Бахшҳо

Эътирозгарони Хоруғ мақомотро дар аҳдшиканӣ муттаҳам мекунанд

Эътирозгарони Хоруғ мегӯянд, мақомот аҳдшиканӣ карда, бо пахши изҳорот дар баъзе расонаҳо қумандонҳои маҳаллии Хоруғро дар тирпаронии рӯзи 21 майи соли ҷорӣ муттаҳам кардаанд.

Алим Шерзамонов, яке аз намояндагони эътирозгарони Хоруғ, мегӯяд, ҷониби ҳукумат дар аҳди худ барои пахш накардани изҳорот то анҷоми тафтишоти қазияи 21 май содиқ намонд. Ҷаноби Шерзамонов бо ишора ба нашри иттилоъ аз номи масъулони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки гӯиё дар ҳаводиси моҳи майи Хоруғ қумондонҳои маҳаллӣ даст доранд, изҳори таассуф намуд: “Эҳтимол манбаъ аз Вазорати умури дохилии кишвар бошад. Вале чаро? Рамазон Раҳимзода худ дар суҳбат бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ ваъда кард, ки то анҷоми тафтишот изҳороте пахш намешавад.”

Шерзамонов дар мавриди “нопадид” шудани сардори раёсати умури дохилии Бадахшон, Файзулло Нозимов, гуфт, дахолат накардани Нозимов ба қазияҳои ахир ҷузъе аз талаботи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Хоруғ аст: “Мо ҳангоми гуфтунушид бо нерӯҳои ҳукуматӣ шарт гузошта будем, ки Нозимов ҳангоми тафтишот аз мақоми худ барканор шавад, то ба рафти кор халал расонда натавонад. Аз ин хотир, ба ӯ рухсатии меҳнатӣ доданд ва 2 рӯз қабл аз ҳудуди Бадахшон берун рафт.”

Шерзамонов гуфт, ҳоло вазъият ором буда, ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон ба аҳди худ барои хомӯшӣ то анҷоми тафтишот вафодор мемонад. Дар ҳодисаи тирпаронии 21 май дар маркази Хоруғ панҷ нафар ҷон бохта, чандин тани дигар ҷароҳат бардоштанд ва эътирозгарон дар ҷавоб бинои раёсати умури дохиливу додситониро оташ заданд. Мақомот гуфтанд, ин амалиёти махсус барои боздошти афроди гумонбар дар қочоқи маводи мухаддир буд. Ҳоло барои таҳқиқи ин ҳодиса ва ҳисоби хисороти он кумисюни муштарак, иборат аз кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон, таъсис шудааст.

Баъд аз шаш рӯзи ҳодисаи Хоруғ сокинони ноҳияи Ишкошими вилояти Бадахшон низ ба нишони эътироз гирдиҳам омада, талаб доштанд, ки Баҳодур Холиқов, сардори шуъбаи умури дохилии ин ноҳия ба истеъфо биравад. Норозогии сокинон дар пайи муносибати дағалонаи сардори пулиси Ишкошим бо сокинони маҳаллӣ ба вуҷуд омадааст. Ноҳияи Ишкошим соли 2013 низ шоҳиди тазоҳуроте буд, ки дар он мардум аз кор рондани як маъмури амниятиро мехостанд. Онҳо гуфтанд, ин маъмури амниятӣ дар вақти набудани волидони як духтари наврас дар хонаашон ба номуси ӯ дастдарозӣ кардааст. Дар натиҷа, ин корманди Раёсати амнияти ноҳияи Ишкошим барои ду сол равонаи зиндон шуда буд.
Мӯҳр
КДАМ
ба и бадахшонио даст доданд якбора аз оринч капиданд. илтимос ма аз бачаакои кдам аминаст ки ягон шарту шурути мардуми саркашро кабул накунед ки барои худатон дарди сар эчод мекунед.
пагах мебинед ки дар восеъ сар кадан, пагаи дигар мебинед ки дар дигачо сар кадан мардум.
так что чинояткора чош махбасаст. агар шартошона кабул кардед дига мардум ед мегиранд ва халк метона ки дар як хафта е як мох хукумати имрузара чаппагардон кунад.

п
Шумо бо ки ахд кардани будед? Хуб содда будаед.

Миллатдӯст
Рости гап, ки ман ҳайронум. Ин Шерзамонаш худуш ки бошад ки Мақомоти расмӣ бо ӯ аҳд кунад. Зиёда аз 10 миллион сомонӣ ин оташзаниҳо ба Бадахшон ба Буҷаи Тоҷикистон зарар оварданд. Айба намедонед мардум, ки бо шерзамону дигару дигара гӯш менед. Сад афсус, ки талафоти ҷонӣ шуд аз ҳар ду тараф. Лекин ҷинояткорон ва барангезандагони оташ бояд бо ташкилкунандагонашон бо тамоми талаботҳои қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд, Дар дига минтақаҳои Тоҷикистон мардум ба созандагию ободкорӣ машғуланд леки ҷинояткорони Бадахшӣ (ҳамаи мардуми шарифи Бадахшон не) ба сӯзондану вайронкорӣ машғуланд. Айб аст, бояд ҷазои сазовора бигиран.

Миллатдуст дар диигар минтакахо хам мардум аз чонашон сер шуда истодааннд. кадом ободкориро дар назар дори?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)