99
Мо мусофир, мо муҳоҷир, мо ғарибу бенаво!
Дар Ватан бегонаву дар шаҳри мардум чун гадо!
Дар Ватан будан барои мо шуда дарду бало
Аз Ватан берун будан бадтар зи дарди бедаво!

Тоҷикон бечораю сарсону саргардон шуданд,
Тоҷикон овораю бедавлату султон шуданд,
Тоҷикон аз золимони дохиливу хориҷӣ
Гашта монанди ғулому мисли муздурон шуданд

Орзӯи кӯдаконат ғурбату оворагист
Орзӯи модаронат тоб аз бечорагист
Деҳаҳою хонаҳоят холӣ аз мардон шуданд
Миллати бечораам дар арсаи садпорагист.

Аҷнабӣ тоҷиккушую таҳқиру миннат кунад
Тоҷик аз бечорагию ноилоҷӣ хап кунад,
Чунки тоҷикро набошад пуштибону давлате,
То тавонад шаҳрвандашро муҳофизат кунад!

Ё Илоҳо! Миллати моро паноҳи худ бидор!
Ё Илоҳо! Обрӯи тоҷиконро ҳифз дор!
Ё Илоҳо! Давлати моро ба роҳи рост бар!
Мардуми садпораи моро ба гирдиҳам биёр!

Пешниҳоди аблахона! Камтар шарм доред! Ин чигуна пешниход аст?! Шумо аз кудаки наврасонро гулом тайёр мекунед? Ва мехохед, бо ин рох чомеаро пеш баред?! Хок бар саратон!!!

Бб
Аз ин пешниходат шарм намекуни ? Ба акидаи ту ин миллати точик то абад гуломи русхо мемонад ?

ба пешниходи муаллиф якду илова мекунам. чуноне, ки маьлум аст баьз мухочирон даьвои дар интихоботхо ширкат кардан доранд хатто баьзеаш мехохад овози онхо ба хисоб гирифта шавад, аз хамин ру дар зехни мухочирхои оянда хамин хел фахмише чой карда шавад, ки онхо аз хозир дарк кунанд ки интихобот барои онхо як чизи бегона буда умуман дар фикри ин набошанд. хамчунин барои падару модарони мухочирхои оянда курсхои кусохмуддати махсус ташкил карда шуда онхо дар он чо асосхои пуртокати омузонда шавад вагарна худо накарда писарашон дар руссия издивоч карда наояд е аз тарафи неофашистхои рус нобут шавад, волидайнаш хаминхел аз чихати равони омода бошанд, ки инро хамчун як падидаи маьмули кабул кунанд.
пешниходи дигар ин,ки мактабхои фарзандони мансабдорхочудо карда шуда онхо дар мактабхо усулхо давлатдори ва рохбариро аз сини хурди омузанд.

идеяи инновационни як муалим, изо букаш айбай. хами фаннои дарсие ки хастанд хамунора бехтару хубтар дарс бутен, барои дигар дарс маориф заруррат надора муалим нест ки дарс бута ягон мухочир дарси мухочирата ба гардан намегирад, бад он мушкилие мухочир дошт накл кунад агар, талаба рафта худаша ба дор меовезад барои намеход ки ояндаш чунин бошад (давраи гуломдори барин)

.
Точикро сад наомузони, хамон точик мемонад.

Парвиз
ягона мкколае ки ман дар ин торнамо хонда халоват бурдам.ана хамин хел хакбину хакгу будан лозим.халли проблема аз он сар мешавад ки мо будани худи проблемаро ба гардан гирем,яъне ки рози шавем,ки проблема вучуд дорад.на ин ,ки гапхои по дар хаво нависем. Рустам,офарин.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)