Парвандаи нав алайҳи Зайд Саидов аз сӯи Оҷонсии зидди фасоди молӣ

Вакилони Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон, мегӯянд, мақомоти тоҷик алайҳи нафари таҳти ҳимояташон парвандаи нави ҷиноӣ оғоз кардаанд. Ба иттилои вакилони мудофеъ, парвандаи нав алайҳи зерҳимояашон аз рӯи моддаҳои 247 қисми 4 (ғоратгарӣ дар ҳаҷми махсусан калон, ки аз 12 то 15 соли зиндон бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад) ва моддаи 340 қисми 2 (сохтакорӣ, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад) оғоз шудааст.
Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони дифои Саидов, мегӯяд, баъд аз пофишории зиёд 28 майи соли ҷорӣ муфаттиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ онҳоро бо қарор дар бораи парвандаҳои нав шинос намудааст: “Дар қарор зерҳимояи мо – Зайд Саидов чун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷет, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста шудааст.”
Ин дар ҳолест, ки вакили дифоъ таъкид мекунад, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст. Қудратов илова намуд, зерҳимояаш давоми рӯзҳои охир мавриди пурсуҷӯ қарор дошта, на ҳамаи саволҳои мақомоти тафтишотӣ ба парвандаҳои нав марбутанд: “Аз мазмуни ин саволҳо бармеояд, ки тафтишот ба шахсияти соҳибкори украинӣ Фирташ Димитрий мароқ зоҳир намудааст. Аз ҳамаи саволҳое, ки муфаттиш аз Саидов пурсида истодааст, мо гумон дорем, ки мақомоти тафтишотӣ аслан мақсади муқаррар намудани маълумоти зиёд оиди дороии Фирташ мебошад.”
Дар ҳамин ҳол вакилон ин парвандаҳоро дар ҳоле нав арзёбӣ мекунанд, ки муфаттишон гуфтаанд, ин парвандаҳо нисбати Саидов ҳанӯз моҳи январи соли равон оғоз шудаанд. Зайд Саидов, соҳибкори тоҷик баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ моҳи майи соли 2013 боздошт ва моҳи декабр ба 26 соли зиндон маҳкум шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |