Бахшҳо
07 июн 2014 10:19Тоҷикистон / Акс / Видео

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

Субҳи шанбеи 7 июн бо вуҷуди бориши борон дар тамоми мактабҳои Тоҷикистон “занги охир” баргузор шуд. Мақомоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфтанд, ин ҷашн барои бештар аз 103 ҳазор хатмкунанда, ки 44 ҳазорашонро духтарон ташкил медиҳанд, ҳамагӣ 45 дақиқа идома кард

Қаблан вазорат дар рӯзи занги камолот тақдими туҳфаҳо, ба бар кардани лентаи сурх, сайругашт бо мошинҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр аз сӯи хатмкунандагони мактабҳои таҳсилоти ҳамагониро қатъиян манъ карда буд. Бо ин вуҷуд, аксари хатмкунандагон дар дасти худ гулҳу туҳфаҳо доштанд.



Сайидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, ҳам дар ду ҳафтаи пеш дар намози ҷумъа аз сокинони кишвар хоста буд, садди роҳи ҳаромкорию исрофкории фарзандонашон дар Рӯзи занги камолот шаванд. Ӯ гуфт, дар баробари талошҳои раҳбари давлату ҳукумати Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз фисқу фуҷур ва ҳаромкорию исрофкорӣ дар Рӯзи занги камолот падару модарон низ набояд бетараф бошанд.

Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ изҳор дошт, “солҳои пешин мо шоҳиди хароҷоти зиёд ва исрофкориҳо дар ин ҷашн будем, бахусус дар ин рӯз бисёр фисқу фуҷур рух медод. Набояд фаромӯш кард, комёбии фарзанд дар он нест, ки 11 сол хонаду ҷашн гирад ва ба исрофкорию ҳаромкорӣ даст бизинад, комёбии ӯ замонест, ки воқеан хонда бошаду саводу ахлоқи хуб дошта бошад.”


“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)

“Занги охир” ва худоҳофизии 103 ҳазор хонанда бо мактаб (АКСУ ВИДЕО)
Мӯҳр
Довталаб
Сиёсати давлатро тарафдорам 100 фоиз. Умуман номи занги охиронро бардоштанд даркор. Мардумро кашшок ва саргардон кардааст. Хатмкунандагонророхбарияти мактаб ва муррабиаш факат хангоми супоридани номаи камол табрик намояд вакте, ки аллакаи дигар хонандагони синфхои поёни дар таътил хастанд, то ки ин анъанаи номатлубро шикаст.

хатмкунанда
Як анъанаро аз байн бурданд , дигараш пайдо шуд. ПОЯНДОЗ ПАРТОИ ТАГИ ПОИ ХАТМКУНАНДАГОНБА. Решакан карда шавд,вагарна синфхои поёни пояндозкаши карда хамара вайрон мекунанд.

сарсону саргардон
агар мо сад бору хазор бор инчо нависему гуем ин гап ба гуши вазири маориф намерасад ё мерасад ба кари меандозад. дод аз дасти инхо. агар бовар кунед холо вазъияти хонандагони мактаб аз донишчуёни донишгохо вазнинтар шудааст. дар баъзе мактабхои пойтахт гуё бозори савдои баххо бошад. синфхои 11 имсол хатм карданд. лекин аз кандану тарошидани муаллимон хонандагонро (пули ремонт, пули мактаб пули падаркаи муаллимон пули занги охирон......) рахм дар рохбарони синфхои ибтидоиву болои намондааст. дар рузи имтихон ташкили (обед) муаллимонро манъ карданд. лекин аз тамоми хонандагон ба чои ташкили бо маблаги 10 то 15 баъзан синфхо 20 сомони чамъ кардаанд. худ казоват кунед ки мо насли наврасро кучо бурда истодаем? мо киро тарбия карда истодаем? корупционерхои ояндаро? аз барои худо мухтарам вазир инхоро чамъ кун агар не биё истеъфо бидех чун пешравии тамоми кишвар аз сохаи маориф аст як мактаби оди чунин пулчамкуни дорад аз дигар мактабхояш чи мебаромада бошад, хайронам ки ин муаллимон дар хонахояшон ба чои нон пул мехурда бошанд? о муаллимони азиз охир мо заводи пулбарори надорем дар хонахоямон. наход барои 1 имтихон 15-20 сомон чамъ кунед аз хонандагон ин хонандагон чи меомузанд? хол он ки баъзан 3 баъзан 4 баъзан 5 имтихони месупоранд. аз як хонандае ки падари мухочир дораду модари касалманд ё бепадар асту дар тарбияи хешованд ё умуман сатхи зиндагии хуб надоранд магар инсоф доред пул меситонед. ман шахсан барои фарзандони худам карз кардам гуфтам ки намедихам чунки директори мактаб гуфт надихед пул дигар. лекин дар гиряву зории фарзандон ки муаллима чап мегирад аз имтихонхо мегалтонад мачбур шудам карз карда дихам. чамъу чамъ барои хар як хонанда дар хамин мохи май то хамин 7 июн 400-500 сомони чамъ кардаед пулхуракони мухтарам! харгиз насибатон накунад. захр хуред агар бурдаи ноне ё либосе аз хамон пул барои худатон харед. кудакони мохон гуруснаву ташна мо карз карда гирему шумо мошинхои нав ба наву хонахои вохима каред.
хохиш мекунам рейди махсус барои сохаи маориф гузаронида шавад

Аладдин
Акси бехтарин - хама занхо бо руймолу бо хичоб.

Альфа
Пул чашмони муаллимонро кур ва дахонашонро баста кардааст.
Пулхое, ки аз тарафи мактаббачагон чаъмовари мешавад кисман ба боло меравад. Чаноби Оли музди маоши онхоро баланд карда мондааст боз аз талабагон пулчини мекунанд. Шарму хаё намондааст. Дар оянда чи мешуда бошад талабагон аз муаллими мухтарами худ ибрат мегирад. Ана мебинед,ки дар мамлакати мо чихел корупция авч мегирад. Ман сарсону саргардонро дастгири мекунам.

Мактаби №14 шахри Истаравшан хар сол аз синфи 1 то 11 барои ремонти мактаб гуфта 25-30 сомони пул чаъм мекунанд. Лекин мебини мактаб чихеле,ки буд хамон хел мондааст. Ин пулхо ба кучо мераванд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)