Бахшҳо
16 май 2014 15:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Даъват ва бозпурсии Сайидумар Ҳусайнӣ дар Додситонии кул

Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили парлумони Тоҷикистон, ки ахиран дар вилояти Бадахшон мавриди ҳамлаи гуруҳе қарор гирифта буд, ба Додситонии кулли кишвар даъват шудааст.

Тавре торнамои расмии ҲНИТ хабар медиҳад, Ҳусайнӣ рӯзи 14 майи соли ҷорӣ ба ин ниҳод даъват шуда, дар бораи ҷузъияти ҳодиса баёнот навиштааст.

Ин вакили парлумон мегӯяд, ҳангоми боздидаш аз Додситонии кулли кишвар ба ӯ бархе суолҳо низ дода шудааст: “Ҳамаи он ҳолатҳоеро, ки аз тарафи масъулини ҳукумати Бадахшон нисбат ба риоя накардани талаботи Қонуни коститутсионии Тоҷикистон, “Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон”, бахусус монеагузориҳоеро, ки дар бинои ҳукумати вилоят шоҳид гаштем ёдовар шуда, дар бораи ҳодисаи дафтари вилоятии ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ низ суханҳо гуфтам.

Сайидмуар Ҳусайнӣ иброз медорад, ки дар суҳбати ӯ бо муфаттишони Додситонии кулл бештар сари масъалаҳои зикр шуда дар изҳороти Вазорати умури дохилӣ ва эълон шудани ронандаи ӯ ба ҳайси писараш аз сӯи бархе расонаҳо тамаркуз шудааст. Ӯ мегӯяд, "ба онҳо гуфтам, ман дар муддати 5 соли вакилиам бори аввал ба Бадахшон сафар намудааму ҳизби мо аз ҳисоби мардуми Бадахшон беш аз 2,5 ҳазор узв ва ҳазорон ҷонибдор дорад ва дигар ин ки тоза ҳамон рӯз ба Хоруғ расидаму кадом суҳбате бо мардум надоштам. Пас, дар кадом ҳолат алайҳи касе сухан гуфта метавонистаам?"

Муовини аввали раиси ҲНИТ дар посух ба суоли муфаттишон, ки чаро аз ронандаи худ ба унвони писараш ном бурд, гуфтааст, “мутассифона, онҳо бештар атрофи масъалае суолгузорӣ мекарданд, ки гӯё ман дар аввал гуфта бошам, “бачаи манро ҳамчун ронанда латукӯб карданд.” Вале ба онҳо фаҳмонидам, ки ин иштибоҳи хабаргузориҳост. Онҳо аз суҳбати банда бардошти нодуруст кардаанд ва аз ҷумлаи изҳордоштаам, “он бачаи мо, ки ронанда буд, латукӯбаш карданд”, чунин бардошт намудаанд, ки гӯё ронанда писари ман бошад.”

Сайидумар Ҳусайнӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон ва ноиби раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ки барои расонидани муҳтавои паёми солонаи раисиҷумҳур субҳи 28 апрел ба Хоруғ рафта буд, мавриди ҳамла қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, як гуруҳи 15-нафарӣ дар дафтари ҲНИТ дар Хоруғ ба ӯву ронандааш дарафтода, гуфтаанд, барояшон ин ҳизби исломӣ лозим несту бояд ҳарчӣ зудтар ин маконро тарк кунанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон танҳо баъд аз як рӯзи ин ҳодиса бо нашри гузорише қазияи Сайидумар Ҳусайниро шарҳ дода, гуфт, дар ҷараёни сафари ӯ ба Хоруғ миёни онҳо ва аъзои ҳизбашон муноқиша бархостааст. “Ҳангоми гуфтушунид миёни аъзои ҲНИТ ва собиқ раиси дафтари ин ҳизб дар шаҳри Хоруғ Асрор Булбулов муноқиша ба миён омадааст”,-менависад торнамои ВКД.

Вале Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон шарҳи Вазорати умури дохилии кишварро натоиҷи таҳқиқи ғайримунсифона хондааст. Масъулини ҲНИТ рӯзи 30 апрел бо нашри баёнияе таҳқир ёфтани мардуми Бадахшон аз сӯи Ҳусайнӣ ва ҳамроҳонашро такзиб карда, гуфтаанд, далоили ВКД дар робита беасос мебошад. Инчунин, дар ин баёния таъкид шудааст, Асрор Булбулов, ки масъулини ВКД ӯро собиқ раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ хондаанд, аз воқеият дур буда, ӯ ҳеч гоҳ дар ин симат ифои вазифа накардааст ва низ Шоҳнаими Карим, ки аз ӯ раиси дастгоҳи ҳизб ном бурда шудааст, ғалат мебошад.
Мӯҳр
Комроншо
Таблиги Паём, ки рафтй, номаъкул карда офиси ХНИТ меравй? Хамин хизба бадахшонихо дар сад сол намехоханд. Кор мачбурй намешавад. Барои хамин хам шатта мехурй...

вахдат
хусайни беакл будай одамо аз ту ва аз амсоли ту баринхо безор шудагиян боз гап мезанен хайр вакте рсидааст ки чавоб гапота нагу пеши мардум ки хурсанд мешаванд хела хиянат карди fryey шатахуренду чавоб uety [ар як девонагира окибаташ хамин аст хусайн зодабой
озодагон илтимос

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)