Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/mamadshoev/data/www/ozodagon.com/engine/classes/templates.class.php on line 104 Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон лидери дигареро мешиносед? » Озодагон
Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 19 июл 2019, 04:19

Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон лидери дигареро мешиносед?

7 июн 2014, 11:52

Дар аксари маҳофил ин ҳарфҳо садо медиҳанд, ки Тоҷикистон ба ҷуз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури кунунии кишвар, лидери арзанда ё шинохта надорад. То куҷо мешавад, бо ин андеша розӣ шуд? Оё Шумо дар баробари Эмомалӣ Раҳмон лидери дигареро мешиносед? “Озодагон” посухи ин суолро аз баъзе вакилони парлумону коршиносон ва хабарнигорону намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пурсид, ки посухашон инҷост:


Сӯҳроб ШАРИФОВ, вакили Маҷлиси Намояндагон:
“Дар ҳоли ҳозир ҳам аз ҷиҳати обрӯи сиёсӣ ҳам аз ҷиҳати таъсир ба тафаккури мардум ва ҳам аз ҷиҳати меҳру муҳаббати халқ монанди Эмомалӣ Раҳмон лидери дигаре дар Тоҷикистон вуҷуд надорад ва баробари ӯ ҳам шуда наметавонад. Албатта, ҳастанд ҷавонони лаёқатманде, ки дар сатҳи ҳукумат кор мекунанд ва дар оянда метавонанд ба лидерони қавӣ табдил шаванд. Интихоботи президентӣ ҳам нишон дод, ки чунин лидер мисли Раҳмон нест. Мо ҳаракат мекунем, ки ҳам за ҷиҳати дониш ҳам малака ва ҳам манофеи давлатӣ лидери нав пайдо шавад. Ҳарчанд сиёсатмадорони феълӣ лидерони сиёсӣ ҳастанд, вале сатҳи маҳбубияту донишу авторитети сиёсии камтар доранд. Мумкин дар интихоботи оянда онҳо пухтатар шаванд. Шумо, кормандони ВАО, ҳам бояд мардумро бо ҷаҳонбиниву тафаккури онҳо шинос кунед. Албатта, онҳо ҳам бояд болои худ кор кунанд, то сиёсатмадор дар сатҳи ҷумҳуриявӣ шаванд.”

Сафват БУРҲОНОВ, журналист:
“Тоҷикистон умуман лидер надорад. Лидер ин паровоз аст. Дар мо вагон бисёр асту паровоз нест. Барои ҳамин, дар як ҷо истодаем. Агар Раҳмонро лидер меҳисобиданд, магар манзураш намекарданд? Аз куҷост ин ҳама фасоду бадкорӣ? Аз белидерӣ!”

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия:
“Бо боварии комил гуфта метавонам, ки нафарони арзанда хеле зиёд ҳастанд! Чун онҳо медонанд, ки ҳукумати амалкунанда тавони рақобати сиёсӣ надорад ва рӯ ба рӯи ҳарифони сиёсии тахминиаш зулми беандозаеро роҳандозӣ мекунаду дар натиҷа метавонанд, бегуноҳон ҳам ҷабр бинанд, он нафарон кӯшиш мекунанд "аз бинӣ боло гап назананд". Агар тарси ҳукумат ва андешаву сабри ғайриҳукуматиён то ин дараҷа намебуд, ҳоло мардум интихоби хубе медошт! Такрор мекунам: дар Тоҷикистон шахсиятҳои сазовору сиёсатмадорони сатҳи байналхалқӣ ҳастанд! Чӣ кунем, ки зулм бар сари Зайд Саид, қонуншиканиҳои бемантиқу бемаънии бесобиқа дар интихоботи президентӣ, таъқиби рӯзноманигорон ва ҳатто туҳматҳову таҳдидҳо ба тоҷикони бурунмарзӣ то ҷое расида, ки мардум аз ҳар кори нек ҳазар мекунанд ва албатта ин ҳолат дар ташаккули лидерони пешрафтаи миллӣ таъсири манфӣ мерасонад.”

Шариф МУЛЛОЕВ, устоди Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия:
“Рост гӯям, умуман ба сиёсат сару кор надорам. Сабаб он аст, ки сиёсат ба фикри банда он қадар фаъолияти хубе нест. Ба сиёсатмадорон бовар надорам. Дар гуфтор хеле қавӣ ҳастанд, вале дар амал кулли онҳо танҳо манфиатҷӯянд. Фикри мардумро намекунанд. Дар Тоҷикистон ягона лидер Эмомалӣ Раҳмон аст. Ӯ мардуми тоҷикро аз бисёр вартаҳо раҳо намуд. Шахсе, ки ба ӯ рақобат намояд, нест. Дигар лидерҳоро медонам, вале онҳо имиҷи Тоҷикистонро муаррифӣ наменамоянд.”

Алим ШЕРЗАМОНОВ, раҳбари ҲСДТ дар Бадахшон:
“Лидер дар як он пайдо мешавад. Хатои мо маҳз дар ҳамин аст, ки дар ҷустуҷӯи лидер ҳастем. Ҳар қадар лидер хирадманд ва адолатпеша бошад ҳам, то система насозем, лидер худаш хатар эҷод мекунад. Ҳамаи пайғамбарон бар зидди буттарошӣ мубориза мебурданд. Мо боз хоҳони бути нав ҳастем. То он ҳангом дарк накунем, ки мо муваззафем дар назди имрӯзу фардои ватани худ, то масъулияти шахсиро дарк накунем, то ҳар яки мо дар ҷои худ бо мавқеи худ, истодагарӣ накунем ва шаъни инсонии худамонро эҳтиром накунем, ҳеч лидере моро аз вартаи нобудӣ наҷот нахоҳад дод. Ва агар чунин ҷомеаеро бунёд кунем, ҳар яки мо лидер хоҳад шуд.”

Хуршеди АТОВУЛЛО, сардабири "Фараж":
“Лидер зиёд аст, вале бо ин ё он сабаб зиёде аз онҳо барои мардум муаррифӣ нашудаанд. Ононе, ки то андозае хостанд, худро муаррифӣ кунанд, бо ин ё он баҳона ё сабаб, ё пушти панҷара рафтаанд ё тарки кишвар кардаанд. Аз ин рӯ, Эмомалӣ Раҳмон дар айни замон муаррифишудатарин ва ошнотарин чеҳра дар кишвар боқӣ мемонад.”

Ҳуриннисо ҒАФФОРЗОДА, роҳбари Маркази "Оштии Миллӣ":
“Дар баробари раиси ҷумҳури имрӯзи кишвар, бале, лидерони дигаре арзи вуҷуд доранд. Кишваре бо аҳолии зиёда аз 8 миллион наметавонад танҳо як лидер дошта бошад. Вале мавзуъ сари он аст, ки то кадом андоза лидерони маҳбуб дорем, то инки халқ аз дунболи онҳо равад. Нисбат ба ҳозир, солҳои 90-ум то 2000 фикр дорам лидерони шинохта доштем, ки метавонистем эътимод дошта бошем ба онҳо. Аммо имрӯз он ситораи фурӯзони лидери миллиро дар ягон ҳизби сиёсӣ ва қишри ҷомеа надида истодаам. Рӯз то рӯз мо дорем ба се қисм ҷудо мешавем. 1) Гуруҳи "демоктратхоҳони ғарбгаро" дорем, ки аксари онҳо таҳсилкардаҳои он кишварҳо ҳастанд ва фарзандони имрӯза "элитаи давлатӣ мебошанд". Арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ва пешравии кишвар барояшон ҳеч аст. Танҳо барои устувории сарвату сармояи худ кор мекунанд. Раванди бештари муҳоҷирати меҳнатӣ аз насли нав, ки қувваи кории асосиро ташкил мекунад, ба манфати ин гуруҳ аст. Чун барои ин гуруҳ миллати бесаводу корҷӯянда лозим аст, на корфармо! 2) Гуруҳи дигари мо дорад бошиддат мазҳабӣ мегардад, ки мутаассифона таҳкурсии дурусти исломӣ надорад, ҳама чиз кӯркӯрона ва намоишкорона аст. Аз ин вазъ дигар равандҳо истифода мекунанд. Ин гуруҳ дар ҳоли ҳозир дар печутоби бархӯрдҳои дохилии худ банд аст. 3) Гуруҳи бо ном элитаи миллӣ ва илмии мост, ки мутаассифона дар муқобили раванди шиддатнокии ҷомеаи имрӯз, қобилияти ҷиддии таъсиррасонии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварро надоранд. Ин гуруҳҳо дар муқобили ҳамдигар таҳаммулпазирона муносибат намекунанд. Ин гуруҳҳо лидерони худро доранд, аммо симои аслии миллии лидеронро вақт муайян мекунад. Дар Тоҷикистон лидерони нав доранд арзи вуҷуд мекунад, ки ба ин замони имрӯз поягузорӣ мекунад. Шеваи ин лидерон майл ба куҷо дорад, аз мактабҳои сиёсиашон об мехурад. Тоҷикистон интизори арзандатарин лидерони нав аст!”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Баррача

  • 7 июн 2014 12:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои Точикистон дар хамин давраи таърихи- гузариш ва ташаккулёбии мимллат якто ЛИДЕР бас будагист. Мо сад афсус барои кабули дигар Ли- Дер омода нестем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Капайи Абдулло Давлатов дуд кард. Ба гумонам дигаро доногии худашонро нишон додаанд, вале Давлатов росташро натарсида гуфтааст. Харчанде Алим Шерзамонову Хуршеди Атовулло низ росташа гуфтаанд, аммо сиёсатмадронона. Давлатов ошкоро гуфтаст. Чаро худаш лидер намешавад? Ё метарсида бошад?
Посух додан
  • мухочир

  • 7 июн 2014 13:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Албата хастанд лидеронеки бехтаранд аз Рахмонов мебошанд мутаасифона шанс надорад барои ракобат.Чунки дар хукумати хозира аксаран касоне руикор хастанд ки лабайкгуву лагандбардоранд .Хар лидере ки садо баланд кунад онро аз хар тараф бо тухматхою махдудиятхо тез буги мекуннад.
Посух додан
  • Dev

  • 7 июн 2014 13:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Lider onest,ki halkro az pasash burda tavonad, vale az pasi ogoi Rahmon na hamai mardumi tojikistoni hohishi raftan dorad. Pas u lider nest .Ogoi Rahmon beshak muvofiki makomashu joi nishastash kore baroi Tojikistoni kuchak kard , vale korash hele kam ast. Man shahsan Rahmonro lider nameshumoram.Bubined,ki akalan zerhimoyahoi hudi janobi Rahmon uro fireb medihand, ba u durug meguyand... U lenta meburad, pas az yak hafta zavodu fabriki ba kor shurukarda az "kor" memonad. U mehohad,ki roh sohta shavad,onjo IRS pesh az hama asbobhoi pulchinakashro mustahkam mekunad, rohho valangor, besohib, mardumi tojik mesohib, zaminhoi tojik besohib... Dar Tojikiston shoyad hastand liderho , vale az tarsi boz hamun heshu akrabo metarsand,ki ba pasi panjara naravand.
Посух додан
  • Камол

  • 7 июн 2014 13:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон дар ин солхои охир мувафак нашуд, ки хамчун як миллати вохид ташаккул ёбад, сабаб ба хар як точикистони маълум, аз ин лихоз лидер лозим нест, шакли президентиро тезтар бархам дода тарики референдум шакли низоми парлумониро аз хисоби кадрхои чавону босаводу чашмсер ташкил кардан ба фоидаи миллати точик мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
hamin emomali vakte prezident shud kase uro nameshinoxt na lider budu na yagonchiz dar kishlok kor mekard ammo vakte vazifa girift hamma laganbardoron meguyand ba gayr az u digar lider nest ba mo chilozim lider ba mo gamxori millat lozim. hamin kasone ki hozir meguyand ba gayr az u digar lider nest badi az kudrat raftani rahmon az hamonho pursed boz sad gunohsha miyovand
Посух додан
  • точик

  • 7 июн 2014 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар як миилаи хашт миллиона бештар аз хазор лидер набошад, он миллат вучуд надорад ва агар касе ба ин эътикод бошад ки ба чуз Эмомали Рахмон дигар лидере дар Точикистон вучуд надорад, ин тахъкир ба миллат ва айни лагандбардорию чоплусиву хиёнаткори аст. Ингуна одамон на аз руи вокеъият, балки аз руи тарси ва хасодат ва кинаву бухл сухбат мекунанд, ман бовар дорам агар аз руи тарс набошад, хатто худашонро лидер эълон мекунанд, вале чун мо дар низоме карор дорем, ки умеду орзу ба ояндаро дар нутфаи модарони миллат куштаву хомуш кардааст, хатто инсохои олим ба илми худ дигар бовар надоранд, ва одамхо аз одам будани худ шак доранд ва гуломтабиати сару вучуду тору пуди моро фаро гирифтааст. Набояд фирефтаи назари ингуна ба ном сиёсатмадороне ки чуръату гайрати озод гуфтани андешаи худро надоранд шуд, зеро ин андешаро мекушад, озодиро аз байн мебарад рухияи гуломиву бардагиро халк мекунад, панох бар Худо аз ингуна душманони озоди ва андешаи зохиран дуст!!!!!
Посух додан
  • Кулоби

  • 7 июн 2014 17:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар Точикистон лидерхо е пешвоен хело ва хело бисер хастанд ва буданд. Аз як нафар лидероро офаридан ва гуе мардуми точик бе ин лидери хозира рушду равнак намеебад ва чомеа пеш намеравад, ин хатои махз аст. Агар мо мардуми точик гуем.ки мо дигар аз Э.Рахмон лидер надорем,мо хеч вакт пеш намеравем. Банда ба гуфтахои Сухроб Шарифов рози шуда нметавонам.
Посух додан
  • sobir

  • 7 июн 2014 18:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
[b]Кулоби//Бародари азиз шумо хондану тахлилро метавонед...Шарипов хамон чизро гуфт ..ки дигаон такрор кардан....лекин каме аз сиёсат дуртар ки хастанд..хаелпарасти мекунанд...умуман гуфт Шарипов хаст..омода бошанд тайёр шаванд..холи хозир нест баробар ба президент..бо хамаи камбудихо..ки шарт мекунад..нест..овоздихи да р сиёсати амали мешавад на хаели..дигархо ба назар гирифта мешаванд...
Посух додан
  • Яъкуб. Душанбешахр.

  • 7 июн 2014 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар мо як шахс камтар обруву эътибор пайдо кунанд зуд паи сиех кардану паси зтндон кашидани он мешаванд.З.Саид яке аз Шахсияте,ки дар байни худи мансабдорон аз махбубияти зиед бархурдор буд.Вакте аз азми ташкили хизб сухан гуфт бегунох паси панчара карданаш.Имруз М.Кабириву Х.Турачонзодаву Р.Зоиров байни мардум хурмату эхтиром доранд паи сиех кардани онхо хастанд.Агар Хукумат камтар фикри мардумро мекард чунин корхоро зидди мухолифону сохибнуфузон раво намедид.Чун якин хаст ягон хокимият абади нест аз сахна дур мешаванду бесохибиву бехокимияти давлатро фаро мегираду хавфи бархам хурдани давлат хам эхтимол дур нест....
Посух додан
  • Часур

  • 7 июн 2014 21:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бекор монди хабарнигори мухтарам...Вой бар хамон касбе ки ту аз пушташ нон мехури......Як хабари мухимро ба мардум расони намешавад...Хамаи мардум аз лидербози кайхо дилмонда шудаанд...Да хона кам хоб раву аз пушити хабари нав шав ...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба фикри банда, мо набояд аз одамони муқаррарӣ лидер, яъне пешво, тарошем. Ба мо пешво не, мутахассис даркор аст. Николя Саркози лидер набуд, вале ӯ ба сифати президенти Фаронса вазифаашро хуб анҷом дод. Бо вуҷуди ин мардуми он кишвар Франсуа Оландро афзал дониста, ӯро президенти нав интихоб карданд. Танҳо олмониҳо хонум Ангела Меркелро бори севвум канслер - сарвазир интихоб карданд. Вале дар Олмон низоми интихобот дигар аст. Онҷо на ба шахсони алоҳида, балки ба ҳизб овоз медиҳанд. Ҳизби ғолиб намояндаи худро канслер пешниҳод мекунад ва парлумон ӯро тасдиқ мекунад. Аслан корро на президент, балки атрофиёни ӯ иҷро мекунанд. Президент танҳо дар мулоқотҳои байналмилалӣ иштирок мекунад. Вазни асосии фаъолият ба души сарвазир рост меояд. Дар ҳар давлат ҳар хел аст. Президенти (ё роҳбари) босаводу дурандеш ҳамеша дар атрофи худ кормандони хуб, мушовирони кордону коршиносро ҷамъ мекунад, на аз рӯи хусусияти этникӣ (маҳалл), балки сатҳи таҷриба, донишу кордонӣ. Калимаи лидерро дар мамолики диктатурӣ ва худкома барои рӯпуш кардани "дарозумрӣ" дар курсии раисиҷумҳур, истифода мебаранд. Масалан, Қазоқистон. Мардуми қазоқ хеле босаводанд ва онҷо ашхосе, ки президенти феълиро иваз бикунад, зиёданд. Тавре мебинем, воқеият тамоман дигар ранг дорад. Тавре мегӯянд: NO COMMENT!
Посух додан
  • синои кулоби

  • 7 июн 2014 23:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар баробари Эмомалӣ Раҳмон лидери дигареро мешиносед?

Ба фикрам дар мондани савол Озодагон хатои кардааст чунки мо лидер медоштем то ин дарача миллат хору парешон намегашт.Дар сатхи давлатдори дар хозира вакт дар Точикистон лидер гуфтан ин хатои бузург аст.Яъне Эмомали дар сиесат лидер шуда наметавонад чунки агар лидер мебуд дар хорич хам шахрвандонашро хифз карда метавонист у факат дар Точикистон болои гурухи "худи" лидер аст.
Посух додан
  • Tojikistonjon

  • 7 июн 2014 23:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
salom ozodagon. az in lider ham hubtaru behtarashro dorem,lek afsus maidoni siyosaty mo maidoni mardonavu dalerona nest. ozod bosh
Посух додан
  • Комил

  • 8 июн 2014 00:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баррача,
Пешвои идеалӣ дар Тоҷикистон солҳои 90 -ум буд, ки он ҳам бо дахолати Русия ба ҳокимият роҳ наёфт ва оқибат аз фоиғболии мардуми гавҳарношиноси кишвар дар сӯгвории миллати хоргаштаистода ба дарди бедаво гирифтор шуда, зиндагиро падруд гуфт. Ва он марди холису наҷиб албатта ки Тоҳири Абдуҷаббор (Худованд раҳмат кунад) буд, ки баъд аз сари ӯ касеро то ҳол назираш намебинам.
Ҳанӯз ин чархи нилӣ каҷхиром аст,
Ҳанӯз ин корвон дур аз мақом аст.
Зи кори бенизоми ӯ чӣ гӯям,
Ту медонӣ, ки миллат бе имом (пешво) аст
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!