Сафари Руҳонӣ ба Анқара ва мулоқоташ бо Урдуғону Абдуллоҳ Гул
Ҳасан Руҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон бо даъвати ҳамтои туркаш – Абдуллоҳ Гул дар садри як ҳайат вориди Анқара шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Эрон, сафари кории Руҳонӣ ба Туркия рӯзи 9 июн оғоз шуда, ду рӯз идома хоҳад ёфт.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст, раисиҷумҳури Эрон дар ҷараёни ин сафараш бо Абдуллоҳ Гул, раисиҷумҳур ва Раҷаб Таййиб Урдуғон, нахуствазири Туркия мулоқот ва гуфтугӯ намояд.
Инчунин интизор меравад, Ҳасан Руҳонӣ бо ҳамтои туркаш зери бархе санадҳои марбут ба ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаи иқтисоду сиёсат ва фарҳанг имзо гузорад. Ҳамзамон мулоқоти ӯ бо эрониёни муқими Туркия ва бархе соҳибкорону тоҷирон низ пешбинӣ шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |