Бахшҳо

Марги Фрайдун Абдурасулов... ва тирпаронӣ дар назди бинои КДАМ

Наздикони Фрайдун Абдурасулов – яке аз афроди боздоштшуда дар пайи тирпаронии рӯзи 21 майи соли ҷорӣ дар Хоруғ, ки дар бемористон бистарӣ буд, аз даргузашти ӯ хабар доданд. Аммо иллати марги ӯ то ҳол эълон нашуда, мақомот низ чунин иттилоъро тасдиқ ё такзиб накарданд.

Ҷалолиддин Садриддинов, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар посух ба суоли мо дар ин замина гуфт, “аз субҳ боз ба мақомоти Хоруғ занг мезанем, касе ҷавоб намедиҳад”. Ин дар ҳолест, ки ба қавли наздикони Фрайдун, захми ӯ дар муқоиса ба дигар иштирокдорони ҳодисаи 21 майи соли ҷорӣ хеле сабук буд. Мақомоти умури дохилӣ оқои Абдурасуловро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам медонистанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, шаби 23 ба 24 май, дар пайи хабари марги Абдурасулов тирпаронии навбатӣ дар кӯчаи Ленин, наздикии бинои Раёсати амнияти миллӣ дар Хоруғ, сурат гирифтааст. Ба қавли сокинони маҳаллӣ, дар пайи ин тирпаронӣ Азамат Паллаев сахт ҷароҳат бардошта, баъдан ҷон бохтааст. Онҳо мегӯянд, инчунин, ронандаи як “Мерседес” низ дар ин тирпаронӣ маҳруҳ шудааст.
Мӯҳр
САРБОЗИ ЧАВОН
ТОЧИКИСТОНИЁН!!! МАРДУМИ САРБАЛАНДИ БАДАХШОН!!! БИДОНЕД ВА ОГОХ БОШЕД: Баъд аз сузонидан ва хароб кардани бинохои суд, прокуратура, милиса аз тарафи гуруххои вайронкор - чинояткор (гуруххое, ки кочокбарони маводи муходдирро дастгири менамоянд) акнун хостанд бинои РКДАМ дар ВМКБ - ро низ оташ зананд. Ба онхо ки хак додааст, ки сузонанд, хароб кунанд??? Барои сохтумони ин бинохо пули мардуми точик андози миллати точик сарф шудааст. шумо хамагон медонед, ки 80 % ВМКБ дар додатсияи давлати аст. ОЗОДАГОН!!!! озод бош ва хар гуна "гапи сокини махалиро" инчо наор!!! ба хар як одами каме боакл маълум аст, ки сокини махали дифоъ аз чавонони худ мекунад ва хеч вакт онхоро "сиёх"намекунад!!! Ин психологияи авлодиву ачдодист... АСЛИ ВОКЕЪА ин аст: Ин Азамати Паллаев маъруф бо Азамати Палла ниммаи шаб ду "коктейли молотов" диккат кунед хамон аслихае, ки майдони Украина дар ибтидо истифода мекард, ба РКДАМ хаво медихад. Кормандони РКДАМ табии дар чавоб тир мекушоянд. ИН ХАККИ ОНХОСТ, КОНУН БА ОНХО ИЧОЗАТ ДОДААСТ. Нигох карда истанд, ки кай бино оташ мегирад???? бетарафи кунанд? нисбат ба давлат, миллат, сохти конститутсиони???? коктейлхо низ таркидаанд ва каме бино зарар дидааст. боз дертар мошинаи тамгаи МЕРС ки боз хамон чавонхои бадахлок (на хама чавонони ВМКБ бадахлоканд) чун мебинанд бино оташ нагирифт аз мошин РКДАМ ро тирборон менамоянд! бо автомати калашников!!! дар оташи чавоби машина аз рох берун шуда садама рух медихад. инчо низ мачрух мегарданд...
ЖУРНАЛИСТОН!!!! БАС АСТ халки бадахшонро аламдида ба калам додан! хеч кас намехохад оромиро халалдор намояд. лекин чавонони бадахшон омили нооромихо шуда истодаанд. инро бояд бигуем ва хама бояд БИДОНАНД!!!!! ОЗОДАГОН агар такдири миллату давлат бароят мухим бошад, озод боши, демократия бошад ин шархи маро нашр кун!!!! интизор мешавам

вгыгы
Факат рахгузар хаст дар Хоругу гирдихамомадагон кучо бошанд?

Балхиё
Ай мардуми Помир бахуд биоед! Нотинчи бакасе даркор нест! Аклаторо кор фармоед!

charo tashkil kunandagoni in betartibi dastgir yo nobud nashudand???????

ba amniyat tir xoli kardagihoro kaped sardoroni guruhashonro meyobed.az kujo avtomatu granata ovardan inon???

Шоҳид аз ҷои ҳодиса
ОЗОДАГОН каме инсоф кун. Наход шумо журналистон ҳамон қадар кам ақл бошед. Дар мақола мегуед, ки роҳгузар кушта шуд. О дар соати 1:30 ё 2и шаб ки дар куча мегардад, дар ҳолате, ки вазъият ноором аст. О ин ҳамон сабилии Азамати Палла ҳаст, ки ба қочоқу, ҷиноятҳои гуногун даст дорад. Барои чӣ маҳз ҳамин одам роҳгузар мешавад??? Камтарак инсоф кунед агар шумо дар тан каме хуни тоҷикӣ дошта бошед ҳаққи ҳолро нависед.

Дар асл проблема дар бадахлокиву беакливу беинтизомии чавонон дар вилояти Бадахшон нест. Агар хадамоти дахлдор дар Хоруг вазифаашонро аз руи вичдону инсоф ичро мекарданд, холо ин кадар чавонон чони худро бой намедоданд ва бинохо хароб намегаштанд. Дар тачриба корхои фаври-оперативи хаст. Инро ба фикрам ба милисаи точик омухтаги нестанд. Ана бесаводи ва бесалохиятии хадамоти хифзи хукук. Аз фаъолони пешинаи милисаи точик ибрат ва сабак гиред. Ва ё дар семинару дарсхо иштирок намоед. Умуман милисаро бо тамоми буду бохташ бояд Чаноби Олии бархам дихад. Вазорати навро Чаноби Оли бояд аз профихо ташкил дихад.
Ба наздикони мархумон аз харду тараф сабри чамил аз Зоти Пок хохонам.

Jon
Мардуми Хоруг бисьёр мастии бад накунед, хамон авбошо фарзандони Шумоянд, боз аз хона бо пой ва бахона дар тобут мебинед фарзандони бадахлокатонро, хар масти пасти дорад. Чизе, ки хостесед хукумат карда истодааст, шукргузор бошед!!!!!!

сарбоз
Хаводиси Хоруг дар расонахои хабарии чахон дар сархати аввал аст. Назархо оид ба ин хаводис мухталифанд. Афсус, ки баъзе ашхоси дар нохунак гамхори мардуми Бадахшон, аз кабили Алим Шерзамонов ба ин ходисахо равган мерезонад. У имруз мехохад боз чавонону наврасонро бо суханони бемантику бепояи худ рохгум созад.Халим ту шарм намедори, ки бо чунин тангназарию бехирадии худ худро муриди Хозиримом мегуи. Маънию фалсафаи мазхаби исмоили сулху ороми ва рузгори хуши одамон аст. Аммо аз забони ту факат буйи гализи чангу борут меояд. Хайфи чунин муриди Мавло.

Салом ахли Озодагон! Аввалан озод бош! Бародарони Бадахшон, аз чанг касе фоида нагирифтааст. Бас будагист бетартибихову харобкорихо . Ба шумо касе хак надодааст, бинохои макоти даватиро оташ занед КДАМ ин полис нест вакте хамла овардед онхо мачбуранд тир кушоянд ва чунин низ шуд, ки натичааш ба шумо маълум аст. Бояд аз роххои осоишта истифода бурд на ба рохи зуриву девонаги. Боз илтимос мекунам аз мардуми Шарифи Бадахшон Бадахшонро ба майдони Украина табдил надихед. Чун имруз холати Украинаро мебнем ба як кучаи сарбаста мубтадил гаштааст.

Милисаи Бадахшон
Мардуми Бадахшон боакл бошанд чинояткоронро худашон дастгир карда ба макомот месупоранд. Сузондан рохи халли масъала нест. Агар тарафдори чинояткорон бошанд, курбонй боз зиёд мешавад. Акли солимро ба кор дароред.

Аслан ин корхо аз бекори рух медиханд Дар вилоят 90% чавонон бекoр Гуё дар ончо ягон одам маьлумоти оли надорад. кадрхоро аз дангараву душанбе таин мекунанд Дар сохторхои кудрати ягон одами тахчои намондаст холо он ки хар сол садхо чавонони ГБАО донишгохоро хатм мекунанд Проблемаи асоси ин таиноти кадри аст ки тамоми точикистонро ба ришвахури печондааст

Ин вокеа маро низ мачбур кард, ки сари ин андеша кунам. гарчанде, ки ман намехостам, чун ки борхо ибрози назар кардаам, аммо озодагон нашр намекунад. Озодагон ин дафъа низ интизор мешавам. Мардуми Бадахшон хамааашон бад нестанд, баръакс хубашон бисёртар аст. Танхо хамон минтакаи худи Хоруг мехоханд, ки ба Афгонистон гузаранд. Онхо мехоханд, ки мисли афгонхо хариду фуруши нашъаву героинро озод ба мисли ширу чакка дар бозорхо ба рох монанд. Манзур ин аст, ки намехоханд хукумат сари онхо рохбар бошад, намехоханд, ки сарвари мо сарварашон бошад. пас хамин хотир доимо дар тобистон чанг мекунанд. Боки худо хофиз оромии Точикистонро мехохам.

Собир
Аcоси-ноамни-ин-пеш-аз-хама-бекорисит.Бекори
-бошад-чавононро-ба-хар-чиноят-тела-
медихад.Сари-ин-масъала-бояд-тамоми-чамъият
-андеша-кунад.Бас-аст-чойхона-ва-мехм
онхонасози.Мисли-туркману-казок-ва-даврони-
шурави-корхонахои-калони-истехсоли давлати-ки-кишвархои-пешрафтаи-олами-сармо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)