Бахшҳо
13 май 2014 14:28Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Оҷонсӣ, Рустами Эмомалӣ, қиссаи ду Боинг ва “Нахуст Лизинг”

Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ширкати “Нахуст Лизинг”-ро, ки ба “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои “Боинг” иҷора додааст, барои сарпечӣ аз пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мекунад.

Бар асоси иттилои масъулони ин ниҳод, камбуди “Нахуст Лизинг” дар пайи тафтиши муштарак бо Хадамоти гумруки Тоҷикистон, ки раҳбарияшро Рустами Эмомалӣ -- писари бузурги раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад, муайян шудааст. Гуфта мешавад, соли 2008 “Нахуст Лизинг” ба “Тоҷик Эйр” ҳавопаймои “Боинг 757-200 ЕR”-ро ба иҷора додааст, ки он бо низоми гумрукии “воридоти муваққатӣ” бо арзиши 20 миллиону 895 ҳазор доллар ба расмият дароварда шудааст.

Манбаъ мегӯяд, соли 2012, вақте муҳлати воридоти муваққатӣ ба охир мерасад, зимни дигарбора ба расмиятдарории гумрукӣ роҳбарияти “Нахуст Лизинг” бо маслиҳати пешакӣ бо шахсони масъул бо истифода аз компютер ба варақаҳои аввали шартномаи иҷораи ҳавопаймо тағйирот ворид намуда, теъдоди ҷойи нишастро аз 218 то ба 200 адад кам кардаанд.

Дар маҷмуъ, ба итттилои Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар пайи тақаллубкориҳо зимни иҷораи ҳавопаймо пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи беш аз 20 миллион сомонӣ рӯйпӯш шудаанд ва баҳра аз пардохтҳои гумрукии ситониданашуда бошад, беш аз 12 миллион сомониро ташкил додааст.

Оҷонсии зидди фасоди молӣ мегӯяд, дар пайи дақиқ шудани ин тақаллубкорӣ дар асоси қарори Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ аз 21 апрели соли ҷорӣ 2 ҳавопаймои “Боинг 737-400”-и “Нахуст Лизинг” ҳабс шуда, дар натиҷа аз ҷониби ин ширкат ба маблағи 20 миллиону 812 ҳазор сомонӣ зарар ба буҷаи давлат барқарор гардидааст.

Ширкати “Нахуст Лизинг” соли 2004 аз тарафи “Тоҷиксодиротбонк”, ки раҳбарияшро Тоҷиддин Пирзода бар уҳда дорад, ташкил шудааст. Фирдавс Бердиев, мудири пешини ширкат, соли 2012 дар як суҳбати худ гуфтааст, раҳбарияти “Нахуст Лизинг” аз сӯи Шӯрои муассисони “Тоҷиксодиротбонк” ба муҳлати се сол таъин мешаванд.

Аз моҳи нобяри соли 2004, замони таъсисаш, то июли 2007 ин ширкатро Равшан Сотиволдиев раҳбарӣ карда, баъдан ин масъулиятро ба Фирдавс Бердиев додаанд ва ҳоло Абдулазиз Мирзоев дар ин мақом будааст.
Мӯҳр
Garib
Иё кай сер мешида бошан?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)