Бахшҳо

Суолу ҷавоби вакилон бо Кабирӣ дар мавриди ҳамла бо тухму помидор

Ҳумайрои БАХТИЁР

Дар пайи баромади Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар робита ба ҳодисаи 10 июн дар Кӯлоб миёни ӯ ва вакилон баҳс ва суолу ҷавоб баргузор шуд.

Исмоил Талбаков, вакили парлумон ва муовини раиси Ҳизби коммунист, ин ҳамларо маҳкум карда, афзуд, вақтҳои охир як гуруҳи созмонёфта ва ҳатто касбӣ ташкил шудааст, ки дар навоҳии гуногун ба ҳамла ба ин ё он ҳизб машғул мебошад. Ӯ аз Кабирӣ хост, он наворе, ки гирифта шудааст, ба мақомот барои таҳқиқ пешниҳод кунанд ва ин афрод маълум ва муҷозот гарданд.

“Ин чӣ хел мешавад, ки фалониро дар Бадахшону инро дар Кӯлобу Суғд мезананд. Куҷо шуд ин меҳмоннавозии мо? Зоҳиран ин кори дасти афроди муайян аст. Киҳоянд онҳо? Наворро ба мақомот пешниҳод кунед, то шахсияти дастандаркорон муайян шаваду мардуми ин ё он минтақа айбдор нашаванд. Ба мо дирӯз интихобкунандагонамон занг зада гуфтанд, ягон нафар аз ҳамлагарон аз Кӯлоб набудааст”,-афзуд Талбаков.

Кабирӣ ҳам созмонёфта ва кори як гуруҳ будани ин ҳамлаҳоро таъйид карда, афзуд, “дирӯз як марди бенавои зодаи Кӯлоб ба мо гуфт, ба ӯ тухму помидор дода, гуфтаанд, вақте Кабирӣ меояд, ӯро бизан. Хостаанд, аз вазъи бади иқтисодии ӯ сӯистифода кунанд, аммо номуси ӯ нагузоштааст ва гуфт, ки ман ин корро рад кардам. Аммо нафаре, ки ин гуфтаҳои мардро ба навор гирифт, мавриди ҳамла қарор гирифт ва дастгоҳи наворбардории ӯро шикастанд.”

Кабирӣ таъкид намуд, аз сафараш ба Кӯлоб раиси ин шаҳр огоҳ буд ва баъд аз ҳамла низ аз қазия хабардор шудааст: “Вақти бозгашт низ дар се дидбонгоҳ мошини маро тафтиш карданд. Гуфтам, ман вакилам. Маъмури БДА изҳор дошт, ки дастур аз болост, ки бояд ин мошинро тафтиш кунам.”
Раиси ҲНИТ таъкид намуд, баъзе сафарҳояш на ба ҳайси вакил, балки ба ҳайси раиси ҳизб сурат мегиранд, аммо ин маънои онро надорад, ки бояд мавриди ҳамла қарор дода шавад: “Ин маънои онро надорад, ки вакил баъд аз соати корӣ дигар вакил нест. Қонунгузорӣ аст ва бояд риоя шавад.”

Сафаралӣ Гулов, вакили дигари парлумон, аз Кабирӣ суол кард, ки оё барои чунин сафарҳояш аз раиси Маҷлиси Намояндагон иҷозат гирифт ва оё ташкили чунин мулоқот дар рӯзи корӣ мумкин аст? Кабирӣ дар посух гуфт, ин суол то ҷое дуздро монда, соҳибхонаро муттаҳам кардан аст, ки чаро ду қулф намондӣ: “Бо вуҷуд ман посух медиҳам, ки мулоқотам чӣ дар хориҷ ва чӣ дар дохили кишвар дар доираи қонунгузорӣ сурат мегиранд. Дар куҷо омадааст, ки вакил наметавонад дар рӯзе ҷаласаи парлумон нест мулоқот баргузор кунаду ва барои сафар дар дохили кишвар аз раиси Маҷлиси Намояндагон иҷозат бигирад. Аммо агар зарур бошад, минбаъд чунин ҳам мекунем.”

Шодӣ Шабдолов, вакили Маҷлиси Намонядагон ва раиси Ҳизби коммунист, низ ин ҳодисаро маҳкум намуда, дар сурати такрори чунин ҳолатҳо аз такрори нооромӣ дар кишвар ҳушдор дод.
Мӯҳр
Харро хандаву буза бози... Вакте окои Кабири аз парлумоне ки худ дар ин кор даст дорад, вакте аз прокуратураи генерали ки худ дар ин кор даст дорад, вакте аз вазорати корхои дохили ки бешак хам кори онхост дархост мекунад то казия тафтиш карда шавад гумон мекунам худфиребкунист.

Интихобкунанда
Баъди шунидани фикру андешахои " Вакилони интихобшудаи Парлумон"-и мО оиди ин ходиса, эътикоду ихлос дигар ба инхо намемонад. Депутатхо як дигарро дастгири ва химоят карда наметавонанд, баъд инхо чихел хукукхои мо халки оддиро пуштибони мекунанд. Новобаста аз он ки вай аз Назхати Ислом аст, бояд намояндагони Парлумон ба хотири он ки намояндаи халки Точик аст, пуштибони шавад. Чунки имруз Кабириро бо тухму помидор "пешвоз" гирифтанд. Фардо ба дигар Депутатхо чи хел рафторо раво мебинанд. Боз Имунитет дорем мегуед.

Кор ба хамин чо расидааст!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Шахром аз Маскав
Шумо писари угай хастед, Кабири! Агар ягон дигар вакили парлумон мебуд ба чои шумо, макомоти ичроия бо сохторхои кудратии шахри Кулоб танбехи хушру мегирифтанд, ки кучоро нигох мекунед гуфта? Мехру шавкати инсони дар точикони мо намондааст. Сафарали Гулов ба чои афсус хураду хамдарди баен кунад барои хамкораш, масъалаи ичозатро ба миен мегузорад. Баъзе вакт аз точик будан шарм мекуни. Аз парлумону вакилон дили одам хунук мешад. Бо ин гуна рафтор мо точикон хеч гох муттахид нахохем буд.

Абдулло
Инхо сари тамоми ЛИДЕРХОИ точики худамонро аз чумла МИРЗО ЗИЁЕРО ва бамонанди инхо дахо касидигаро нест карданд!!! Бо ин тафъа навбати раиси ХИНТ мухтарам Кабири аст!

Рустам
Ин як амали мукаррарист руфако. Бинед Царёвро дар Украина чи кор карданд. Хонаша сузонданд. Хизби коммунистро манъ карданианд ё ки регионхоро. Аммо Амрикою Аврупо мегуяд, ки ин аст демократия. Як мукоиса кунед, дар нисбати Украина ин кори точикон чизе нест. Кабири бошад, вохима карда гаштаст. Доктор Абдуллоро тарконданд, вохима надорад...

Дасту пойи Кабириро баста меоварданд, гуфти худаш Душанбе комилан хурсанд мешуд. Неки ягон раиси нохия хамин корро кунад, орден додан лозим, таъчилан...

Ба Рустам
Ба гуфти фаъоли фабрикаи чавоб Рустам агар ин кори мукаррари бошад, пас ба пеш барои задани аъзои хукумат ки хама аз хизби ХХДТ хастанд бо тухму помидор!

Устод Кабири бас будагист каме чиддитар гап занед ,ин чи гап худаш шумо садо доред каме баландтару серезнитар гап занед ، бовар кунед аз тамошои баромадатон дар Парлумон гумон кардам гунахкор шумоеду таиоми аъзоёни ХНИТ монанди нафаре ки худ гунахкор асту бахоначуи карда худро сафед кардан мехохад ,,, ооо интавр нест куу.

Дилшод
Сафарали Гулов аз режими хозира сахт вобастаги дорад. Ба кавле одами худи аст. Ба чойи дифоъ аз хамтои худ, кушиши гунахгор бароварданашро дорад.

карим
Izzat  Amon,
Izzat  Amon,
Izzat  Amon,
Кабири марди қонун аст ва бояд риволи қонунии масаларо пеш равад. Албатта ки худи Кабири ҳам медонад ки кори ҳукумат аст...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)