Бахшҳо
29 май 2014 17:54Тоҷикистон / Сиёсат

Сафир: “Ҳаводиси Украина бо ҷанги дохилии Тоҷикистон монандие надорад”

Виктор Никитюк, сафири Украина дар Душанбе, гуфт, наметавонад бесарусмониҳои кишварашро ба ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон монанд кунад. Ӯ ин ҳарфҳоро дар нишасти хабарии 29 май дар Душанбе баён дошт.

Ба қавли Никитюк, дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар Тоҷикистон фазои дигар буд ва он монандие ба ҳаводиси кунунии Украина надорад. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар дар ҳамоиши ғайрирасмии Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Маскав гуфта буд, “мо аз рухдоди ҳаводиси ахир дар ин кишвари пасошӯравӣ амиқан нигарон ҳастем. Ин раванд барои Тоҷикистон ошност, ки дар оғози ба даст овардани истиқлолият ба даргирии мусаллаҳона оварда, кишварро бо мушкилоти сахти иқтисодию иҷтимоӣ рӯбарӯ карда буд.”

Оқои Никитюк дар ин нишасти хабарӣ хабарҳо дар бораи эҳтимоли иштироки баъзе аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои кишварашро рад кард. Ӯ гуфт, ин иттилоест, ки ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Сафири Украина дар Тоҷикистон афзуд, баъд аз расман ба кор шуруъ кардани ҳайати ҳукумати нави кишвараш, ҳеч тағйироте дар муносибати Киев бо Душанбе дар назар нест.

Вай бо ишора ба изҳороти намояндаи мақомоти амниятии кишвараш дар мавриди эҳтимоли хориҷ шудани Украина аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) гуфт, ин масъала дар назар аст: “Дар воқеъ, Украина бештар барои ҳамгироӣ бо Аврупо талош мекунад. Аммо ин маънои онро надорад, ки Киев дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ИДМ сиёсати худро тағйир диҳад. Агар Украина аз ҳайати ИДМ барояд, равобит ва ҳамкории худро бо давлатҳои аъзои ИДМ тағйир нахоҳад дод.”

Никитюк гуфт, берун шудан ва ё боқӣ мондани Украина дар ҳайати ИДМ аз қарори ниҳоии Радаи Олӣ, яъне парлумон, вобаста аст. Виктор Никитюк илова кард, баъди расман эълон шудани раисҷумҳури тозаинтихоб, Укрина барои беҳтар кардани муносибати худ бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Русия кӯшиш мекунад: “Амнияти ҳар давлат аз амният ва муносибат бо ҳамояаш вобаста аст. Аз ин хотир, мо ҳам талош хоҳем кард, то ҳамкории худро бо Русия идома бидиҳем.”

Оқои Никитюк мегӯяд, баъди ба фаъолият шуруъ кардани ҳукумат, Укрина барои баргардонидани Қрим ба ҳудуди худ шуруъ мекунад.
Мӯҳр
Мухаммад
Единая Украiна единая страна

Крым это Украiна

Мухаммад
С.Н.Г яъне (содружество независимых государств) Ха-Ха-Ха Хандам мегирад.Чаро чун,ки андеша кунед( содружество) яъне бо хам дуст будан хуб; Руссия-Гурчистон. Руссия-Укроiн.Арманистон-Озорбойчон.Киргиз

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)