Бахшҳо

ВКД дар бораи “тафтиши фаъолияти Амонулло Ҳукуматулло ва $46 млн.”

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабарҳо дар бораи мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтани молу амволи Амонулло Ҳукуматулло, собиқ раиси Роҳи оҳани кишвар аз сӯи ин ниҳод ва Оҷонси мубориза бо фасоди молииро такзиб кард.

Ин ниҳод бо пахши изҳороте гуфтааст, аз сӯи Вазорати умури дохилӣ ягон гурӯҳи вежа ё махсуси муфаттишон таъсис дода нашуда ва фаъолияти собиқ раиси Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” мавриди тафтишу таҳқиқ қарор нагирифтааст. Ин дар ҳолест, ки бахши тоҷикии Радиои Озодӣ ахиран аз оғози тафтишот алайҳи Амонулло Ҳукуматулло аз сӯи як гуруҳи махсус аз ҳисоби муфаттишони Вазорати умури дохилӣ, Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ ва Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дода буд.

Радиои Озодӣ аз қавли як манбаи муътамадаш дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода, афзуда буд, “фаъолияти ин гурӯҳ тафтиши маблағи махсусан калони 46 миллион доллар аст, ки аз тарафи Амонулло Ҳукуматулло, собиқ раиси идораи Роҳи оҳани Тоҷикистон дар замони фаъолияташ дар ин мақом аз худ карда шудааст.”

Ба гуфтаи ин манбаъ, муфаттишон дар муддати як моҳи ахир 5 бор манзили зисти Амонулло Ҳукуматуллоро, воқеъ дар кӯчаи Карамови шаҳри Душанбе, мавриди кофтукоб қарор додаанд. Аммо ба таъкиди ин манбаъ, худи Амонулло Ҳукуматулло дар манзили зисташ набудааст ва гуфта мешавад, дар хориҷ аз кишвар ба сар мебарад ва ин амр тафтишотро ба мушкил рӯбарӯ кардааст.

Амонулло Ҳукуматулло 12 сол дар садри раёсати корхонаи “Роҳи оҳани Тоҷикистон” қарор дошта, аввали соли равон аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба нафақа фиристода шуд. “Озодӣ” теъдоди ширкатҳои марбут ба Амонулло Ҳукуматулло ва наздиконашро ҳудуди 40 адад арзёбӣ кардааст.
Мӯҳр
Дар чанд соли охир чунин хабари хуш нахонда будам.

.
Хатман уро дастгир карда дар ТВ мисле ки Зайд Саидовро намоиш додед, ба мардум нишон дихед.

46 миллионро дуздид, лекин 4-5 хазор доллар барои духтари инвалид, ки писараш уро зер карда буд, надод.

Эхееее! Богатые тоже плачут! И гав рост бдай ку! И БМВ-хо ай нуки хами пулако будаст хо бгу.

ДИЛСУЗ аз ВОКЗАЛ
Хангоми дар ДШБ буданаш ичозати тафтиш набуду вакто марзро убур кард баъд гуфтанд ки рафта бинетон чи ахвол дошта бошад ун мардак!!!

кани Амонулора капан 40 ширкат ба дахон гуфтан осон. Мо яктоги дорем ито рузмон наметиян. Аз Зайд Саид 13 ширкат буд хамара гирифта давлати карданд холо инам ранги бачаш кушт 4 нафара бе ягон чи монд инашам хамихел рупуш мешад инора факат худочон саришта карда метонад.

Ана аку сар мешава гап нестай агар хами темп кати кор рафтан гира больницахо пури раису вазир мешава хамаш касали фишори хун ва канд доран хаки ду миллен мухочир мебуроя....Некем хами ЧО Очонсира не Кумитаи амнията супориш дихад ана кор ранги дигар мегирад аз сабабе ки 70% кадрхои бехтарин дорад

Усмон
Дигар уро дар Дубай бо микроскоп чуед хам намеёбед. Дар ошёнаи аз хама болотарини Бурчи халифа хона харида, пинхон мешавад.

Ха токахуре, о хамина таксим мекарди кати "рафикот" оли тинчакак дар Олмон мегашти.

zanja_23
Амонулло Ҳукуматулло мисли Зайд Саид мард бошад худаш мардонавор бар мегардад ва худашро таслим мекунад!

Дилором
Барои чи ин кадар ноадолати нисбати Зайд Саидов раво дида шуду ин Амонулло Хукумов кариб ки ними Точикистона хариду-фуруш кардааст ва бо сабаби фарзанди ноболигу ноухдабарояш чони чор нафар аз даст рафт ва ду нафари дигар маъюбу маслук ва имруз мухточи табобатанд аз хотирхои макомотхои дахлдор фаромуш шудаанд.Инсоф кардан даркор

Як одам ба живачка милионер мешава як одами дига ай калушу релси поезд. дунё дунёи бозориай. и мардака гам натен

кавсар
наход хеч боварам намеояд!!!!

ТО КАЙ ХАКИ ХАЛКА МЕХУРЕН ???!

Мардии уро авал худо баъд сардори ДАВЛАТАМОН ХАМ ХУБ МЕДОНАД ба шуморо чи

zanja_23,
Оқои Зайд Саидовро душманҳояш бо фиребу найранг ба фаъолияти сиёсӣ кашида буданд. Ба таъсиси ҳизби "Тоҷикистони нав". Барои ҳамин ба таъқиби ҳукумат дучор шуд. Ӯ ва хонаводааш қурбони дасисабозон гардиданд. Барои Амонулло Ҳукумов ва ӯ баринҳо Тоҷикистон набояд "нав" гардад, бигзор кӯҳна, фарсуда ва дар фасод ғӯтида, бимонад. Он гоҳ ҳукумат ҳам ба онҳо кордор намешавад. Ғайр аз ин, инҷо масъалаи маҳалл ҳам ҳаст. Зайд Саидов аз дигар маҳалл буд... Ин ҳам ба назар гирифта мешавад! Мебинед, ба Ҳукумов чизе таҳдид нахоҳад кард, вагарна "делаву дафтарашро" кайҳо ба ИНТЕРПОЛ месупурданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)