Бахшҳо

Талаби Шодихон Ҷамшед, раиси Бадахшон, аз эътирозгарон

Шодихон Ҷамшед, раиси вилояти Бадахшон аз эътирозгарон дар Хоруғ хоҳиш кардааст, гирдиҳамоиро қатъ карда, пароканда шаванд.

Дар ин бора ба “Озодагон” манбаъ аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон хабар дода, афзуд, ки раиси вилоят ваъда дод талаботи эътирозгарон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Бо вуҷуд манбаъ афзуд, ки феълан эътирозгарон, ки ҳудуди 500 нафарро ташкил медиҳанд, дар назди бинои ҳукумати вилоят қарор дорад: "Бисёри гирдомадагон ҳатто шабро низ дар майдони пеши ҳукумат рӯз карданд."

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон 22-юми май бо пахши як изҳорот, нигаронии худро баён намуда, талаботи хешро пеш гузоштанд, ки матни пуррааш чунин аст:

Ҷомеаи шаҳрвандии Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз вазъи пешомада дар шаҳри Хоруғ нигарон буда ва бо ҳадафи пешгирӣ аз афзоиши таниш дар Бадахшон эълом медорад: Рухдодҳои маргбори рӯзи 21-уми май дар Хоруғ як иқдоми аз пеш барномарезишудаи ниҳодҳои интизомӣ барои фишор бар мардуми Бадахшон бо ҳадафи нишон додани нофармонии доимии бархе аз қишрҳои ҷомеъаи вилоят ба ҳукумати ҷумҳурӣ ва эҷоди фазои тарсу ҳарос, таслим ва итоати кӯркӯрона ба зӯр ва на ба ақли салим, адл ва инсоф барои ҳамзистии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аст.

Бо такя ба ормонҳои волои ваҳдати миллӣ ва сулҳу оштӣ ки дар Қонуни асосии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ шудаанд, ва бо дарки комили масъулияти шаҳрвандиву инсонӣ ва таъкид ба ҳамбастагии комил бо бародаронамон дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон, ҳамчун ҷузъи воҳид ва ҷудоинопазири Меҳанамон Тоҷикистон, талаб дорем:

1. Барои баррасӣ ва бозҷӯии рухдодҳои рӯзи 21-уми майи 2014 дар Хоруғ комиссияе муштарак аз намояндагони раёсати ҷумҳурӣ ва давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он ҷумла раиси ВМКБ Шодихон Ҷамшедов ва намояндагони сохторҳои қудратӣ аз як сӯ ва намояндагони ҷомеъаи шаҳрвандӣ, аз дигар сӯ, ташкил шавад.

2. Ҳамин комиссия амалиёти маргбори 24-уми июли соли 2012 дар Хоруғ ва ҳодисаеро низ ки як моҳ пеш дар ноҳияи Рӯшон иттифоқ афтод, таҳқиқ кунад ва барои пешгирӣ аз вуқуъи ҳаводиси мушобеҳ дар оянда чораҳо бияндешад. Ҳамчунин ҳуқуқи сиёсӣ ва иҷтимоии ширкаткардагон дар рӯйдодҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ барқарор карда шуда ва ба хонаводаҳои осебдида дар он ҳаводис ёрӣ расонда ва зиндониёни сиёсӣ озод карда шаванд.

3. Ҷаласоти изтирории Маҷлиси вилояти Бадахшон ва Маҷлиси шаҳри Хоруғ бо ширкати густардаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои баррасии вазъият дар ВМКБ дар робита бо истифода аз силоҳ дар маркази вилоят баргузор шаванд.

4. Ҳама кормандони ҳукумати ВМКБ ва ниҳодҳои амниятию интизомии вилоят ва шаҳри Хоруғ, ки дар бораи ин амалиёт аз қабл огоҳ буда, вале ҳеч гуна чорае барои муҳофизати мардум аз амалиёти низомӣ дар маркази шаҳри Хоруғ наандешидаанд, аз симаташон барканор карда шаванд.

5. Баёнияи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар ҳама расонаҳо мунташир шавад. Дар поён аз ҳукумати Тоҷикистон дархост дорем, аз пешдоварӣ дар бораи ин рӯйдод худдорӣ карда ва мунтазири анҷоми бозҷӯиву баррасӣ бошад.
Мӯҳр
барои тахкики одилона хучат лозим буд, ки онхоро дар бинохои асосии сохторхои кудрати оташ заданд. хадафи асосии оташ задани ин бинохо нобуд сохатани далелхо буд. баълан агар хамун чанд кочокчи ва чинояткор, ки дар махбасанд зиндонии сиёси ном дошта бошанд пас дигар ман харф надорам ба ин мардум. сиёсатмадоронашон чунин бошанд халки одиаш дигар чигуна бошад.

Мо низ андозсупорандагони точик, ки вилоятро мехуронему мепушонем (дотасияи давлати) талаб дорем, ки мардум акли солимро ба кор баранд, ба кори кормандони хифзи хукук дахолат накунанд, бинохои оташзадаро аз хисоби худ таъмир кунанд, халки гумрохро бо хар бахонаи дуруг ба хиёбонхо наоранд., ман сад дарсадбовар дорам, ки ин талабхои гузоштаи Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон неву аз намояндаи иттиходи аврупост, ки чанд руз кабл дар Бадахшон буд ва бо рекетхои ончо сухбат дошд. ХОЙ МАРДУМИ БАДАХШОН ХОЛОХАМ ДАР АСРИ САНГ ЗИНДАГОНИ ДОРЕД ??

Молодцыыыыыыыыыыыыыыыыыыыы Памирцыыыыыыыыыыыыыыыыыыыы

Дар ин талабномаи худ як банди дигар низ илова кунед:

Авбошоне, ки ба хотири сузонда нобуд кардани парвандахои чиноятии чинояткорони вилоят ва шахри Хоруг махз бинохои макомоти кудратиро ва мошинхои давлатиро оташ заданд, ба чавобгарии чинояти кашида шаванд то ба дигар майдаавбошон ибрат шавад.

in xalk tayori didand to imruza baroi suzondanu mitingu betartibi kujo nigoh kardan hukumatdoron???hamaashon boyad nazdi konun javob tiyand ham xalk ham hukumate ki xunuknazari kardaast yo hukumati pomir bo inhost???

Бекудрат
Агар ман кудрате медоштам бо чунин пешниходхои кардаи ин гурух медонистам чигуна муносибат кардан.Сад афсуз,ки дасткутохам.Шумо бо кадом аклу андеша чунин талаботхоро монда истодаед,чи ин шахр бедарвоза ва бесохиб хаст ки барои амали шудани ниятхои чиноятпешаи як катор авбошу чинояткор даст пеши бар гирифта лабай мегуяд...Бо чунин пешниходатон ХЕСТЕД КИ ХОБЕД! Безор карден катии хами митингхотон.

шиштан боз талаб мекунан?????????хамаша гирифта дар кунджи зиндон партоен!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Кулоби
Ин як пункти хохишхои Помирихо ки озодии Шерику Димон Ашуровро доштанд кучо шуд? Ё он бечорахо алакай кидат шуданд ва аз бахри он пунктам гузаштанд????

и эътироз барои чи рух додай

Салим
Охир наход аз Дангара як касро бурда дар Бадахшон раис мони?

рпатро
ин гурух худро ки мехисобад идорахои давлатиро оташ мезананду боз гапи инхора бинеда хамашона барои хиенат ба ватан суд кунанд чи уно халкану мо не мо талаб орем аз хукумат рохи инора гиранд мошинхои ино через дигар минтакахо озод мегузарану уно хамаи мошинои д игара гам метиян

Собир
Хамин Бадахшон барои чумхурй чй фоида меорад, ки барои ду чинояткори гершик ин кадар доду фарёд мекунанд? Хам чиноят мекунанду хам овозашон баланд. Айб аст бародарони бадахшй. Аз бучети чумхурй пул чудо нашавад, аз гушнагй мемуред...

Чинояткорро дар Русия хам мезананду дар Амрикою дар Олмону Фаронса хам. Ещё как?! Дар Чечня бинед нисбати чинояткорон чй еор мекунанд. Дар Амрико ахли оилахояи чинояткоронро руз намедиханд. Ин бадахшихо на самом деле гузаронданд. Генерали точика мекушанд, гапе нест. Хамин авлоди генерал барои чи митинг накард???? Хар кас метонад митинг. Лекин мардуми мутамаддин аз руи конун кор мекунад. На аз руи конуни чангал!

gggggh
Собир,
Шуморо безор кардагианд,шумо гап задан наметавонед,агар ягон КАС гап запад катии оилаашон ГУМ мекунанд,илочу давно надорен'

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)