Оғози мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Усмонӣ
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Зирор Аҳмад Усмонӣ, вазири умури хориҷии Афғонистон, ки бо сафари расмии чаҳоррӯза дар Душанбе қарор дорад, дар Қасри миллат оғоз шудааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳур хабар дода, афзуд, ки аз ҷузъиёти ин мулоқот баъди анҷоми он хабар пахш хоҳад шуд.
Дар маҷмуъ Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, зимни сафари Усмонӣ ҳамкориҳои Душанбею Кобул дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, энергетика, маориф ва амнияти минтақа баррасӣ хоҳанд шуд.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст, вазири умури хориҷии Афғонистон дар доираи ин сафари худ бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷӣ, Шариф Раҳимзода - вазири рушди иқтисод ва савдо, Хайрулло Асозода - вазири нақлиёти кишвар низ мулоқот намояд. Дар назар аст сафари Зирор Аҳмад Усмонӣ ба Душанбе то 7-уми июн идома ёбад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |