Хабари бомбгузорӣ дар фурудгоҳ ва таъхири парвоз ба Хуҷанд
Дар пайи хабари бомбгузорӣ шудани фурудгоҳи Красноярски Русия вақти парвози ҳавопаймо ба самти Хуҷанд ба таъхир гузошта шудааст. Мақомоти умури дохилии Красноярск мегӯянд, соати 2-и шаби 6 июн хабари бомбгузорӣ шудани фурудгоҳи Емеляноворо гирифта, дарҳол ҳудуди 500 нафарро аз дохили он кӯчондаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти фурудгоҳи Емеляново, мусофирони хатсайри Хуҷанд-Красноярск, ки бо автобус ба сӯи ҳавопаймо мерафтаанд, интизори анҷоми санҷиш мондаанд. Пулис мегӯяд, санҷиш то соати 4:25 дақиқа давом ёфта, вале маводи таркандае ёфт нашуд ва феълан пулис дар ҷустуҷӯи мардест, ки аз бомбгузорӣ дар фурудгоҳ хабар додааст.
Мақомоти Красноярск мегӯянд, айни ҳол фурудгоҳ бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, қабулу гусели ҳавопаймоҳо бар асоси нақша ҷараён дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |