Бахшҳо
17 май 2014 10:26Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

“Фабрикаи ҷавоб”: Имиҷсоз ё имиҷсӯз?

Муҳандиси Ҳотам

Дар кишвари мо як фабрика ҳаст, ки фаъолияти шаборӯзӣ дорад. На бебарқӣ ба фаъолияташ таъсир дораду на бархӯрди кормандони андоз. Аммо хурсанд нашавед, хонандагони гиромӣ, ин фабрика на ҷуроб истеҳсол мекунаду на калӯш. Ин фабрика танҳову танҳо гап мебофаду ҳарза мепароканад. Гоҳо ба тавлиди таҳқир ҳам даст мезанад. Ин фабрика бо номи «Фабрикаи ҷавоб» маълум аст.

Ба назар мерасад ҳадафи “Фабрикаи ҷавоб” ва фейкҳои шумораашон беҳисоби шабакаҳои иҷтимоӣ, ки шабу рӯз аз манофеи миллату давлат менависанд, танҳо неш задан ба мухолифони ҳукумати Тоҷикистон аст. Агар чунин набошад, чаро дар баробари ҳаводиси марзӣ бо Қирғизистон хомӯширо авло медонанд? Дар мавриди баъзе масъалаҳои марбут ба ҳамсоякишварҳои дигар ҳам, ки ба миллати тоҷик иртибот доранд, сукут ихтиёр мекунанд.

Онҳо ҳамеша аз ваҳдату фарҳанг ва якпорчагии миллат мегӯянд, аммо гӯиё душмани рақами яки ин ҳама Ҳизби наҳзати исломӣ, Тураҷонзодаҳо, Додоҷони Атовулло ва чанд нафари дигар бошанд, ки зери борони танқиду таҳқирашон қарор медиҳанд. Ҳар каси дигар ҳам ки ҳукуматро барои кадом як мушкил интиқод мекунад ё аз кадом мушкил мегӯяд зери танқиди “Фабрикаи ҷавоб” дар расонаҳои давлатӣ қарор мегирад ва фейкҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бадтарин суханҳоро дар ҳаққашон раво мебинанд.

Воқеоти ахир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ҳама медонад. Ҷониби Қирғизистон зуд сафири Тоҷикистонро даъват кард ва нотаи эътирозӣ супурд. Тоҷикистон хомӯш буд. Тамоми мақомоти Қирғизистон барои журналистонашон дастрас буданд. Тоҷикистон хомӯш. Ин хомӯшӣ аслан ҷои тааҷуб надорад. Пештарҳо ҳам чунин мавқеи Душанбеи расмиро зиёд дидаем. Аммо “Фабрика” бо номҳои мустаор ва фейкҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо андешаронии тунд нисбат ба мухолифон ном баровардаанд, низ хомӯш буданд.

Шояд дар тасаввури “Фабрика” ва фейкҳо танҳо мухолифони дохилӣ ваҳдати тоҷиконро ба ҳам мезанад ва манофеи миллиро зери суол мебарад. Ё шояд дар майнаи онҳо чунин фикр ҷой карда шудааст.

Қирғизистон бо вуҷуди он ки шаҳрвандон ё марзбононаш гунаҳкоранд ё не, аз худ ҳимоят мекунад ва дар нисбати низоъҳо дар марзаш вокунишҳои саривақтӣ ва тунд медиҳад. “Фабрика”-и мудофеи миллат гуиё ҳарфи гуфтанӣ надорад. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам фейкҳо “ғайб” мезананд.

Соҳибназарон мегӯянд, “фабрика” ҳамон мақомот аст ва фейкҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ алайҳи мухолифон “ҷанг” эълон кардаанд низ “одамон”-и онҳоанд. Агар воқеан ин андешаҳо асос дошта бошад, пас бояд барои ниҳодҳое, ки чунин “хидматгор” доранд, афсӯс хӯрд. Аслан душвор аст бовар кардан, ки аъзои “фабрика” ва фейкҳо, ки баъзан ҳадди одобу ахлоқро бешармона убур мекунанд, аз ҷониби мақомот баргузида шудаанд. Инҳо ҳамон “хизматҳои хирсона”-ро анҷом медиҳанд, ки билохира бар зарари хоҷаҳояшон анҷом меёбад. Чунин шеваи бархӯрд бо мухолифон ҳеч гоҳ дурудароз муваффақ буда наметавонад. Он на имиҷсоз, балки имиҷсӯз аст. На ҳукумате ва на мақомдореро пойдор намегардонад.

Баъзан, баҳсҳои “фабрика” ва фейкҳо занакҷангро ба хотир меорад, ки аз дур истодаву унвонии ҳафт пушти ҳамдигар ҳақоратҳои болохонадор мефиристанд.

Мақоли “агар ҳеч айби душманатро наёфтӣ, бигӯ думи сагаш каҷ аст” ҳам мувофиқи ҳамин ҳол аст. Зеро дар матлабҳои “фабрика” ва навиштаҳои фейкҳо бештар ба шахсият ва ё кадом як нуқси ҷинсии одами мавриди назар “ҳуҷум” мешавад. Агар мехоҳанд ба кадом навиштае ҷавоб гӯянд, шахсияти муаллифро “титу пит” мекунанд. Онҳо бо далели муътамад ва илмӣ баҳс накарда, шахсияти муаллифро таҳқир месозанд...

Ҳоло хулоса ин хоҳад шуд, ки агар мақомоти давлатӣ бо ин ҳама нерӯ ва тавон ба чунин одамоне имиҷашро бовар кардааст, пас вой бар онҳо (мақомот)-ву инҳо (мухолифон) ва мо (мардуми одӣ).

Барои он вой бар онҳо, ки гуфтем як рӯз не як рӯз бар зарари худашон тамом мешавад. Вой бар инҳо барои он ки рақиби арзанда надоштаанд ва вой бар мо барои он ки даъвоҳоямон барои миллати фарҳангиву тамаддунофар афсонае беш набудааст.
Мӯҳр
Яъкуб.
Мухтарам кормандони сомона як тадкикоти журналисти хам мебурдед,то маълум шавад чи кадар корманд дорад.Ва маошашон ба хама маълум ,ки баландтарин маошро дар Точикистон онхо мегиранд.Ба хар хол як тадкикот мебурдед.

Дақиқан маълум гардида, ки дар кишварҳои Русия, Хитой ва Қатар ашхоси махсуси давлат, яъне маошхӯрон, ҳастанд, ки сирф дар интернет фаолият доранд. Онҳо сайтҳои шабакаҳои иҷтимоиро таъқиб карда, ҳар кас, ки зидди ҳукумат сухан мекунад, зери таънаву масхара қарор медиҳанд, ҳукуматашонро таърифу тавсиф мекунанд, албата бо номҳои бофта. Банда бо ҳамингуна як лӯхтак дар Одноклассники Русия рӯбару шудам. То дар бораи сиёсати ғасбкории Русия далелҳои айён наовардам, даҳонашро напӯшид. Пас аз ин, ки мегӯяд, ки ин гуна лӯхтакҳо хизматгори дигар давлатҳо нестанд?

Рустами Озод
Албатта, ки "фабрикаи чавоб" имичсуз аст ва дар сафхои он навад фоиз гайриточикон фаъолият мекунанд ва точику точикистонро хамчун миллати тифоку пешрафта дидан намехоханд максади ин тоифа муташаннич нигох доштани чамъияти точикон ва хифзи мансабу макоми худашон мебошад.

Рустами Озод,
Рост мегӯед, Рустам. Инро ман зимни мурофиаи додситонӣ зидди Олга Тутубалинаи миллатгаро мушоҳида кардам. Иддае такрор ба такрор даъво мекарданд, ки он зан ҳақ аст ва тоҷикон аз оне, ки ӯ гуфта, боло нестанд. Ҳатто менавистанд, ки "фаолиятатро ҳамин тавр идома деҳ (так держать!) Оляхон!" Тоҷике, ки зидди миллати хеш сухан мекунад, ё ӯ тоҷик нест, ё ӯро ба ин таҳрик мекунанд.

Кодир
шояд бошад чунин фабрика ин хам як олоти таблиг аст

ova
Фабрикаев Чавоб одам мй?!

Амир
Касе ки да фикри ободии Ватани худаш боша, фарк нест Фабрикаи чавобай, заводи чавобай, саломат боша! Худо ай у одамое нигах дора, ки нону намаки Точикистона мехурану бадхохи миллати ТОЧИК хастан!

ИН ФАБРИКАХО ПАРЕШОНАНД ВА ДАР БАЪЗЕ МАВРИДХО САРЧАМЪ МЕШАВАНД.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)