Бахшҳо

“Оё Шумо метавонед, ба чунин мақомот эътимод дошта бошед?”

Ҳумайрои БАХТИЁР

Назарсанҷиҳои ғайрирасмӣ маълум кардаанд, ки мардуми Тоҷикистон ба мақомоти қудратӣ эътимод надоранд, ё танҳо гуруҳи маҳдуде бовар доранд. Чаро? Иллат дар чист?

Пӯшида нест, ки нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон яке аз доғтарин масоили кишвар мебошад. Шаҳрвандон аз нақзи ҳуқуқ - маъюб шудани фарзандон ва фавти наздиконашон шикоят мекунанд.

Мақомот низ хомӯш нест! Ҳарфи худро мегӯяд. Эҳтимол ҳамин “хомӯш” набуданҳо эътимоди мардумро нисбат ба мақомот аз байн бурдааст.

Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вақте мушкиле барои мардум пеш меояд, ҳуқуқи инсон поймол мешавад, шаҳрвандон ба мақомоти қудратӣ муроҷиат мекунанд. Дар кишвари мо чӣ? Тавре ба назар мерасад, мардуми тоҷик фарзияҳои мақомотро қабул надоранду онро аз асли воқеа дур мешуморанд.

Дар воқеъ, шояд мушкилоти мардуми тоҷик дигаранд. Вақте як нафар дар қисми ҳарбӣ маъюб мешавад, дигаре ҳангоми адои хидмат ба Ватан ҷон медиҳад, саввумиро пою камар мешиканад. Аммо мақомоти Тоҷикистон чӣ гуфтанд?

Аз 8 март ба ин тараф исми Шаҳбол Мирзоев расонаӣ шуд. Ин сарбозе мебошад, ки дар яке аз қисмҳои ҳарбии кишвар мавриди латту кӯб қарор гирифта, маъюб гардид. Шаҳбол мегӯяд, аз дарди дандон ранҷ мекашид ва барои дармон ба нуқтаи тиббии қисми ҳарбӣ рафт. Аммо дар он ҷо ӯро фелдшер латту кӯб мекунад, ки дар натиҷа гарданаш мешиканад.

Аммо додситони қисми низомӣ дар гузориши худ гуфтааст, гардани Шаҳбол бар асари гуштигирӣ шикастааст...

Дар моҳи апрел хабари марги Акмал Давлатови 19-сола сарбози дигари тоҷик расонаӣ шуд. Аъзам Давлатов, падари Акмал дар як сӯҳбати худ гуфт, аз хулосаи тиббӣ дар мавриди марги писараш бовар надорад. Дар он хулосаи табибон гуфта шудааст, Акмал Давлатов дар пайи дар мондани нони хушк дар гулӯяш фавтидааст...

Баъд аз ин якбора хабари кушта шудани сарбози дигар аз қисми ҳарбии “6593” Хуршед Кенҷаев ба сархати расонаҳо баромад. Аммо намояндагони Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфтанд, Хуршед Кенҷаев аз тири ҳамхидмати худ кушта шудааст...

Ду ҳафтаи пеш туъмаи хирс шудани се сокини ноҳияи шаҳри Ваҳдат дар Файзобод мақомотро “водор” кард, то боз ҳам як фарзияи ростмонанд бароранд. Дар ҳоле ки аксарият мегуфтанд, ин се нафар туъмаи хирс шудаанд, мақомот гуфт, онҳо аз кӯҳ сарозер шуда фавтидаанд.

Алӣ Орзуев аз бедарак шудани писараш Саймурод Орзуев, баъди пурсуҷӯ дар мақомоти пулис, шикоят мекунад. Пас аз чанде ҷасади Саймурод Орзуевро мақомот пайдо карда, мегӯянд, онҳо Саймуродро баъд аз пурсуҷӯ бо мошин ба манзилаш гусел кардаанд. Вале ӯ аз болои пул ё купрӯк афтода, ҷон бохтааст.

Ин ва ба ин монанд фарзияҳо кам нестанд, ки гумону шубҳаҳоро зиёд мекунанд. Шояд ин фарзияҳо барои гуруҳи манфиатдор мантиқӣ намоянд. Аммо нафароне пайдо мешаванд, ки ин ҳарфҳоро музахрафе беш намедонанд.

Инҷо пурсишҳое ба зеҳнам мерасанд:

Вақте шумо фарзанди худро ба қисми ҳарбӣ мефиристеду аз онҷо ё ҷасад ва ё ҷисми маъюби онро мегиред.

Вақте ҷасади шаҳрванде аз зиндон бо осори зиёди шиканҷа ба хонавода мерасад, аммо мақомот мегӯянд, ки ӯ худкушӣ кардааст.

Вақте дар кишвари низомаш демократӣ шаҳрвандон гум мешаванду мақомот дар пайдо намудани онҳо оҷизанд.

Вақте мақомот аз ободкории шахсе таъриф мекунаду охируламр ӯро ба муддати тӯлонӣ ба зиндон мефиристанд.

Вақте як гурӯҳ омили сулҳ буду баъдан мақомот онҳоро сарчашмаи хатар барои ахлоқу амнияти кишвар муаррифӣ мекунад.

Оё шумо метавонед ба чунин мақомот эътимод дошта бошед?
Мӯҳр
SOLIM
Hargiz va hejgoh ba chunin maqomot bovar karda nameshavad, hama medonand,ki natija nadorand. Bisyor hub sharh dodaed ammo in hama az bahr Qatrae meboshad. Hudovand hammai moro hidoyat kunad.

cолдати гурусна
холи мо аз Шаҳболда бадтар аст. Гушт, шакар, тухм ва дигар ғизоҳои аввалиндараҷаро фаромуш кардаем.

ТОҶИК
Офарин Ҳумайрои азиз таҳлили хуб...

Шахрванд
Барои инхо эътимоди мардум маъное надорад.

ганчина
не ба макомот бовари надорам

Офарин ки ин маколаро навиштед! Барои чи бовари надорем? Точикистон факат дар когаз демократи ва хукукбунед мебошад ва барои одамони сарватманд ки бо хар найрангу чалоби одамони бегунохро айбдор месозанду зиндаги мекунанд!

Чуманчи
Не бовар надорем!!! Апаи Хумайро он бачаи дар ШКД - нохияи Вахш кушташударо фаромуш кардед!

харгиз ба макомот бовар надорам.хаммаашон дуруг.

Хумайро!!! Хохари азиз!!! Бисёр сахт нагир!!! Магар Шумо фикр мекунед, ки оиди хар яке аз ин казияхо тафтишоти хизмати ва парвандаи чинои боз намегардад? Магар хамин макомоти кудрати мехоханд, ки сарбое мачрух ва Худо нахоста кушта шавад? Магар дар даврони Шурави чунин холатхо рух намедоданд? Дар макомоти кудрати магар аз дигар кишвару миллат нафарон хизмат мекунанд? Фикр мекуни, ки онхо хеле хушбахтанд ва ё зиндагии ШОХОНА доранд? Хеле зиёдарави мекуни хохари азиз!!! Шароити кунунии кишвар хамин аст... агар хозир Шумо ва ё афроди мавриди таваччухи Шуморо дар вазифахо монанд магар ин проблемахо зуд хал мешаванд? Хохари азиз бехтараш баъди тахкики хар як ходиса хулосабардори кунед... агар МАКСАДи шумо ИСЛОХКОРИ бошад на ЧАЛБИ ТАВАЧЧУХ!!!

behtarin tahlil apajoni humayro man shumoro bisyor hurmat mekunam 4unki hamavakt masalahoi jolibro dumbol mekuned va hakikatro hamavakt megued
behtarin tahlil bovarkuned mardum ba dod omadaast na donishju hol doradu na digarash baxudo soliguzashta donishjubudam haminkadar azob kashidamki ba yak zuri yakumkursira tamomkardamu rohi muhojiriro pesh giriftam ba pensiyai padaru modar magar xondameshavad? xuroki bolazatro dar yakmoh yakborham karib namexurdem doim xurokamon makaronu kartoshkapiyovabud pul namiyoftemki xuroki xub xurem gushtro karib dar hamin donishjui mazzaashro faromusht kardabudam tuxmham ham4unin boloi in haminkadar ustodoi berahm doshtemki puli bisyor talab mekardand dar vakti imtihonho baxudo kasam baroi darsi informatika onkadar kushish kardam onkadar xondamki hamai mavzuhoro azyod kardam bovujudi in vakte ustod suol kard javob dodam boz yak 4izhoe suol kardki az dars nabud naxondabudem kore karda az man pul girift digar xondanham ba dilam zad natavonistam xonda karib hammai ustodoi donishgoh pul megiriftand bazeashon boinsofand javob dihi memonand bahoyatro ammo inxel ustodho bisyor kamast az bayni 20 ustod mumkin 2toyash haminxel boshad digar natavonistam tokat nakardamki az puli pensiyai padaru modaram xonam oxir harduyash 4oo somon pensiya megirand dar xona xudashon namexurand baroi man xonam gufta ba mara ravon mekardand ammo digar tokat nakardam dilam ba padaru modaram nashudki az rui man inkadar azob kashand beinham xonamham baroi mo kambagalon joi kor nest imruz dar rusia omadam kor kardaistoaam ammo to kay mardikori rus meshavam magar rohi xalosi hast? magar baroi hamin tavalud shudaamki to murdanam gulomi rusbosham? tobakay ba inhol ruz meguzaronem? dar vatan meravi ablava dar injo az korubori ziyod bezor meshavi magar tojik baroi gulomi zodashudaast? magar man shukroi tinjiyu oromi kunam? tinjiyu oromi baroi hukumatdoronu farzandhoyashon ast baroi mo mardumi kambagal yagon tinjiyu oromi namondaast modaram rohi maro nigoh mekunad tokay kay in muhojirat xotima meyobad oyo hukumatdoroi mo yagon korohoe kardaistodaandki muhojirat xotima yobad? baraks kudakora tayor karda istoaand baroi muhojirat deputathoyamon meguyand in yak ravandi oddi ast va mo boyad marduma omoda sozem baroi muhojirat hatto dar fikri bartaraf kardani in mushkili nestand 4unki joi xudashon garmast parvoi mo nadorand magar bozham metavonam az in hukumat rozi boshamu shukronai tenjiyu oromi kunam kujoi in oromi ast? ozodagon 4opkun

ман шахсан ба макомотхо бовари надорам, чунки об аз боло лой мебошад(((( Ба чашми мардум хок мепошанд лекин дар асл кори худашонро мекунанд, Сад афсус Ки ба доди халки бечора ягон кас намерасад)))) Додамона ба ки гуем????? Додрас надорем((((. Макомотхои суди прокуратураро бояд бояд бояд дигар кард.

Сафар
Бародарони азиз иллат чист,ки миллати мо имруз беобурутарин миллат гаштааст?SOLIM,
SOLIM,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)