Дуздии шаш мошини гаронбаҳои хориҷӣ дар Суғд
Дар тӯли чаҳор моҳи охир дар шимоли Тоҷиистон 6 ҳолати рабудани воситаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Раёсати умури дохилии Суғд иттилоъ доданд, миёни нақлиёти рабудашуда аксаран мошинҳои истеҳсоли кишварҳои ғарбӣ мебошанд, ки бештари онҳо дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хуҷанд, ба қайд гирифта шудаанд.
Ҳамчунин, манбаъ афзуд, дар ҳамин давраи зикргардида танҳо 4 нақлиёт дарёфт ва ба соҳибонаш баргардонда шудааст. Айни замон оид ба ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |