Бахшҳо

БАҲСҲОИ ПАРЛУМОНӢ: Домоди президент, грант ва Шодӣ Шабдолов (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Парлумони Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21 май созишномаи грантии “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз”-ро миёни ҳукумати кишвар ва Бонки Осиёии Рушд (БОР) тасвиб кард.

Ҷамоллидан Нуралиев, муовини аввали вазири молия ва домоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин тарҳ гуфт, ҳазинаи умумии созишнома 11,8 миллион долларро ташкил дода, 10 миллионаш ёриҳои Бонки Осиёи Рушданд. Ба қавли Нуралиев, муҳлати амалишавии тарҳ 5 сол буда, маблағи ин созишнома барои таъмини шаҳрвандон бо барқ ба воситаи харидорӣ ва насби фанновариҳои каммасрафи барқӣ харҷ хоҳад шуд.

“Дар доираи “Дастрасӣ ба маблағгузории сабз” созмонҳои молии “Имон-Интернешнл” ва “Арванд” ба соҳибкорони ватанӣ, ба хусус, занҳои минтақаҳои кӯҳистон ба миқдори аз 500 то 2 ҳазор доллар қарзҳо ҷудо мекунанд. Ҳамчунин, қисме аз ин маблағ барои бунёди нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ ва нерӯгоҳҳои офтобӣ равона хоҳад шуд”,-афзуд муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон.



Шодӣ Шабдолов, роҳбари Ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳизб дар парлумон, дар ҳошияи суҳбатҳои Ҷамолиддин Нуралиев аз он изҳори нигаронӣ кард, ки на ҳама нерӯгоҳҳои хурди бунёдшуда аз ҳисоби грантҳо ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалиянд. Шабдолов таъкид дошт, “вақти бунёди ин нерӯгоҳҳо мегӯянд, фанновариҳо аз Олмон, Шветсария ва ё Хитой ҳастанд. Мо тафтиш кардем, ки аз 310 нерӯгоҳ танҳо 10 нерӯгоҳ ба стандарт мувофиқ асту бас. Боқимонда қисман ва ё комилан ба талабот мувофиқ нестанд.”

Раҳбари Ҳизби коммунист пешниҳод кард, замони гирифтани қарзҳо масъулин бояд риояи стандартро талаб кунанд: “Агар ин татбиқ нашавад, боз фасод мешавад. Онҳо маслиҳат мекунанд ва грантҳоро дар “киса” мегузоранд. Баъд аз 2-3 моҳ мебинем, ки нерӯгоҳҳои хурди бодӣ, офтобӣ ва ё обӣ аз кор мемонад.” Ҷамолиддин Нуралиев ин гуфтаҳои Шодӣ Шабдоловро дастгирӣ намуда, афзуд, Бонки Осиёии Рушд ин навбат созмонҳои қарздиҳандаро аз рӯи 12 нишондод интихоб кардаанд, ки аз миёни 116 ташкилот, “Имон-Интернешнл” ва “Арванд” ба он ҷавобгӯ ҳастанд.

“Ман мефаҳмам, ки дар сатҳи макроиқтисодӣ мо бояд мушкили нерӯгоҳҳои хурдро ҳал кунем. Кӯшиш мекунам, эродҳои вакилро ба масъулини амалисозии ин созишнома расонам”,-илова кард ӯ. Муовини аввали вазири молия гуфт, сарчашмаҳои грантӣ беохир набуда, аз ҳисоби беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон, дастрас шудани грантҳо метавонад коҳиш биёбад.
Мӯҳр
Азиз
Ин маблагхоро медузданд.То он замоне,ки иктисодиёту саноати давлати пешрав намешавад умеди бехбуди нест рафикон!Дар кишвархои пешрафтаи дунё Чин,Хинд,Фаронса.Беларус,Канада ва гайрахо саноат милли-давлатист.Ин мардум иктисодиёти бозоргони гуфта танхо шахсикунонии корхонахоро мефахманд,ки ин андешаи бесаводонаашон комилан хато буда,кишварро ба нобуди мебаранд.

ofarin.inshoalloh in javonon dunyo gashtandu didand ki chi tavr obodivu zebogi kardan darkor dar vatani xud.inshoalloh mekunandu mesozand.

Точикчон С
ОФАРИН АКАИ ЧАМОЛИДИН АНА ХАМИНТАВР ИСБОТ КАРДАН ДАРКОР КИ ТОЧИКИСТОНИ МО РУ БА БЕХБУДИ МЕОВАРАД ВАГАРНА ЧАШМИ БАЪЗЕ ТАНГБИНОН ИН ПЕШРАВИХОРО НАМЕБИНАД.

саид
бародар ҷамолиддин, офарин!
ростӣ шод шудам, ки бародари мо низ салобати сухан карданро дар парлумон дорадва аз он низ шодам, ки вазифаи муҳимро бар ӯҳда дорад ва ҳарфе, ки мегӯяд, мефаҳмад...
на ҳамаи домодону ақрабо чунинанд..

точик
Акачон Спитамен бонк чавобгу нашуд магар

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)