Латту кӯби ду рӯзноманигор дар Афғонистон
Дар Афғонистон ду рӯзноманигор аз сӯи муҳофизони Абдуссаттор Саодат, раиси Кумисюни шикоятҳои интихоботии ин кишвар латту кӯб шудаанд.
Дар ин бора расонаҳои хабарии афғон хабар дода, мегӯянд, ин ҳодиса нигаронии Шӯрои саросарии журналистони Афғонистонро ба бор овардааст. Ин шӯро рӯзи 12 июн бо нашри изҳороте ин бархурди муҳофизони раиси Кумисюни шикоятҳои интихоботро бо рӯзноманигорон маҳкум карда, аз мақомоти додгоҳӣ ва қудратӣ муҷозоти дастандаркоронро талаб кардааст.
Дар ҳамин ҳол, масъулини Кумисюни шикоятҳои интихоботи Афғонистон ин иддаои журналистонро рад карда, гуфтаанд, рӯзноманигорони мазкур дар тақаллубкории раванди интихобот муттаҳам мешаванд. Онҳо мегӯянд, ҳоло номҳои ин рӯзноманигорон ба мақомоти қудратӣ барои чораандешӣ алайҳашон ироа карда шудааст.
Кумисюни масунияти журналистони Афғонистон аз афзоиши хушунат алайҳи рӯзноманигорон дар кишвараш нигаронӣ карда, мегӯяд, нисбат ба соли гузашта 18 дарсад афзоиш ёфтааст.Дар акс Абдуссаттор Саодат
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |