Пирӯзии Акбархӯҷа дар озмуни "Идоракунии самаранокии сарватҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ"
Акбархӯҷа Саидалиев, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров ғолиби озмуни байналмилалии донишҷӯёни макотиби олии кишварҳои Осиёи Марказӣ шудааст.
Бино ба иттилои расида, Ғафуров аз миёни 11 довталаб аз Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Афғонистон беҳтарин шинохта шудааст. Озмуни “Идоракунии самаранокии сарватҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ” бо ташаббуси Донишгоҳи қазоқистонию олмонӣ дар шаҳри Алмаато баргузор гардид. Акбархӯҷа Саидалиев дар 5 марҳилаи саволҳо, ки беш аз 100 саволро дар бораи қонуну эъломияҳо оид ба об, сифати об, тағйирёбии иқлим ва об, энергетика ва об, хоҷагии қишлоқ ва об, дар бар мегирифт, ҷавобҳои мушаххас дода, сазовори ҷои аввал ва диплом гардидааст.
Акбархӯҷа Саидалиев дар факултаи ҷуғрофия ва экология аз рӯи ихтисоси географияи сайёҳӣ ва менеҷменти саёҳатӣ таҳсил мекунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |