Салимзода: “Мақомоти қудратӣ бояд аз рӯи қонун кор кунанд”
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, ҳангоми баромадаш дар як ҳамоиш бахшида ба 20-умин солгарди қабули Қонуни асосӣ (Конститутсия) изҳор доштааст, ки ин ҳуҷҷат дар муътадилсозии вазъи сиёсию иҷтимоии кишвар саҳми бузург гузоштааст.
Бар асоси иттилои дафтари матбуоти Додситонии кулл, Шерхон Салимзода хотиррасон кардааст, ки Тоҷикистон дар шароити басо мушкил истиқлолияти худро нигоҳ дошта, бо роҳи раъйпурсӣ Конститутсияи ҷадиди хешро қабул намуд. “Ба шарофати Сарқонун кашмакашҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошта шуд”,-афзудааст Шерхон Сализода.
Додситони кулли Тоҷикистон барои поянда мондани муътадиливу амният дар кишвар гуфтааст, сохторҳои қудратӣ бояд вазифаашонро дар асоси қонун иҷро намоянд. Салимзода махсусан таъкид кардааст, зимни тафтишот алайҳи ин ё он нафар ҳуқуқи шахс аз ҳама боло гузошта шавад ва далелҳои муътамадтарин низ мавриди санҷиш қарор гиранд. Ӯ истифодаи зӯроварию шиканҷаро зимни тафтишоти пешакӣ маҳкум карда, таъкид кардааст, ҳар эътирофоте, ки бо усули ғайриқонунӣ ба даст омадааст, эътибор надорад.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон солҳои охир шикоятҳо аз истифодаи шиканҷаю зӯроварӣ ва суистифодаи кормандони мақомоти қудратӣ аз мавқеяшон майли афзоиш дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |