Бахшҳо

Президент хост, Ализода дар курсияш бимонад

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба парлумони кишвар пешниҳод кардааст, ки барои ба муҳлати навбатӣ ба вазифаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон таъйин намудани Ализода Зариф ризоият диҳад.

Тибқи иттилои дафтари Маҷлиси намояндагон-палатаи поёнии парлумони кишвар ин масъала имрӯз, 12-уми май дар ҷаласаи Шӯрои парлумон матраҳ гардида, дар назар аст, аз рӯи он дар ҷаласаи навбатӣ овоздиҳии вакилон сурат гирад.

Зариф Ализода соли 1962 дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (Колхозобод) таваллуд шуда, ҳуқуқшинос, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон мебошад.
Солҳои 1984-1986 ассистенти кафедраи Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДМТ;
1986-1990 коромӯз, аспиранти Пажӯҳишгоҳи давлат ва ҳуқуқи АИ ИҶШС;
1990-1993 мушовир – сармутахассиси Кумита оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсони Шӯрои Олии Тоҷикистон;
1993-1995 раиси Кумитаи назорати конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
1995-2000 муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
1997-2000 узви Комиссияи оштии миллӣ;
2000-2001 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - раиси Кумитаи қонунияти конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2001-2003 сардори Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2003-2006 Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2006-2009 Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зариф Ализода аз соли 2009 инҷониб ваколатдор оид ба ҳуқуки инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ваколатдор бо розигии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол аз тарафи президент таъин карда мешавад.
Мӯҳр
Абдуллозода
Ализода дар курсияш монад чи, намонад чи, аз ду сар барои халк ягон манфиат нест, монад беҳтар маош мегирад, зиндагиашро бигзор бинад.

Азиз
Ваколатдори бе ваколат аст.

Яъкуб.
Ачиб! Ягон пешниходи Раиси Чумхур аз чониби парлумон рад нашудааст.З.Ализода будану набудан дар ин маком ба ягон кас нафъ нарасидаасту намерасад.Боз як дуруггу.Баъди вохури бо З.Саид гуфта буд Зайд мехохад дар матбуот уро инъикос накунанд.Баъди ин адвокатхои Зайд гуфтанд ин суханро Зайд нагуфта балки бофта хаст.....

шахри аз рости
И чи бало Руми-Колхозобод-Чапаев шид дар дигар манотики кишвар мегуй кадро шаху мум шида бошад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)