Бахшҳо
09 июн 2014 10:18Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Гумонбар дар фоҳишагӣ 2 корманди пулисро маҷруҳ кардааст

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҷавонзани 22-солаи тоҷик, ки ба иттиҳоми фоҳишагӣ дастгир шудааст, ду корманди пулисро дар Душанбе маҷруҳ намудааст.

Ба иттилои манбаъ ин ҷавонзан зимни амалиёти махсус дар назди нуқтаи савдои “Окошко”-и Душанбе боздошт шуда буд: “Дар шӯъбаи корҳои дохилӣ боздоштшуда нисбати кормандони милитсия дашномҳои қабеҳ гуфта, ба онҳо дармеафтад. Аз гиребони яке аз кормандон дошта, бо нохунҳояш аз қисмати бинӣ ва чашми рост ва корманди дуюмро аз қисмати дасту баданаш харошида, хуншор намуда, бо мушту лагад ба бадани онҳо задаст, ки дар натиҷа кормандони милитсия ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд”. Манбаъ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса низ нисбати боздоштшуда парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Баробари ин ВУД аз боздошти зани 39-солаи дигар хабар медиҳад, ки ба ивази маблағ барои алоқаи маҳрамонаи шаҳрвандон хона ба иҷора медодааст.

Чунин амалиёт алайҳи фоҳишагӣ 3 рӯз қабл, баъди ҷаласаи фаврии Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон авҷ гирифтанд. Вазир бо баргузории ҷаласаи фаврӣ аз афзоши фоҳишагарию даллагӣ изҳори нигаронӣ намуда, дастур дода буд, ки барои ҷилавгирии фаҳшу фасод рейдҳои махсус роҳандозӣ шавад.
Мӯҳр
доно
чунин кормандони милиса.ки аз дасти заифи 22 сола чарохат бардоштанд.Ба фикрам агар сини соли занакхо калонтар мешуд пусти ин кормандхоро меканд.Хулоса бароред бародарон агар инхо пеши заифа камкуватанд пеши мардхои чинояткор аз дасташон чи меояд?

Хазор рахмат ба вазири умури дохилии Точикистон Рамазон Раҳимзода, барои огози мубориза бар зидди фохишагарию даллаги, хуб мешуд бар зидди фолбинону чодугарон хам муборизаро огоз менамудед.
Барои муборизаатон бар зидди ин харомихои чомеа ба Шумо мувафакият!

МОДАРИ ТОЧИК
Барои анчоми корхои хубат ва решакан кардани ин вабо (фоишагари) ташаккур Вазири мухтарам. Мо модарони точик дар хакат дуои хайр мекунем.

Эхтимол аст ки шояд кормандони милиса аз у чизе хостаанду вай дар номус омада иникорро карда бошад.
чунки бисёри кормандони хифзи хукуки мо занони фохишаро дастгир мекунанд аз онхо пул гирифта онхоро сар медиханд ва ё ки бо онхо алокаи чинси карда онхоро сармедиханд. бахархол ин полисхохам гунахгоранд

Фарзин
Бояд сари вакт пеши рохи ин фохишахоро мегирифтед. Холо ба касбашон одат карда, фикр мекунанд чуз ин дигар рохе нест барои таъмини оила ва аз ин хотир бар сари полис зури мекунанд. Хамин "нафар"-ро (ба одам гуфтан забонам намегардад) 5-6 солак шинонанд, ба дигархояш панди хуб мешавад.

Рахим
Дигар милисахоро худо дод

Душанбе аз мани
Ин ду корманди милитсия аз ин зан дигарчиро интизор будан, аммо ин зан ба ин ду нафар мушту лагат нишон дод. (Ин парвандаро хуб аз назар гузаронед мухтарам муфатишо)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)