Бахшҳо

Муҳиддин Кабирӣ дар парлумон: “Ҳамла ба вакил таҷовуз ба сохтори давлатӣ аст” (ВИДЕО)

Ҳумайрои БАХТИЁР

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, рӯзи 11 июн дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси Намояндагон ҳамлаи як гуруҳ бо тухму помидор ба ӯ ва тарфдоронаш дар шаҳри Кӯлобро дар миён гузошт. Ӯ гуфт, “ин ҳамлаи тарҳрезишуда, ҷинояти созмонёфта ва дастдарозӣ ба вакили парлумону сохтори ҳукуматист”.

Оқои Кабирӣ дар оғози сӯҳбаташ гуфт, “вақте имрӯзҳо дар бораи ҷашни ваҳдат суҳбат мекунем, баъзе аз дӯстон хостанд, як тарафи сулҳ, як ҳизби сиёсиро табрик кунанд, ки ташаккур мегӯем. Вале ҷиддӣ бигӯем, ин ҷиноят буд. Ҷинояти созмонёфта. Ҷиноят зидди як шахс не, зидди сохтори давлатӣ буд. Дастдарозӣ ба вакил дастдарозӣ ба сохтори ҳукуматӣ аст. Аз сохторҳои қудратӣ хоҳиш мекунам, аз ин зовия ба ҳодиса баҳогузорӣ кунанд. Ин дархости шифоҳии мо расман ба Додситонии кулл расонда шавад.”



Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар идома афзуд, “як гуруҳ аз ҳеч кас ва ҳеч қонун тарс надоранд, барояшон оромиву сулҳ аҳамияте надорад ва ҳар чизе хоҳанд, анҷом медиҳанд. Ин кор тасодуфӣ нест. Ин паёмро ба мо, ба ҷомеа фиристоданд ва нигарони ман ҳам аз ҳамин аст. Агар ҳадафи мо ҳангома кардан мебуд, дар дафъаҳои гузашта низ ҳангома мекардем. Вақте муовини раиси пулиси як ноҳия ба вакили парлумон гуфт, агар наравӣ, дасту поятро баста мебарем. Вале мо ҳангома накардем. Ба хотири сулҳу субот. Гуруҳҳое, ки авбошсифат ҳастанд, аз сабри парлумон, ҳизбҳои сиёсӣ ва мухолифон истифодаа мекунанд, инро заъфи мо ҳисоб менамоянд. Ҳар чи қадар мо фарҳанги сиёсиро нишон диҳем, онҳо ҳамон қадар далертар мешаванд. Чигуна мешавад, ки як гуруҳи авбош, ки зан ҳаст, ҷавон ҳаст, ба сари вакил, ба дафтари ҳизбҳои сиёсӣ ҳамла мекунанд. Ҳатто президент ҳам дар ин бора мавқеи худро ошкор нагуфтанд, то инҳо ба ҷазо кашида шаванд. Шояд вақти он расидааст, фаҳмонда шавад, ки вакилон, ҳизбҳои сиёсӣ соҳиб доранд. Ман хоҳиш мекардам, вакилону парлумон ҷиддӣ қабул кунанд. Ҳодисаҳои солҳои навадумро ба ёд биёред, аз гаравгонгириву латту кӯби вакилон сар шуда буд. Набояд ин иштибоҳ дигар такрор шавад.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ин сӯҳбаташ дар парлумон аз созишномаи сулҳи тоҷикон ҳам ёдоварӣ кард ва гуфт, “барои миллат сулҳ кардем ва гуфтем, фаромӯш шуд, дигар кинаву кудурат нест. Дар созишнома навиштем, ғазаби Худо ва лаънати Худо ба касе бод, ки он ҳодисаҳоро ёдовар мешавад барои сиёҳ кардани якдигар. Вале чӣ шуд, ки вазъ якбора тағйир хӯрд? Мо якдигарро бахшидем. Даҳ ҳазор муҷоҳидро ба давлат бахшидем, ки то ҳол марзу бумро аз душманон муҳофизат мекунанд. Мо ягон ҷиноят кардем, камбудӣ кардем? Агар ба мо мантиқона бифаҳмонанд, ки ҲНИТ замоне барои миллат, барои сулҳ даркор буду ҳоло ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад, мо менишинем бо хоҳарону бародарон, маслиҳат хоҳем кард, қабул хоҳем кард. Вале бо ин роҳу услуб намешавад. Сиёҳ кардан, наворҳо. Чи гуна давлат наметавонад пеши роҳи ин ҳамаро бигирад? Оё намешавад, ки пеши роҳи онҳо гирифта шавад? Агар мақомоти мо ин қудратро надоранд, пули мардумро барои чӣ мегиранд? Ин ду сабаб дорад, ё аз уҳдаи кор намебароянд ва ё худашон шариканд. Варианти севум вуҷуд надорад.”

Оқои Кабирӣ аз вакилон барои он ки сӯҳбаташ, ба гуфтаи ӯ, андаке тӯлонӣ шуд, маъзаратхоҳӣ кард ва гуфт, ин ҳарфҳо бояд дер ё зуд гуфта мешуданд. “Эҳсоси масъулият кунем, то ин сулҳу ваҳдат аз байн наравад, заиф ншавад. Баръакс, таҳким бахшем. Мо омодаем, аз мо парҳез накунанд, нагурезанд. Дар ҳамин даҳ рӯзе, ки то ҷашни ваҳдат мондааст, парлумон ба мардум паёми умедворкунанда диҳад. Мардум бовар кунанд, ки сулҳу ваҳдат пойбарҷост ва ҳеч кас даст накашидааст. Иҷоза надиҳем, ки душманон аз ин ихтилофҳо истифода кунанд. Як гуруҳ коре карда истодаанд, ки президент дар чашми қисме аз мардум сиёҳ шавад ва президенти мардумӣ муаррифӣ нагардад. Бояд душманони сулҳу ваҳдатро дар дохили оппозитсия наҷуст”,-таъкид дошт.



Рӯзи 10 июни соли ҷорӣ, баъд аз сӯҳбати Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони Кӯлоб, ки дар ҳавлии раиси дафтари ҲНИТ дар минатқа баргузор шуд, гуруҳе аз соикнон бо тухму помидор ба онҳо ҳамла оварданд. Ба иттилои масъулони ҲНИТ, ҳангоми беруноии иштирокдорони вохӯрии Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонон бархе аз сокинон ба онҳо ҳамла карда, сӯяшон тухми мурғу помидор партофтаанд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи ҳизбии “Наҷот” мегӯяд, масъулони ҲНИТ дар Кӯлоб ҳузури кормандони амниятиро миёни афроде, ки ба Муҳиддин Кабирӣ ҳамла кардаанд, шинохтаанд. Ба гуфтаи Сайфуллоҳзода, гӯиё дар роҳи баромади корвони мошинҳои ҳайати ҲНИТ ба шоҳроҳ тамбаи сунъӣ эҷод карда шудааст, то ҳамлагарон ба ҳадафи худ бирасанд: “Теъдоде аз мошинҳо роҳро банд карданд, то ба роҳ баромадани мошинҳои ҳайат ба таъхир уфтад ва эҳтимол вуҷуд дошт, ки ҳамлаварон аз дигар ашё низ кор бигиранд.”

Муҳиддин Кабирӣ дар ҷаласаи рӯзи чоршанбеи Маҷлиси Намояндагон барои суҳбат иҷоза хост, то ҳодисаро шарҳ бидиҳад. Бори аввал Шукурҷон Зуҳуров, раиси парлумон, гуфт, дар ин бора бо Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ суҳбат кардаасту ҳоҷат ба баёни он нест. Аммо вақте раиси ҲНИТ бори дувум барои суҳбат иҷоза пурсид, аксари вакилон ризоият доданд ва Зуҳуров низ мухолифат накард. Аммо раиси парлумон пеш аз шунидани ҳарфҳои Муҳиддин Кабирӣ дар бораи ҳамлаи як гуруҳи сокинон бо тухму помидор ба ӯ ва тарафдоронаш дар Кӯлоб, ба вакилон даҳ дақиқа танаффус дод. Ӯ гуфт, ҳоло як занги муҳими телефонӣ дорад ва баъд аз анҷоми суҳбаташ оқои Кабириро гӯш хоҳанд кард.
Мӯҳр
бобо
Хочат ба ягон гап нест бо шумохо.
Дига шумо маълум кардед, ки чи гап асту ки хастед.
Нахзатихо биёед элон кунед ки бароятон дар биёбонхои дангара замин чудо кунанд рафта хамончоро обод мекунеду ба сиёсати инхо то 3 соли оянда кор намегиред, кани бинем чикор мекнан. Хадафи ин гурух ба правакатсия кашидани шумо аст. Неки шумо сабртон кати хамаи барномахои инора бахам задед.

.
Килои помидор 5 сум, як дона тухм як сомони. мардуми кулоб ин кадар бой шудаанд, ки тухму помидоршаппак кунанд?

Джодж
А бача, и доктор Абдуллора бо ду мошини пури бомба задан парво надораву,

Я
ГОСПОДИН КАБИРИ, ЖЕЛАЮ ВАМ УСПЕХОВ НА ДОБРЫЕ ДЕЛА.

бе ном
Барои чи ин хел рафтор кадан??????

Шохин
Кори нагз накадед мардуми минтакаи Кулоби Бостони Шуморо хамчун мардуми бонангу номус мешиносанд. Аз ин кор хеч кас обуруй намегирад. Кабири худ як нафар мусулмон аст Мо низ мусулмон хастем, мешуд хаминро бо рохи маслихатомез хал намудан, гуш медодед, ки чи мегуяд чи максад дорад. Кабири шахси бисёр бомаърифат хаст ба фикри ман ягон шахс сокини ин кишвар намехохад, миллаташ боз сарсону овора гардад, Хама барои пешравии кишвари худ талош меварзад. Агар Кабири рохбари ХНИТ намебуд, бо ин донишу хислатхои хуби инсони ба ягон макомоти баланди рохбарият сазовор мегардид.

Мурод
Ман бовари надорам, ки халки Кулоб ба ин кори нангин кодир бошанд. Ин боз як игвои номардонаест, ки бо ин рох мехоханд халки Кулобро паст зананд. Кабириро дар тамоми минтакаи Кулоб хамчун як фарди босавод, бомаърифат, инсондуст мешиносанд ва хурмату эхтиром мекунанд. Бо ин кори як ду хари бесавод, ки лаганбардори ягон хочаи беакланд халки Кулобро дар Чумхури паст назанед!!!

Окои Мухидин фикру андешахои хама як нест агар як мишуд имруз чахони ислом медонед чи мешуд? Давлатои гарбро бинед чи кор мекунанд мардумаш! Хохиш мекунам тема карда накунед чи фоида аз гуфтушунидхо бо халк хуб мешуд як праграмае ташкил мекардед ки мардумро бо чои кор таьмин мекардед кам хам бошад ин бехтар мешуд

Шоир мегуяд ки,
Зиндаги гар довари як руй боши пас чаро,
Аблахе аз бом афтад гардани мо бишканад,

Барои хами Мо як гурух бародарон аз шахри Кулоб аз Устод Мухиддин Кабири узр мехохем ва гуфтанием ки Огои Мухиддин.. дониста гиред ки,мардуми Кулобшахр мехмондустдор аст, ва агар хамлае ки бар шумо кардан агар аз чониби худи мардуми Кулоб мебуд,шуморо бо тухму помидор не балки бо Ярок хамла мекарданд....барои хамин аз хамаи хонандагон илтичо дорем ки аз пушти якчанд аблахон мардуми Кулобшахро бадкор ва Бадбахт нахисобанд...Ин кор алакай маълум аст ки аз чониби ки сар задааст.

ГАРИБ
Барои як сомонаи бонуфуз айб аст, ки сифати видео-хояш паст бошанд, ташаккур барои дикататон

АМИР
Бародар М.Кабирй ва аъзоёни нахзат! Оё Шумо дар хакикат намедонед, ки ҲНИТ ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад? Оё Шумо намедонед, ки Точикистон ба Шумо барин хизб ниёз надорад? Оё Шумо намедонед, ки душманони давлатдории точикон бисёр мехоханд аз хузури Шумо истифода бурда Точикистонро ба чанги дуюми шахрвандй кашанд? Оё Шумо намедонед, ки хизбе мисли Шумо дар Миср ин кишварро ба чи балохо кашид? Пас, бори дигар бидонед, ки ХНИТ ба амнияти Тоҷикистон хатар дорад! Агар якпорчагии ва ягонагии давлати Точикистонро хохед, пас хизбро пароканда кунед!

Инсон
Одами паст хамачо барои истифода ёфт мешавад. Мардуми Кулоб рабте ба ин ахмаки надорад.
бобо,

Мо бо чашми худ дидем, ки ин гурух аз Кулоб набуданд. Мо фикр кардем, ки инхо мусофиранду ба Бадахшон ё ба Ховалингу Муъминобод мераванд. Ин аст хулосаи мо чавонони кулобй. Даркор шавад он гурухро аз таги замин меёбем. Рангу руяшон офтобзада буд.

АМИР,
Фарз кардем, ки Кабирӣ ҳизбашро барҳам дод ва ҳама хона ба хона рафтанд.... Пас Ҳизби халқӣ - демократӣ бо кӣ рақобат мекунад???? Ҳизби Кабирӣ хатар дорад.... Ҳизби Раҳматулло Зоиров хатари ҷиддӣ дорад.... Ҳизби демократии Тоҷикистонро зада майда - майда кардед ва пасмондааш низ агентони ИМА ва Иттиҳоди Аврупоанд... Ҳизби сосиалистӣ ва ҳизби комунист магас барин қадр надоранд... Нафаре мехост бо роҳи қонунӣ як ҳизби равшанфикрони замонавӣ ташкил бикунад, гирфтеду ба умқи зиндон афгандед. Аз тарс!!! Ҳамин тавр не, муҳтарам? Акнун чӣ мехоҳед? Мехоҳед, ки бо як ҳизби яккатоз бимонед ва худам шоҳу таъбам вазир??? Яъне мисли замони диктатураи Шуравӣ? Аслан, шумо аз ягон чиз шарм медоред? Беҳтар нест, ки яке якбора бигиреду, ҳамаи аҳзоби мухолифинро бибандед, бо як амр! Охир, шумо метавонед, чаро ин корро намекунеду ҳамвора аз хизмати дузду ғару кампиру авбошони сари кӯча, ки салоҳашон тухми палағда ва помидори пусидаанд, истифода мебаред? Иродаат бардошт мекунад ба ин саволҳо ҷавоб бидиҳӣ?

Салом алейкум ба радиои Озодагон.Аз Шумо хохиш менамоям,то ки наворхоятонро дар шабаки ютуб пахш намоед.Чунки дар давлате ки ман холо карор дорам бисёр ба душвори метавонам дид ин наворхоро.Ташаккур.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)