Бахшҳо
18 май 2014 13:36Тоҷикистон / Иҷтимоӣ / Акс

АКС: Интиқоли Шаҳбол ба Хуҷанд, баъд аз ҷарроҳӣ дар Русия

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюби нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, ки барои ҷарроҳӣ ба яке аз бемористонҳои ҳарбии Русия рафта буд, субҳи якшанбе (18 май) тавассути ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” ба Хуҷанд омад. Ӯро дар фурудгоҳ хабарнигорон ва наздиконаш истиқбол гирифтанд.

Муҳаммади Эгамзод
, як масъули сафорати Тоҷикистон дар Русия, гуфт, онҳо тамоми харҷи сафари Шаҳбол ва падару бародарашро пардохта, ҳамчунин барои идомаи табобати ӯ дар Хуҷанд як миқдор кумак намудаанд. Нуъмон Мирзоев, падари Шаҳбол гуфт, табобати писараш дар бемористони Хуҷанд идома меёбад.

Қабл аз ин, табибони бемористони ҳарбии Красногорски Русия гуфта буданд, бо вуҷуди ҳолати вазнини Шаҳбол Мирзоев -- сарбози латту кӯбшудаи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ӯро ҷавоб медиҳанд. Яке аз табибони ин бемористон дар суҳбат ба “Озодагон” вазъи ӯро вазнини муътадил арзёбӣ карда, афзуда буд, ба далели набудани имконияти молӣ табобати ин сарбоз дар бемористони Русия қатъ мегардад.

“Феълан ҳатто нисфи маблағи корҳои анҷомдодаамон барои табобати Шаҳбол пардохт нашудаанд. Мо бе ин ҳам гузаштҳои зиёд кардем. Агарчӣ вазъияти Шаҳбол вазнин аст, наметавонем табобаташро идома диҳем, чун маблағи табобати ӯ пардохт намегардад. Зиёда аз ин, ӯ шаҳрванди хориҷӣ аст. Барои табобати Шаҳбол вақт ва маблағ даркор аст. Ҳадди ақалл ду моҳ бояд бо антибиотикҳои сахттаъсир табобат гирад. Нархи ҳар як антибиотик 2 ҳазор рубл аст...”,-афзуда буд мусоҳиби мо.

Шаҳбол Мирзоеви-23 сола, фориғуттаҳсили Донишгоҳи ҳуқуқ ва тиҷорати шаҳри Хуҷанд, ҳамагӣ 7 моҳ қабл довталабона ба хидмати низомӣ рафта буд. Ӯ шоми 8 марти соли ҷорӣ аз сӯи ҳамхидматаш дар қисми ҳарбии марзбонии 2620 мавриди “латту кӯб”-и шадид қарор гирифта, сутунмуҳрааш мешиканад.

Ин сарбози маъюбшудаи Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду моҳи бистарӣ буданаш дар Қарияи Болои Душанбе барои ҷарроҳӣ ва табобат ба бемористони низомии шаҳри Красногорски Русия интиқол ёфт. Ҷарроҳии нахустини ӯ рӯзи 5 май дар ин бемористони низомӣ сурат гирифта, беш аз 5 соат идома дошт. Баъд аз ин ҷарроҳӣ нафаскашии Шаҳбол вазнин шуда, ба далели зуҳури пиневмания табибон ӯро дубора ҷарроҳӣ карданд. Падараш аз қавли табибон мегӯяд, пиневмания ба далели зиёд хоб рафтан дар беморхонаи Душанбе пайдо шудааст.


АКС: Интиқоли Шаҳбол ба Хуҷанд, баъд аз ҷарроҳӣ дар Русия

АКС: Интиқоли Шаҳбол ба Хуҷанд, баъд аз ҷарроҳӣ дар Русия

АКС: Интиқоли Шаҳбол ба Хуҷанд, баъд аз ҷарроҳӣ дар Русия

АКС: Интиқоли Шаҳбол ба Хуҷанд, баъд аз ҷарроҳӣ дар Русия
Мӯҳр
Саид
Афсузи ин миллат!Ин миллат на сохиб дораду на нангу номус.

Барои ин бародари имони аз даргохи Аллох мехохем тезтар шифо ебад
!! Озодагон агар илочаш бошад шумораи падарашро Бори дигар нависед бародархое хастанд ва мехоханд ердампули кунанд!!

tashakur ba saforatu konsul baroi xizmatoshon.konsuli nav xizmati ziyod kard.rahmat shumoba.

Биёед мо худамон хамин чавонмардро пуштибон шавем!!! Тасаввур мекунед, ки модари ин чавон чи рузе дорад? Вакте аз чое умед нест, чи даркор вактро бехуда гузаронидан? Хар яки мо агар 10 сомони хам барои табобати ин чавон сарф кунем, карзи инсонии худро ичро хохем кард.

Саидабону бехтарин пешниход карданд. Биёед дустон тахти унвони 10 сомони барои "Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон " чам карда барои табобати сарбоши ин ниход сарф кунем.


Шахболчон Худо шифои комил ато кунад ба ту. Ин расмхоятро дида хело хурсанд шудам. аллакай маълум ки бехбуди хаст . Шифои комил металабем аз даргохи Аллох, Омин!

АМИНАИ ФАРРУХИ
Ман хам тарафдори пешниходи Саида хастам биеед бародарон хохарони саховатманд барои хушнудии АЛЛОХ ба ШАХБОЛ то хадди имкон ери расонем,АЛЛОХ зудтар ба ШАХБОЛ шифо дихад ОМИН Е РАББАЛ ОЛАМИН,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)