Бахшҳо

Баҳси корбарон ва пешниҳод барои роҳ надодани Ҷураев ба Тоҷикистон

Сафари Шералӣ Ҷураев, овозхони узбак баъд аз таронаи зидди “Роғун”-аш ба вилояти Суғд бо вокуниш ва баҳсҳои шадиди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ рӯбарӯ шудааст.

Ин баҳсҳо миёни корбарони тоҷик дар ҳоле ба миён омадаанд, ки масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд аз баргузории консерте бо ҳузури овозхони узбак ва Афзалшоҳи Шодӣ, сарояндаи машҳури тоҷик, ки ӯ низ таронаеро дар бораи ватани тоҷикон будани Самарқанду Бухоро “алайҳ”-и Узбакистон хондааст, хабар медиҳанд.

Ҷамила Ҳусейнова, яке аз корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, барои ӯ хеле ҷолиб аст, бидонад, ду сарояндаи машҳур, ки алайҳи сиёсати давлатҳои якдигар суруд хондаанд, дар ин консерт бо ҳам чӣ таронаеро замзама мекарда бошанд: “Таблиғҳои ин консертро дар даромадгоҳи шаҳри Истаравшани Суғд дида, тааҷҷуб кардам, акнун, яке ки зидди Роғун мехонду дигаре ба тарафдории он, дар консерти якҷоя чӣ мехонда бошанд!?

Марди Роҳ, корбари дигари тоҷик аз ҳамаи сокинони Тоҷикистон даъват кардааст, дар эътироз ба таронаи ин сарояндаи узбак алайҳи Роғун консерти ӯро “таҳрим” кунанд: “Ба консерти ӯ наравед, тоҷиконро паст мезанад, таҳқир мекунад, аз ин рӯ наравед ба консерташ!” Дар ҳамин ҳол, яке аз корбарони дигар бо номи Носирҷон Маъмурзода, пешниҳод кардааст, вуруди ин сарояндаи узбак ба хотири зидди манофеи сокинони Тоҷикистон тарона сароиданаш манъ карда шавад. Ӯ мегӯяд, “ҳарчанд ҳунари нотакрори Ҷураевро эътироф ва эҳтиром мекунам, аммо барои Ҳунарманди мардумии СССР сурудани таронае монанди Роғун кори хуб набуд ва аз ин рӯ, пешниҳод мекунам, ба Шералӣ Ҷӯраев иҷозаи вуруд ба Тоҷикистон дода нашавад!

Дар ибтидои моҳи марти соли ҷорӣ торнамои Darakchi.uz аз суруда шудани таронае алайҳи нерӯгоҳҳои барқи обии “Роғун” дар Тоҷикистон ва “Қамбарота” дар Қирғизистон аз сӯи Шералӣ Ҷӯраев хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, матни таронаи мазкур ба қалами Мирзо Иқбол, шоири узбак тааллуқ доштааст, ки он аз “таҳдидҳо”-и сохтмони ин нерӯгоҳҳо ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ қисса мекунад. Ин торнамо дар идома навишта буд, азбаски Тошканд яке аз мухолифини сарсахти сохтмони нерӯгоҳҳои мазкур мебошад, эҷод ва сароидани ин тарона ангезаи сиёсӣ ва фармоишӣ дорад. Чун ба қавли Тошканд дар сурати бунёд шудани ин неругоҳҳои Тоҷикистону Қирғизистон кишварҳои поёнобро ташналаб хоҳанд гузошт.

Каме баътар Зоҳиршоҳ Ҷӯраев, писари сарояндаи узбак дар суҳбат бо бахши узбакии радиои Озодӣ хонда шудани чунин як таронаеро аз сӯи падараш такзиб карда, гуфт, ба падараш пешниҳод карда будаанд, ки ин таронаро сарояд: "Барояш ин пешниҳод аз тарафи як эҷодкор шуда буд. Аммо рад шуд." Вале дере нагузашта шакли аудиоии таронаи баҳсбарангези Шералӣ Ҷӯраев вориди саҳифаи Ютуб гардид.

Масъулони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд рӯзи 22 май ба “Озодагон” гуфтанд, як соҳибкори истаравшанӣ барои баргузории тӯи худ овозхони маъруфи узбак -- Шералӣ Ҷӯраевро даъват кардааст. Манбаъ меафзояд, дар ин маросим Афзалшоҳи Шодӣ низ даъват шудааст. Ба қавли масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Шералӣ Ҷураев бо даъвати яке аз тоҷирони ин минтақа бариои иштирок дар туйи арисии писараш вориди Тоҷикистон шуда, қарор аст, 31 майи соли равон дар маркази шаҳри Истаравшан, воқеъ дар тарабхонаи “Ситораҳои Шарқ”, ки дар расми ифтитоҳи он раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иштирок дошт, консерти муштаракеро бо Афзалшоҳи Шодӣ баргузор кунад.

Аммо баъди нашри ин хабар ҳукумати шаҳри Истаравшан бо пахши иттилоияе хабари даъват шудани овозхони узбак ба ин шаҳрро такзиб карда, гуфт, ӯро ҳеч соҳибкоре даъват накардааст. Бо ин ҳол, аксҳои таблиғотии консерти муштараки овозхонӣ узбак, ки дар даромадгоҳ ва бархе хиёбону кучаҳои шаҳри Истаравшан насб шуда буданд, ногаҳон ғайб задаанд.
Мӯҳр
Ш. Чураев Артисти халкии СССР нест.

Афзалшо Шодиевро баред консерташро бо суруди бехтаринаш бо номи Точикистонам Смарканд, Точикистонам Бухоро огоз кунад!

.
Э лекин хамин магал кардед-дия. хайр хондаст зидди Рогун дуне чаппа нашуд ку. Саг мечаккад, корвон бо рохаш меравад. Бигзор омада консерт баргузор кунад. Ин кадар майдабози дилтанг нашавед лжепатриоты....

Мансур
Агар мо хисси ватандусти дошта бошем бояд ин сарояндаи узбакро ба Точикистон харгиз даъват накунем. Зеро суруди хондаи у бар зидди Рогун тухми кинаро дар синаи миллати узбак бедор кард. Локин милати худкуши бегонапарвар мебошад. Худо накунад, ки кадами нахси ин сароянда ба хоки поки ватанамон расад.

Точик
Ягон хел консерти муштараки Шераливу Афзалшо намешавад. Ин хабар асос надорад. Гузашта аз ин хукумати чумхурй онро ичозат намедихад.

мансур бисер хуб мешуд агар бо ин хисси ватандустиатон дар армияи точикистон хизмат мекардед , бо ин хисси ватандустиатон сахмияхои рогунро мехаридед, ва е аккал ягон заводча месохтед ва е дар мансаб чой гтрифта иктисодиети ватанро равнак медодед,

agar in biyoyad hukumati viloyati sugdu uroteparo hamaashona uvolit kuned.

Вали
Ин Мардро барои даромадани Точикистон маън кунанд. Намонанд дигар даромаданд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)