Бахшҳо

Дархости сокинони маркази Бадахшон аз Шерхон Салимзода

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Бадахшон дар мулоқот бо Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, далели аслии нооромиҳои ахири Хоруғро натиҷаи ҳаводиси соли 2012 унвон кардаанд.

Бибисоро Сабзалиева, равоншиноси тоҷик, гуфтааст, он чизе, ки рӯзҳои охир дар ин минтақа рух медиҳад, омили аслии он ҳаводиси моҳи июни соли 2012 мебошад. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ин ҳаводис ҷавонони Бадахшон дар вазъи номуедию нобоварӣ ба ҳукумати худ қарор доранд: “Дар он ҳаводис маълум шуд, ки ҳукумат бо онҳо чӣ кор хоҳад кард. Касе дар фикри онҳо несту андешаи табобат ва дар кадом вазъ қарор доштани онҳо ҳам касеро нигарон намекунад.”

Азиз Гулмаҳмадов, нафақахӯри тоҷик, низ дар таъйиди суханони Сабзалиева сабаби сар задани чунин ҳаводис дар Бадахшонро набудани ҷойҳои корӣ арзёбӣ карда, хостори таъсиси корхонаву фабрикаҳо дар ин минтақаи кишвар шудааст. Дар ҳамин ҳол, Азиз Ғиёсов, намояндаи созмони ғайридавлатӣ изҳор доштааст, ки нисбат ба ҳукумату давлати худ эҳтиром қоил ҳаст, аммо барои ӯ ҳанӯз равшн нест, барои чӣ нерӯҳои мусаллаҳи давлатӣ соли 2012 давоми 17 соат шаҳрро тирборон карданду касе барои ин амалиёт узрхоҳӣ накард.

“Азбаски мушкилоти ҳаводиси соли 2012 ҳанӯз ҳалли худро наёфтааст, то ҳол миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомот якдигарфаҳмӣ вуҷуд надорад”,-афзудааст ӯ.

Инчунин, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Бадахшон аз сатҳи пасти касбияти мақомоти қудратӣ ба Салимзода шикоят карда, гуфтаанд, сокинон боварии худ ба мақомоти судию додситонӣ ва амниятии кишварро аз даст додаанду ба ин ниҳодҳо эътимод надоранд. Додситони кулли кишвар низ дар навбати худ ба муайян ва дастгир кардани омилони ҳодисаи 21 майи Хоруғ таъкид карда, гуфтааст, айни ҳол гуруҳи муфаттишон ин қазияро таҳқиқ доранд.
Мӯҳр
ОЗОДАГОН ГАПХОИ МАНА ЧОП КУН!!!!

Хукумат мохи ийюни соли 2012 хато кард, инхоро назад. Аз помир ягонта ватандуст намебарояд, хукумат бошад вазифашон метияд.

На танхо сокинони Бадахшон, балки аксари кулли сокинони кишвар ба мақомоти судию додситонӣ ва амниятии кишвар эътимод надоранд. Ин макомот кайхо эътимоди худро аз даст дода буданд.

sanghoi kimatbahoi tojikistonro 20-soli oxir kashidavu duzdida kujo karded ki zavodu fabrika nasoxted.akalan viloyati xudro zebo nakarded.demokratiya megued pas hama korro ba hukumat bor nakuned.

Човандоз
Чинояткорро дастгир карданй мешаванд, боз ин врохо мегуянд, ки узр пурсед. Хестед, ки хобед. Ин хукумат кувва дорад ва метавонад, ки хама гуна чиноятро саркуб намояд. Бинед, ки Украина Донетскро ба хок яксон мекунад. Касе тарафашро намегирад, зеро ки хак нестанд. Какой чавонони Хоруг? Чавонони Хоруг дар Русия гаштиян. Аз номи онхо факат вилоят ва чумхурй метавонад гап занад.

Дар чанги шахрвандии солхои 90-ум хамино аввал сар карданд, Навчувоновро бахона карда мардумро хезонданд, баъд худашон мусичаи бегунохбарин оромакак акиб шиштан, какбудто бегунохан,... имруз ки Точикистон дубора обод шуда истодааст, хама дар канори хукумат сарчамъ шуда аз паси ободи хастанд, инхо бошанд чашмашон сих зада боз сар карданд... Ино мора руз наметан Дар вокеъахои соли 2012 низ аввал худашон гунахкор хастанд. Аввал ки одамкушира сар кард? Ки корманди хукуматро азоб дода кушт? Нокушта намекуштем !!! ( Озодагон хохишмандам суханони маро набурида чоп кунед)

амин ванджиёра баран дар амунджо худжаин монан ин мардума тез дар рамкаи одами медроран!!!!!!!!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)