Бахшҳо

Шикояти модари Сурайё аз болои хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло

Раҷабмоҳ Исмоилова, сокини ноҳияи Турсунзода, аз болои хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло – раҳбари собиқи ширкати Роҳи оҳан ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, номаи шикоятӣ фиристодааст. Хонум Исмоилова мегӯяд, ӯ модари Сурайё мебошад, ки шаби 9 октябри соли гузашта, дар пайи садамаи “БМВ”-и Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, ҷон бохт ва аз ӯ як кӯдаки 1-солаву 2-моҳааш боқӣ мондааст.

“Ду моҳ пеш ба раисиҷумҳур нома навиштам. Вале дар мактуби ҷавобӣ омадааст, дар ин замина беҳтараш ба Додситонии кулл муроҷиат кунам. Худам бо кӯдаки Сурайё танҳо мондаам ва аз хона баромада наметавонам”,-мегӯяд Раҷабмоҳ Исмоилова. Мусоҳиби мо илова кард, “баъд аз садама то ҳол ба назди мо на ягон муфаттиш ва ё намояндаи хонаводаи Ҳукуматулло (Ҳукумовҳо) наомадааст. Ҳатто таъзия баён накарданд. Ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки дар Тоҷикистон одам қадр надоштааст.”

Раҷабмоҳ Исмоилова мегӯяд, бо вуҷуди ҳама мушкилҳо, аз даъвояш даст кашиданӣ нест, зеро ба қавли ӯ тифли Сурайё ба кумаку сарпарастӣ ниёз дорад, ки ба танҳоӣ аз ӯҳдааш нахоҳад баромад. Ӯ гуфт, духтари 24-солааш қасд дошт, ба Русия сафар карда, барои рӯзгузаронияшон сармоя ҷамъ кунад. “Вале ҳамон шаб ин ҳодиса рух доду мо Сурайёро аз додем ва танҳо дар нимароҳ мондем. Аз ин пештар писари 19-солаам дунёро тарк карда буд. Бароям мушкил аст”,-нақл кард Исмоилова.

Дар дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ дар бораи номаи модари Сурайё чизе нагуфтанду талоши мо барои пайдо кардани намояндагони хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло низ бенатиҷа буд. Зеро як рӯз пештар Азиза Рӯзиева, яке аз осебдидагони садамаи шаби 9 октябр низ барои кумак дарёфт накарданаш аз сӯи хонаводаи Амонулло Ҳукуматулло шикоят карда ва гуфта буд, зоҳиран онҳо ба Олмон кӯч бастаанд. Иттилое, ки то ҳол расман тасдиқ нашудааст.

Бо ин ҳол, даъвои наздикони афроди фавтида ва маҷрӯҳони садамаи шаби 9 октябри соли 2013 бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло баъд аз чанд моҳи барканории ӯ аз мақоми раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон садо медиҳад. Амонулло Ҳукуматулло дар охирин нишасти хабарияш ба ҳайси раҳбари ин ниҳод садамаи шаби 9 октябро шарҳ дода, писарашаро бегуноҳ донист ва ҳатто хабари расонаҳо дар бораи фирори ӯ ба Олмонро рад кард. Ӯ гуфта буд, “агар гап дар бораи шахси ман равад, гапи дигар аст, вале дар бораи фарзанди ман меравад, ман талаб мекунам, чизе қонун мегӯяд, бояд ҳамон шавад. Журналист чӣ ҳақ дорад, ки мегӯяд, писари ман се нафарро куштааст? Шаб, соати 2, ин садама шуд. Ман ба Ҷаноби Олӣ ҳам гуфтам. 6 соат ягон кас ба ман хабар надодааст, бояд ба ман мегуфтанд. Барои ба Олмон рафтани Расул ва таҳсилаш дар он ҷо ду моҳ талош кардем. Бисёр бачаи чаққон асту забони тоҷикию англисиро хуб медонад. Ман аз ӯ бисёр умед дорам”.

Амонулло Ҳукуматулло таъкид кард, баъд аз анҷоми тафтиши садама бо иштироки писараш ҳатман аз болои бархе аз рӯзноманигорон ба додгоҳ шикоят мебарад: “Ман то ин ҳад бе виҷдон нестам, ки дар Тоҷикистон кору фаъолият дошта, писари худро ба хориҷ гурезонам.”

Дар пайи садамаи шаби 9 октябри соли гузашта, ки дар маркази шаҳри Душанбе иттифоқ уфтод, се нафар ҷон дода, се нафари дигар маҷруҳ шуданд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонуллои Ҳукуматулло, рух додааст. Ҳоло мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, бо ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов ҷустуҷӯ доранд, ки гунаҳкори қазия ӯ буда, сари фармони “БМВ”-и Расули Амонулло қарор доштааст. Дар пайи ин қазия модари Расули Амонулло барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт 120 сомонӣ ҷарима шудааст.

Ҳарчанд Амонулло Ҳукуматулло иштироки писараш дар садамаи шаби 9 октябри соли гузаштаро рад кард, вале наздикони ӯ чанд бор ба ҷабрдидагони садама ва хонаводаи онҳое, ки ҳалок шудаанд, кумакпулӣ низ додаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Мардбача
Инхо акнун охиста -охиста ру ба гурез меоранд. Лекин онхо фаромуш кардаанд,ки баъди чандин солхо дар назди миллати точик чавоб хоханд гуфт.

.
Чун харвакта кидат кардан дар хуни онхост.

Халим
"Озодагон" туха мисли оне, ки фаромушхотир боши!!! Ту бояд дар сари ин мавзухо хамавакт маколахо нависию публиковать куни тоин ки мо мардуми дастнигар хамавакт аз беадолатихо огах бошем!!! Расули Амонулло 3 нафарро куш, се касро мачрух гузошт ва як нафари дигарро сагера кард! Магар дар ин мавзуъхо барои навиштани макола ба ту мушкилие аст? Ба хар сурат ба туву "Озоди" ташаккури калон ки моро аз чунин беадолатихо огах мекуни! Ва фаъолтар шуданат даркор!!!

Акбар
Амонулло, бачаат на чакон асту на забондон.

Хакчу
“Ду моҳ пеш ба раисиҷумҳур нома навиштам. Вале дар мактуби ҷавобӣ омадааст, дар ин замина беҳтараш ба Додситонии кулл муроҷиат кунам."
Агар зури Рохбари давлат ба Хукумов нарасида бошад, зури Додситони Кулл аз кучо мерасад????

Ман хамчун мутахасиси ин кор поймолкуни конунро дар Хукуматулло намебинам у конунро хуб риоя кардааст чарима банди
шуд ва аз вазифааш хам сабукдушт кардааст конун

2
Бачаи чаккону забондон хам бошад (шак дорам), аммо тарбияи хубро надидааст. Чилим зада мегардад.

Мухтарам Чаноби Оли охир ба ин расонахо ва сомонахо як назар андозед аз ахволи мо мазлумон як бор хадди акал пурсон шавед. Ин рахмати Сураё духтархолаи ман аст чаро хеч таваччухе ба ин казия карда намешавад . Шумо гуфта будед ки фыарзанди касе набошад дар назди конун чавоб мегуяд вале чи шуд хеч? Рузи гузашта дар ТВТ дидам ки якнафарро барои сузонидани ва ё тарконидани мудири иактаб дар нохияи вахш ба троризмм гунохкор намуда маълум нест ки ин зани бечора ва камбагали у ва фарзандони у ба сарашон чи меомада бошад. Ва онхам агар рост бошад дар касди химоят аз номуси духтарн ки дар миёни мардум румоли онхоро пора пора кардааст. Чаро ин нафаре ки чони 4 нафарро гирифт ба хеч чиз муттахам нашуд ва хатто аъзои ин оила шахрвандии олмонро гирифта хама гурехтанд ва пули миллати точикро дар олмон кайфу сафо карда мегарданд. Раиси Хизби Сосиал Демократ ба фикрам . барои бо як мошин бахам задан ва дар натичаи забо ёфтан дар ивази таъмир кардани чабрдида ва бо дар назардошти аризаи шикоятии чабрдида онро чи кадар ба кашмакашиву судбози кашониданд?! Охир чаро ин кадар бедоди ва беадолати?намедонам мн аламро ба ки гуям . аз руи конунгузори , ки ман худам донишчуи курси 3 уми риштаи хуку хастам медонам бояд то шифои комилд ёфтани чабрдида чинояткорё худ шахсаи зиёнрасонанда вазифадораст ки ба чабрдида кумак кунад . Вале ин бхолаи бечораи маро ба катл расонидааст. Дар кишвархои исломи дар чунин холат то 1 миллион доллар хунбахо супорида мешавад. Вале наход кибарои ин холаи бечораи ман ва набераи ятмими у хадди акал мох 100 доллари Хукумох надошта бошад . Ва ин дар холест ки хабари ба олмн куч бастаниин оиларо банда аз дахони нигахбони саги писари Амонуллор Хукумов шунидам ки ба ман расоинидлан ки фалони мегуяд ки бекор мондааст дигар ягон саги калонтара ёфтан даркор. Боки казоват бо Хонандагону. Озодагон илтимос натарс аз Худо тарс бо бахонаи риоя накардани фалону фалон гуфта инро боз аз нашр намони бе хамон хам мегуянд Озодагон хам дар баъзе корхо ба хусус дар нашри назархо нисбати ин ва ё он макаомт ва идорахои ????? даст доранд.

Мухтарам Чаноби Оли охир ба ин расонахо ва сомонахо як назар андозед аз ахволи мо мазлумон як бор хадди акал пурсон шавед. Ин рахмати Сураё духтархолаи ман аст чаро хеч таваччухе ба ин казия карда намешавад . Шумо гуфта будед ки фыарзанди касе набошад дар назди конун чавоб мегуяд вале чи шуд хеч? Рузи гузашта дар ТВТ дидам ки якнафарро барои сузонидани ва ё тарконидани мудири иактаб дар нохияи вахш ба троризмм гунохкор намуда маълум нест ки ин зани бечора ва камбагали у ва фарзандони у ба сарашон чи меомада бошад. Ва онхам агар рост бошад дар касди химоят аз номуси духтарн ки дар миёни мардум румоли онхоро пора пора кардааст. Чаро ин нафари хунхоре ки чони 4 нафарро гирифт ба хеч чиз муттахам нашуд ва хатто аъзои ин оила шахрвандии олмонро гирифта хама гурехтанд ва пули дуздидаи аз миллати точикро дар олмон кайфу сафо карда мегарданд.

мубориз
Дар пайи ин қазия модари Расули Амонулло барои нақзи қонун дар бораи масъулияти волидон дар таълиму тарбияи фарзандон аз сӯи Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт 120 сомонӣ ҷарима шудааст. хахаха

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)