Бахшҳо
19 май 2014 16:13Тоҷикистон / Сиёсат

Гуфтугӯ бо Қаҳҳор Маҳкамов, президенти нахустини Тоҷикистон

Қаҳҳор Маҳкамов, раисиҷумҳури нахустини Тоҷикистон, рӯзи 22 майи соли ҷорӣ дар маҳфили “Бунёди муколамаи тамаддунҳо”-и Иброҳим Усмонов иштирок ва ба суоли ҳозирин посух хоҳад дод. Ин маҳфил дар бинои маркази тиҷории “Пойтахт” соати 17-и рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад.

Иброҳим Усмонов, раҳбари “Бунёди муколамаи тамаддунҳо” дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, оқои Маҳкамов дар ин дидораш ба ҳама саволҳо, эҳтимол дар бораи ҳаводиси солҳои навадуми қарни гузашта, низ посух гӯяд. “Он кас гуфтанд, ба ҳама саволҳо ҷавоб медиҳанд. Аз ин рӯ, хоҳиш карданд, ки ягон мавзӯи мушаххас намонем”,-афзуд профессор Усмонов.

Дар сурати иштирок ва посух ба суолҳо ин бори аввал хоҳад буд, ки Қаҳҳор Маҳкамови 82-сола дар рӯбарӯи хабарнигорон, намояндагони созмонҳои иҷтимоӣ ва таърихнигорону ҷомеаи шаҳрвандӣ дар бораи ҳодисаҳои солҳои навадуми асри гузашта суҳбат мекунад. То ин дам оқои Маҳкамов қисман дар бораи ин ё он масъалаи марбут ба ҳаводиси солҳои навадум бо хабарнигорон суҳбат карда, аммо ҳамеша аз тафсилот худдорӣ кардааст. Ҳатто ӯ чанде пештар гуфта буд, қасд надорад дар ин бора китоби хотираҳои худро бинависад.

Қаҳҳор Маҳкамов, зодаи шаҳри Хуҷанд, моҳи ноябри соли 1990, баъд аз фурӯпошии Шӯравии собиқ, президенти нахустини Тоҷикистон интихоб шуда, аммо дар муддати кӯтоҳ (1991) ба истеъфо рафт. Баъд аз ӯ курсии президентӣ ба Раҳмон Набиев насиб кард, вале ӯ ҳам дер напоид. Севумин раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки соли 1992 ба ҳайси раиси Шӯрои олӣ интихоб шуда, 22 сол боз зимоми қудрат дар кишварро дар даст дорад.
Мӯҳр
Дар ин гуфтугу кадом нафарон метавонанд ширкат варзанд?
чунки ман низ мехохам ширкат дошта бошам.

Мухтарам экс-президент Махкамов дар бораи равандхои имрузаи давлатдории Точикистон - коррупсия, махалчиги ва хешу таборбози чи андеша дошта бошад? Оё ягон тавсияи халоси аз ин маризихоро пешниход дорад? Хуб мебуд, ки "Озодагон" бо у хаммусохиб мешуданд...

Точик
Ягона президенте, ки бо наклиёти чамъияти хам кор мерафт. Ва ягона рахбаре буд, ки кишлоки худам ва совхози худам намегуфту, баланси минтакахоро дар давлатдори риоя мекард.

точик
На духтарашро медонистему на кудову бародару хусурбачахову домодашро. Пеш аз рафтанаш гуфта буд: ман меравам вале пушаймон хохед шуд. Махалгароен уро кор карданн амонданд. Инсони хоксор аст.

Агар гунахгор нашавам, Махкамуф авлиё аст. Гуфта буд, ки пушаймон мешавед. Марда мардаш аст. На гапи занашро мегирифту на гапи кудову домоду дигару дигарашро. Дар фикри ободии Точикистон буд, хаст ва мебошад. Барои як бинои вайронаро хусусй кардану обод карданаш киха шуд.

Бонапарт
Он давра сохт дигар буд ва худи давлат тобеъи СССР буд аз ин ру чамъият сарфи назар аз хости котиби 1-ум ва сарвари республика одил буд.Холо бошад чунин сохт нест.Чи коре хоханд мекунанд.

Махкамов вокеанд иктисоддони бокуват аст. Лек як чизро мехохам он руз чавоб дихад. Дар бораи ки тарафдору ким тарафдор. Оё ин махлгарои набуд? Холо бошад махалгарои ба авчи аъло расидааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)