Бахшҳо

ВИДЕО: Моника, ситораи синамои Ҳинд, Исломро пазируфт

Моника Рекха Марутхираҷ, ҳунарпешаи маъруфи синамои Ҳиндустон аз шоу-бизнес канор рафта, Исломро қабул кардааст.

“Ман Исломро на барои муҳаббат ва на барои пул қабул кардаам. Ман чунин инсон нестам. Ба ман принсипҳои Ислом писанд омад ва барои ҳамин онро қабул кардам. Аз ин баъд дигар дар синамо бозӣ намекунам, ҳарчанд қалбам ҳоло ҳам барои он метапад, аммо тасмимам қатъист”,-гуфтааст ӯ, зимни як нишасти хабарӣ. Times of India мегӯяд, Моника, акнун номи Раҳимаро дар худ гирифтааст.

Марутхираҷ карераи худро дар синамои ҳинд замони тифлияш оғоз кардааст. Теъдоди синамоҳое, ки нақш офаридааст аз 50 бештар гуфта мешавад. Ӯ дорандаи ҷоизаи беҳтарин нақши кӯдакона мебошад.

Ҷои тазаккур аст, ки моҳи феврали соли равон ҳамчунин аз мусалмон шудани мусиқанавози шинохтаи ҳинд Юван Шанкар Раҷ хабар расида буд. Ҳамчунин, бастакор А.Р.Раҳмон, ки ҳамчун “Мотсарти Мадраса” маъруф аст, ахиран Исломро қабул кард. Ӯ қаблан Дилип Кумар ном дошт.


Мӯҳр
Мошшолох!!! Худованд сафи мусалмононро зиед кунад.

Эшон
Муслим, Дуруст кайд кардед Александриец)). Илохо сафашон зиёд гардад, омин!!!

Муслим
Харкиро хидоят кунад Худо нест уро гумрох кунандае, харкиро гумрох кунад Худо нест уро хидояткунандае! Хар касеро, ки назари рахмати Худо насиб гардид, фарке надорад у будпараст аст ва ё оташпараст сохиби имон хохад гашт.

banda
ALLOHU AKBAR. Dar TJ boshad ba nom musalmonnan

Куруши Кабир
Ин хама таблигот аст ва нишонаи заифии дини ислом дар асри дастовардхои бехамтои илми мебошад.

Исфараги
Куруши Кабир,дастовардхои илми ба дин вобаста нест.агар заррае акл медошти харгиз чунин фикрхои бефаросотонаи худро намегуфти.ранги ту атеистон зиёданд.лекин хар яке аз онхо вакти мурданаш наздик ояд масчид рафта ба нолаву тавалло медарояд.

Эшон
Куруши Кабир,
Чи хе лнишонаи заифии Ислом? Балки нишонаи бузургист, мухтарам файласуф!

Ачибаст, ки дар кишвархои гарбиву осиё мардумонашон мусалмон мешан Исломро мешиносану мепазиранд ва тибки талаботи дин зиндаги огоз мекунанд чунки онхо фахмиданд ки хушбахтиву саодат танхо дар хамин рохаст, вале чавони дар Точикистон сарсону саргардонаст чунки ислом барояш Ирси расидааст гумон мекунад Ислом ин танхо ба ном буданаст бо жестхои гуногун ва оростани сару руяш машгуласт Аз хаё бегона пирони кухан, Навчавонон чун занон машгули тан. ин кадар неъматро истифода мебаранг вале ба худ боре савол намедиханд ки оё дар хамин дунё вазифае доранд ё не.

Офарид хонандагони тоҷик ёд гиранд ва ибрат ки як бутпараст ба инҷо расидааст аммо шумо ки авлоду аҷдодатон мусулмон рӯ ба куфр овардаистодаед! Шарм кунед ва Исломро қабул кунед ва худро аз азоби ҷаҳаннам наҷот диҳед.

Куруши Кабир
Исфараги. Ту одоби сухан гуфтан надори ва боз ба дигарон акл ёд медихи. Дар чахон зиёда аз 1 миллиард мусулмон аст ва бо як нафар зиёд шудан ё кам шудан ислом на бой мешавад ва на камбагал. Магар дар ислом аз ин масъалахои мухимтар нестанд, масалан акибмондагии кишвархои исломи, кашоки ва паст будани сатхи зиндагии онхо ва дахо мушкилоти дигар. Чаро шумо дар бораи ин масъалахо гап намезанед ва рохи аз кашоки баромадан ва бомаърифат шуданро ба мардум нишон намедихед. Шумо ба мардум бихишт ваъда мекунед, аммо зиндагиашонро дар ин дунё ба дузах табдил додаед.

Исфараги. Илм бо дин иртибот дорад. Дар мавриди пайдоиши оламу одам илм дастовардхои зиёд дорад ва тасаввуротхои дини дар ин масъала ки дар даврахои кадим ба вучуд омадаанд хеле содда менамоянд ва ба онхо бовар кадани инсони асри 21 то рафт душвортар мешавад. Ин мушкили на танхо ислом, балки хамаи динхо аст. Бо таблиготи содалавхона аз кабили фалон нафар мусулмон шуд ё дар дар танаи гусфанд Аллох навишта шудааст ин мушкилот хал намешавад. Масъала аз он чиддитар аст ки шумо тасаввур мекунед.

Исфараги
Куруши Кабир,
Бори дигар Бовари хосил кардам,ки на акл дориву на фаросат!Хохиш мекунам ОЗОДАГОН бе кайчиву тахрир суханхои маро руи сахифа оред.Айб дар Ислом нест,дар мусалмонии мост.Дар Ислом аз чумла КУРЪОНИ ШАРИФ омадааст,ки хамеша талаби илм кунед."Аз гахвора то ба гур илм рмузед"Мухаммад СА.Зкамонхое,ки илми мамолики исломи дар пеш буд намояндагони дигар миллатхо карнхо окибмонда буданд.Холо низ давлатхои пешрафтаи Исломи зиёданд аз чумла Индонезияву,Аморати Араб,Ирон ,Турция,Покистон ва гайраву хоказо.Ман намедонам ту баринхо пешравиро дар чи мебинед!?Дин барои РУХИ инсон аст.Бисёрии бузургони дунё аз чумла шахсоне,ки барои пешравии техникии аврупову Има даст доранд исломро кабул кардаанд.Он давлатхои окибмондаи исломие,ки дар ончо чангу чанчол аст,кори дасти яхудон ва итифокчиёни онхост,ки обро лой карда мохи медоранд.Яъне боигарии он давлатхоро мекашонанд.Давлатхо кашшоки насрони даххо маротиба аз давлатхои окибмондаи исломи зиёданд аммо ранги ту душманони ислом харгиз инро ёдовари намекунанд.Мисол дар Кореяи шимоли ИСЛОМ нест,лекин ончо гуруснагист,.Давлати аз хама кашшоктарини дунё Зимбабве мебошад,ки ахолиаш христиан аст.Баъди Зимбабве Либерия меистад,ки ахолии ин давлат низ 85 фоиз христиан аст, ва гайраву хоказо.Лекин чяашмони шумо инро намебинад.Ба гайр давлатхои аврупои дигар тамоми мамолики дигари хористиани хама аз давлатхои исломи ё окибанд,ё ки ранги хаминхо.Боз мегуям ДИН ин гуфти РУСХО "образ жизни"Тарзи зиндагии чисми ва рухии инсон аст ва ба пешрави ва окибмонии чомеа УМУМАН дахле надорад.Сари лучи куни луч дар байни мардум бусобуси кардану секс кардан ин нишонаи пешрави НЕСТ.Ва боиси пешрави низ нест.Ё ки туйхои хамчинсон.Аз хичоб пушидани духтарон дониши онхо,акли онхо кам намешавад.бАРЪАКС шарму иффати онхо зимёд мешавад.

Куруши Кабир
Исфараги. Аввалан одоби сухан гуфтанро риоя кун. Ва аммо баъд агар мусулмонхо ба чои чангу чиходхои бемаъни аз руи гуфтахои Курони карим дар талаби илм мебуданд, мисли аврупоиён киштии кайхони, телефони мобили, интернет ва гайра ихтироъ мекарданд. Давлатхои исломие, ки шумо номбар кардед чандон пешрафта нестанд, чунки тамоми дастовардхои техники ва фанниро онхо аз гарб гирифтаанд. Идао дар бораи исломро кабул кардани олимони бузурги гарб беасос ва таблиготи соддалавхона аст. Дар мавриди он ки дин барои рух аст як хадиси пайгамбар аст: Ба хонае, ки кашшоки аз дар даромад, имон аз тиреза мебарояд. Хичоб як навъи либос аст ва он наметавонад пеши рохи бадахлокиро гирад, ин корро факат тарбияи дуруст метавонад ичро кунад. Кашшоки метавонад боиси афзудани бадахлоки дар чомеа гардад. Баланд бардоштани иктисодиёт, сатхи зиндагии мардум, илм ва фарханг барои кишвархои исломи як амри вочиб ва такозои замон аст.

Куруши Кабир
Исфараги. Вокеан дар се асри аввали ислом кишвархои мусулмони, аз чумла давлати Сомониён пешкадамтарин мамлаатхои чахон буданд. Аммо масъала дар он аст, ки чаро имруз кишвархои исломи аз шохрохи тараккиёти чахони акиб мондаанд. Барои аз ин бухрон баромадан чи бояд кард? Шояд вакти он расидааст, ки мусулмонон аз чиходи катлу куштори бемаъни. хурофот. таассуб,ифротгари ва оштинопазирии мазаби даст кашида, ру ба маърифати исломи ва илму фан намоянд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)