Бахшҳо

ВИДЕО: Шикояти Баҳром Ғафурӣ аз болои Валӣ, овозхони афғон

Баҳром Ғафурӣ, овозхони шинохтаи попи тоҷик, аз болои сарояндаи афғон -- Валӣ (Valy) барои дуздии як таронааш бо номи “Дар ин замона” шикоят бурдааст.

Дар ин бора ба “Озодагон” Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати “ТопМедиа” ва продюсери Баҳром Ғафурӣ, иттилоъ дод ва гуфт, шикояти онҳо рӯзи 4 июн ба “VSP Group” ирсол шудааст. Ин ширкат, ба гуфтаи Зеваров, аз ҳуқуқи муаллифии тамоми овозхонҳои ҷаҳон ҳимоят мекунад.

Баҳром Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Ӯ соли 2011 ва 2014 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, бори аввал "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" ва дафъаи дувум “Беҳтарин сарояндаи мард аз Тоҷикистон” шинохта шуд. "Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд. Баҳром Ғафурӣ дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ ҳам нақш бозидааст.


"ДАР ИН ЗАМОНА"-И БАҲРОМ ҒАФУРӢ:



"ДАР ИН ЗАМОНА"-И ВАЛӢ:

Мӯҳр
Зафарча Кулоб
Шикоят бурдани овозхони тоҷик ин қобили қабул нест, зеро холо мо бо ин тайёр нестем. Чунки дар ҳозира дар Тоҷикистон ҳама аз сурудҳои овзхонҳое, ки мақули дилашон аст васеъ истифода мекунанд, махсусан дар туйҳо. Масалан Шабнам чандин сурудҳои манро мусиқиашро каме тағйир дода хондааст ман аз боли Шабнам шикоят накардам ку. Аз ин ру дар ин радиф ман Баҳромро дастгирӣ намекунам. Агар ба иззати нафси касе расида бошам манзарат мепурсам. belay

ц
Хамин хам суруде шуд, ки барояш чанчол бикуни?

Шабнам
А бача гумш кн акаи Зафар ма кадом суруди Шумора, ки хондам ай Шмо иҷозат гирифтагиум. Бо дар суд пуд натенма.

Saif
о кайд кардаги -ку, ки матн ва мусики аз Б Гафури ва Вали, аст хайр бо илова кардай хечгапне -ку )))))

Ҳофиз
Хайрият Валӣ ин шеъро хондааст, камтар дам гирифтем. Набошад. Баҳром тамоман маъқул нашуд

Фахр кунед, ки ин сурудатонро бо садои хубу оханги хуб сароидааст. Бо садои намешудании шумо ин сурудро касе ба фикрам гуш намекард

Вайс
шармандаги, айба надониста шикоят бурдааст, ин дар холест, ки кариб хамаи сарояндагони чавони точик сурудхояшон дузди аст

Али
Вали яке аз овозхонхои машхури шинохташудаи хавзаи форсизабонхои чахон ба хисоб меравад, ин амали Бахромчон беаклие беш нест. Репертуари аксари Шумо аз овозхонхои афгони ва махсусан Фарходи Дарё аст, вайхо парво надоран ку, баракс хуш мешаванд, ба кавли Фарходи Дарё ё Амирчони Сабури. Агар кори илми мешуд ин гапи дигар буд ва плагиат хисоб меёфт. Дар ин чо гапе нест, наздиктар шавед, дуст шавед, фархангро тарвич кунед, Бахромчон. Ба мисли Вали машхур ва дар калби милёнхо форсизабонхо чойгир шавед. Ин аст бузургии хунарманд!

Дузд
шарманда кард ку

Агар дигар сарояндахои хоричи артисхои моро дар суд медодан бисёр нагз мешуд барои онки кариб хамаи артисои мо худашон аз хамон хоричихо медуздану мехонан

aba4a aybaye chomekni baroi yak surud sudbozira shabnam4andin surudhoi afgonira xonday az aminjon saburivu digarosh kase shikoyat nakardaast ku prosta obrui xdt mereza bahrom

АМОН
иН БАХРОМ ХУДРО ХОНАНДАИ ЗУР ГУМОН КАРДА ИСТОДААСТ.ВАГАРНА БОЯД ШОД МЕШУД.

Садри
Ин ширкат "VSP Group" дар кадом асос аз овозхонхо химоят мекардааст?

Бачои Боло
Агар овозхонҳои хориҷи, махсусан овозхонҳои авғон агар оиди ин масъала судбози кунанд дар Тоҷикистон Хофиз намемона, зеро қариб тамоми сурудҳои Садридин Н., Шабнами С. ва дигару дигарҳо аз Аҳамад Зоир ва Ф.Дарёву дигар сарояндаҳои шарқ мебошанд аз ин рӯ кори Бахром Ғ. нодуруст ва хуб мешуд аз ин шикояти худаш даст мекашид. Чунки худашро ба мисли "ЗОҒИ СИЁҲ" мекунад. УЗРРРРРРРРРРРРРРРРРРР!!!!

Миршароб
Мавкъи вазорати фарханг дар ин мавзуъ чигуна бошад оё аз овозхон химоят мекунад ё...?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)