Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як паёми шодбошӣ Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ва мардуми ин кишварро бо Рӯзи истиқлолият, ки 12-уми июн таҷлил мешавад, табрик намудаст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар паёмаш аз ҷумла навиштааст, ки муносиботи стратегии ду кишвар ба сатҳи нав баромада, зарур аст, ки минбаъд низ ҳамкориро таҳким бахшем.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ намудааст, ки талошҳои муштараки Тоҷикистону Русия на танҳо барои ҳамкории ду кишвар, балки барои таҳкими амнияту рушди минтақа мусоидат хоҳад кард.
Дар ниҳоят раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Владимир Путин саломатии бардавом ва барои халқи Русия рушди бемайлонро таманно намудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2023 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |