Бахшҳо
11 июн 2014 17:00Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикояти Ашӯргул Солеҳова аз болои мудири маорифи Хатлон

Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), хабарнигори нашрияи “Набзи Қӯрғонтеппа”, бо ирсоли номаи шикоятӣ ба Давлатшо Гулмаҳмадов -- раиси Хатлон гуфтааст, то нисбат ба мудири маорифи вилоят чора андешад. Дар ҳоле ки ба қавли Солеҳова, Хоналӣ Қурбонзода борҳо ӯро дар байни мардум таҳқир намудааст.

Ин хабарнигор мегӯяд, бори охир, ҳангоми занги камолот, Қурбонзода бо ӯ дағалона рафтор намуда, монеи иҷрои кори хабарнигорияш шудааст: “Рӯзи 7 июн ҳангоми таҷлили занги камолот дар литсейи Ориёнои шаҳри Қӯрғонтеппа, ки иштироки Давлатшо Гулмаҳмадов, раиси вилояти Хатлон ва Амирулло Асадулло, раиси шаҳр дар назар буд, бояд аксбардорӣ мекардам. Аммо Хоналӣ Қурбонзода сарфи назар аз он ки ман худро муаррифӣ кардам, монеи иҷрои вазифаам шуда, нагузошт, аксбардорӣ намоям. Дод зада гуфт, “сурати мегирифтагии ту ба ягон кас даркор нест, рав, дар қатори талабаҳо ист.”

Солеҳова мегӯяд, ин бори аввал нест, ки мудири маорифи Хатлон ӯро таҳқир мекунад: “Як бори дигар, вақти адои вазифа будам, ки пурсид, чӣ кораӣ? Гуфтам, журналист. Ба либосам нигоҳ карда гуфт, “аз сару формаат маълум аст, ки ту журналистӣ”. Ин рӯзноманигор таънаи масъули маорифро аз сарулибосаш таҳқири шахсияти худ хонда, афзуд, “12 сол аст, ки дар ҳамин соҳа кор мекунам ва ягон бор ба хонаам як халта орд набурдаам. Ба ин маоше, ки мо дорем наметавонам сару либоси қимат пӯшам.”

Ашӯргул Солеҳова илова намуд, феълан ба раёсати вилояти Хатлон муроҷиат карда, талаб намудааст, ки нисбат ба роҳбари маорифи вилоят чораандешӣ шавад. Солеҳова муаллифи се маҷмӯаи шеър бо номи “Қисматсарои миллатам”, “Пайғоми Хуросон” ва “Гули бодом” буда, соли 2013 ҷоизаи беҳтарин ходими адабиро аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар соҳиб шудааст.
Мӯҳр
Хайдар
Ин раиси бояд чазо гирад! Модари точикро хеч кас чунин гап задан хак надорад! Раис бояд истеъфо дихаду дар назди ин зан узрхохи кунад!!!

Абдулло
Банда ба хамин модар гуфтаниям, ки ба раис нею ба додгох мурочиат кунад. Хай маълумаст, ки на раису на додгох ба доди ин модар мерасанд, чунки Хонали Курбонилизода як вакто депутатчон буд ва чурахои зиёд дорад ва конун барои камбагалост!!!! дигар ин ки бадбахтии миллати мо мардуми точик алалхусус аз вазир то кабир имруз дар ин аст, ки мадлер шудаанд. Агар фикр куни барои раиси маорифи Вилоят айбаст, ки ба илми одам нею ба либосаш бахо дихи!!!!!!!!! Шармандахо шуморо вазиратон хаминхеласт!!!!!!

Донишманд
Эээ апачон ин курбонзода ягон касро писанд намекунад ду мошини хоричи дорад нархаш аз 45хазор доллар Кам нест Ана ебу гир

олим
ИН РАФТОРИ ЯК ОМУЗГОР НЕ БАЛКИ АВТОРИТЕТХОИ ЧАНГИ ШАХРВАНДИ БАРИН.БЕХТАР МЕБУД ДАР КОРХОИ ХАРБИ ХУНАРАШРО САЙКАЛ МЕДОД.ОФАРИН БА ГУРДОФАРИДИ ТОЧИК!!

Точик
“12 сол аст, ки дар ҳамин соҳа кор мекунам ва ягон бор ба хонаам як халта орд набурдаам. Ба ин маоше, ки мо дорем наметавонам сару либоси қимат пӯшам.” Чо мекуни апа бра намозта бхон агане кудакота тарбия кун. касали чии ягон халта ордда кор намекуниву мегарди дар ба дар расм гирифта

Хоналй Курбонзода сару либоси арзон ва суханони кимати журналистонро хуш надорад. Ин Хоналй хам ба мисли мудири маорифи н. Ёвон Насуф мебошад. Таклиф ба вазири маориф ин, ки Курбонзода ва Насуф барои рафтори тахкиромезашон аз кор гирифта шаванд.

Њамкасбони муњтарам!
Ба хотири эњтироми касби пуршарафи рўзноманигорї, ки дар љомеаи њуќуќбунёду демократии мо имконияти хеле зиёди изњори озоди аќида фароњам аст, бамаврид мебуд, ки њангоми шарњи ќазияњо перомуни њифзи њуќуќи касбии журналистон раъйи онњоеро, ки дар зери нома зикр шудаанд, ба инобат мегирифтед.
Бо эњтиром мудири кафедраи рўзноманигории ДДЌ ба номи Носири Хусрав Мањкамова Дилором ва омўзгори кафедраи мазкур Шарипов Сангинмурод.

Дилором Махкамова
Хамкасбони мухтарам! Ба хотири эхтироми касби пурифтихори рузноманигори, ки дар чомеаи хукукбунёди демократии мо имконияти хеле зиёди изхори озоди акида фарохам аст, бамаврид мебуд, ки хангоми шархи казияхо перомуни хифзи хукуки касбии журналистон райъи онхоеро, ки дар нома зикр шудаанд ба инобат мегирифтед.

Бо эхтиром мудири кафедраи рузноманигории ДДК Дилором Махкамова ва омузгори кафедра Сангинмурод Шарипов

сино
Боре андеша накардед ки чаро Хоналӣ Қурбонзода чунин кард

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)