Бахшҳо

"Оё хизматчии давлатӣ ҳақ дорад, шаъни дигареро паст занад?"

Як гуруҳ аз хабарнигорони вилояти Хатлон бо ирсоли нома ба Нуриддин Саидов -- вазири маориф ва илм ва Давлатшо Гулмаҳмадов -- раиси вилояти Хатлон хостаанд, ба қазияи Ашӯргул Солеҳова (Шабафрӯз), рӯзноманигори “Набзи Қӯрғонтеппа” расидагӣ кунанд. Онҳо дар номаи худ гуфтаанд, Хоналӣ Қурбонзода, мудири маорифи вилояти Хатлон, барои либосаш Ашӯргулро борҳо таъна зада, дар чанд ҳолат монеи фаъолияти хабарнигорияш шудааст. "Таҳқири ҳамкасбамон Ашӯргул Солеҳоваро мо – журналистон таҳқири худ мешуморем ва ин номаро ба хотири изҳори ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз ӯ иншо намудаем",-гуфта шудааст дар нома.


Матни комили нома:

Ба Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин Саид
Ба раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадов Давлатшо Қурбоналиевич


Мо, гурӯҳи журналистони воситаҳои ахбори оммаи вилояти Хатлон, нисбат ба фаъолияти пурсамари кории Шумо арзи ихлосу эҳтироми худро баён дошта, аз ҳамкорӣ ва иртиботи мустаҳкаматон бо расонаҳои хабарӣ изҳори қаноатмандӣ ва сипос мекунем.

Ҷойи шакку шубҳа нест, ки ВАО ва рӯзноманигорон дар рушди ҷомеаи мардумсолорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таблиғу ташвиқи меҳанпарастӣ мақом ва саҳми назаррасе доранд. Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ҳам матбуотро ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо арзёбӣ карда, гуфтааст, ки он бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.

Аммо гоҳо ҳолатҳое ҳам ба вуқӯъ мепайванданд, ки боиси нороҳатӣ ва эҷоди монеа дар иҷрои рисолати касбии рӯзноманигорон мешаванд. Дар ин робита, мехостем таваҷҷуҳи Шуморо ба қазияи ахире, ки бо ҳамкасби мо – Ашӯргул Солеҳова, ходими адабии рӯзномаи шаҳрии «Набзи Қӯрғонтеппа», рух додааст, ҷалб намоем.

Ашӯргул Солеҳова (тахаллуси адабиаш Шабафрӯз), ба гуфтаи худаш, ҳангоми иҷрои вазифаи касбиаш чанд маротиба мавриди таҳқири Хоналӣ Қурбонзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, қарор гирифтааст.

Рӯзи 7-уми июн дар литсей-интернати физикӣ-математикии «Ориёно»-и шаҳри Қӯрғонтеппа маросими «Занги камолот» барпо шуд, ки дар он иштироки раиси вилоят Д. Қ. Гулмаҳмадов дар назар буд. Қабл аз ташрифи раиси вилоят ва оғози чорабинӣ Х. Қурбонзода журналист А. Солеҳоваро дида, бо вуҷуди он ки фаҳмидааст, ки вай барои иҷрои вазифаи касбиаш омадааст, ба ӯ таҳқиромез гуфтааст: «Барои аксбардорӣ омадӣ? Аксат ба касе лозим нест! Рав, дар қатори талабаҳо ист!». Бо ин ҳол, ба Ашӯргул иҷоза надодааст, ки аз ҷараёни ин чорабинӣ матлаб омода кунад.

Қобили зикр аст, ки чунин рафтори сардори Раёсати маорифи вилоят хилофи нишондодҳои қонун мебошад. Зеро тибқи моддаи 162-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, «Дар ҳар шакле, ки набошад, монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист…» қатъиян манъ буда, ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ мекунад. Гузашта аз ин, шаъну шараф ва эътибори шахсро Кодекси граждании Тоҷикистон низ ҳифз мекунад.

Қабл аз ин ҳам сардори Раёсати маориф журналист А. Солеҳоваро дар долони бинои раёсат вохӯрда, чунин бархӯрди номуносиб кардааст:

- Ту кӣ ҳастӣ?! Дар ин ҷо чӣ кор мекунӣ?!
- Ман журналистам, - гӯён ҷавоб додааст А. Солеҳова.
- Ҳмм, аз ҳамин сару либосат маълум, ки журналистӣ, - бо тамасхур гуфтааст Х. Қурбонзода.

Ашӯргул Солеҳоваи 34-сола журналист ва шоири ҷавону умедбахши хатлонист, ки солҳо боз бо ҳамсару се фарзандаш дар шароити нохуби иҷтимоӣ, дар хонаи иҷора умр ба сар мебарад. Вай зани ботамкин, хушодоб ва соҳибқалам буда, ҳамеша сарулибоси хоксоронаи тоҷикӣ ба бар мекунад. Ҳақмузди моҳонаи ночизе (358 сомонӣ) дорад ва шояд ба худаш иҷоза дода наметавонад, ки пираҳани гаронбаҳою шинам бихарад. Тӯли 12 соли фаъолияти рӯзноманигориаш ҳамеша худро ҳамчун нафари муаддабу боқаноат муаррифӣ кардаю хизмати халқу Ватанро поквиҷдонона анҷом додааст.
Шабафрӯз соҳиби се маҷмӯаи шеърӣ, аз ҷумла «Гули бодом», «Қисмати миллатам» ва «Пайғоми Хуросон» буда, барандаи ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар бахши адабиёт (2013) мебошад.

Баъзе аз рӯзноманигорони хатлонӣ ҳам аз бархӯрди гоҳе номуносибу бадгӯии сардори Раёсати маорифи вилоят, номзади илмҳои таърих Хоналӣ Қурбонзода гиламанду нороҳатанд. Дар чанд маврид Х. Қурбонзода ҳисси бадбиниаш ба рӯзноманигоронро ошкор менамуд, аммо азбаски аз касе мушаххасан ном намегирифт, таҳаммулпазириро пеша мекардем. Он рӯзноманигороне, ки дар нишастҳои матбуотии раёсат ва баъзе чорабиниҳои марбут ба соҳаи маориф ширкат кардаанд, мисолҳое равшане доранд, ки ин хизматчии давлатӣ на ҳамеша худро идора карда метавонад ва дар муносибат бо кормандони ВАО гоҳе дурушт асту ҳамлаҳои лафзии холӣ аз мантиқ мекунад.

Мо ҳама гуна мавридҳои таҳқир, сӯйистифода аз мақоми хизматӣ, монеагузорӣ дар иҷрои рисолати касбии рӯзноманигор ва ба шахсияти ӯ расиданро маҳкум намуда, ба ин андеша ҳастем, ки чунин бархӯрди номуносиби шахси мансабдор хилофи этикаи сиёсӣ мебошад.

Суол ин аст, ки оё хизматчии давлатӣ будан ба касе ҳақ медиҳад, ки шаъну эътибори дигареро паст занад? Магар чунин рафтор ба номзади илм ва муаллифи чанд китоб, нафаре, ки дар гузашта вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва бахусус узви комиссияи одоби парлумони Тоҷикистон буд, обрӯ меафзояд?

Таҳқири ҳамкасбамон Ашӯргул Солеҳоваро мо – журналистон таҳқири худ мешуморем ва ин номаро ба хотири изҳори ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз ӯ иншо намудаем.

Мо изҳори умедворӣ мекунем, ки қазияи рухдода аз ҷониби Шумо, ҳамчун мақомоти болоӣ, мавриди арзёбии холисона ва чораандешии қатъӣ қарор хоҳад гирифт.

Бо эҳтиром,
Усмон Тӯйчиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Набзи Қӯрғонтеппа», узви ИНТ
Ҳамро Салимов, муовини раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, сардори Раёсати телевизион ва радиои вилояти Хатлон
Мирзо Сулаймонов, собиқадори матбуоти тоҷик
Абдувалӣ Абдувоҳидов, сармуҳаррири маҷаллаи «Сафо»
Асалмо Сафарова, сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон»
Мурод Сотиев, сармуҳаррири рӯзномаи «Новый Хатлон»
Дилором Маҳкамова, н.и.ф., мудири кафедраи рӯзноманигории
ДДҚ ба номи Носири Хусрав
Юсуф Мираков, муовини сардори Раёсати телевизион
ва радиои вилояти Хатлон
Умар Камолов, директори ТВ «Қӯрғонтеппа»
Давлат Султонов, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум»
Саттор Қарахонов, собиқадори матбуот, узви ИЖТ
Носирҷон Маъмурзода, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон
Зокир Ҳасан, хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Маҳмадалӣ Акрамов, сармуҳаррири телевизиони вилоят
Ҳангомаи Исмат, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
Латофат Чориева, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
Шералӣ Саид, мудири шуъба дар телевизиони вилояти Хатлон
Сайраҳмон Назриев, хабарнигори ОИ «Азия-плюс»
Махфират Шоимова, «Аълочии матбуоти Тоҷикистон»
Мирзомуддин Икромов, муҳаррири рӯзномаи «Вахш»
Исматулло Ҳасанов, муҳаррири рӯзномаи «Баҳористон»
Адолат Сайфуллоева, муҳаррири рӯзномаи «Тахти Қубод»
Орзуи Карим, хабарнигори радиои «Бибиси»
Азизи Фаттоҳ, муҳаррири рӯзномаи «Субҳи Шаҳритуз»
Маҳмадшариф Абдулҳаев, журналисти ТВ «Хатлон»
Рустами Сафар, муҳаррири рӯзномаи «Бешкент»
Умедҷон Почоев, муҳаррири рӯзномаи «Навиди Балх»
Фарҳод Маҳмудов, муҳаррири рӯзномаи «Бохтар»
Умед Мирзоев, тарроҳи нашрияи «Хатлон»
Далер Шарифов, мухбири радиои «Садои Душанбе» дар вилояти Хатлон
Холмурод Ниёзӣ, мудири шуъба дар ТВ «Хатлон»
Саидҷаъфар Сафаров, ҳуқуқшиноси Раёсати телевизион ва радиои вилоят
Наргис Қосимова, муҳаррири радиои вилояти Хатлон
Сурайё Мерганова, хабарнигори телевизиони вилояти Хатлон
Наргис Бозорова, муҳаррири радиои вилояти Хатлон
Рокия Абдуллоева, муҳаррири радиои вилояти Хатлон
Сангинмурод Шарифов, устоди кафедраи журналистикаи ДДҚ
Раҳмоналӣ Додархӯҷаев, мухбири радиои вилояти Хатлон
Мӯҳр
Як вилоят имзо кардасте. И Хоналй ай Чингизхон гузаронд ку.

Чамолиддин
Хазорхо ахсан ба хабарнигорони Хатлон, ки аз хамин модари кахрамони каламбадасти Хатлони пуштибони кардаанд! АХСАН АХСАН АХСАН! Бовар кунед хонандагони гироми аз хамин часоратеки рузноманигорони Хатлони нишон додаанд хазорхобор аз Итифоки журналистони Точикистон болотару хубтараст!!! Сад дар сад бовари дорам, ки агар ягон хабарнигори аъзои иттифоки журналистони Точикистон дар хамин холат карор гирад боз мегуям, ки ягон журналисти аъзои ин иттифок садо баланд намекунад ва нахохад кард! барои ин метавонам садхо журналистро мисол орам лекин лекин хочати мисол овардан нест, чунки худи хабарнигорону хонандагон хуб медонанд, ки ба кадом журналист чи шудаасту ки садо балан кардаасту ки не?! Ин иттифоки журналистогни мо номаш "ИТТИФОК"-аст!!! Мухтарам хабарнигорон аз хабарнигорони Хатлон замин часорат биомузенд ва дар пахлуи хамдигар бошед то ки ба мисли хамингуна "Ахли зиё" санги маломат назанатон. Ин маслиха аст на насихат саломат бошед!

Шумо журналисто ба фикри ман бекор мондаен. Ягон мавзуи дигара интихоб карда нашудми. О чаро худи Шабафруз шикоят накардааст ёинки чаро дар ин шикояти пурпечу тоби шумо хамрох нест.Пах-пах,

мирак
Э ОФАРИН БА ЧУРАТАТОН!!!!

Чамолиддин
озодагон хамон матлаби моро хохиш чоп кунед ё аз гапхои мо харосидед?

турсунбой
Ихели чизхоро кофтани боши ё хохи Рудакийба биё, замисполком хои район худашон шоху табъашон вазир! Номхошон кати гуфтан мумкин аст?, зур ки хатлон ба гап мезанан, дигар чойба не! Чоп кун оходагон

Хонали
Барои курта нахаридамаш маколаи танкиди навист

Левакан
Офарин, офарин, офарин....Ба Рузноманигорони Хатлони..

ХАТЛОНИ
МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН СИТОРА ШЕРОВА-ХАМ БОЯД БА ИН КАЗИЯ ЧАВОБ ГУЯД ЧУНКИ У СОХАИ ИЛМ МАОРИФ ТАНДУРУСТИ ВА ХИФЗИ ИЧТИМОИИ ВИЛОЯТРО ИДОРА МЕКУНАД ВА РОХБАРИ ДАВЛАТАМОН УРО БОВАР КАРДА БА ИН МАКОМ ТАИН КАРДАСТ АММО САД АФСУС ДАР ИНХЕЛ ХОЛАТХО У ХУДРО МИСЛИ МУСИЧАИ БЕГУНОХ ГИРИФТА ХАП МЕШИНАД ЧАРО ХУКУКИ ЗАН МОДАР ПОЙМОЛ МЕШАВАДУ ХАМА ХОМУШ ХАСТ ЧИ БЕЧОРА РАФТА ФОХИШАГИ КУНАД ЁКИ ДУЗДИ КУНАД ЛИБОСИ ФАСОН ХАРАД БО 350 СОМОНИ ХУДАШРО ХУРОНАД ФАРЗАНДОНРО Ё КИ ЛИБОС ХАРАД Ё КИ ИЧОРАПУЛИ ДИХАД ШАРОИТ ХАМИН БОЯД МОДАРОНРО ДУСТ ДОШТАН ВА ЭХТИРОМ КАРДАН ДАРКОР БИГЗОР НАТАНХО МУДИРИ МАОРИФ БАЛКИ МАНСАБДОРОНЕ КИ ИН СОХАРО ИДОРА МЕКУНАНД ЧАВОБ ГУЯНД РОХБАРИ ДАВЛАТАМОН МУХТАРАМ ЭМОМАЛИ РАХМОН ИНХОРО БОВАР КАРДА БА ИН МАНСАБХО ТАИН МЕКУНАД ТОКИ МАРДУМ АЗ ДАВЛАТУ РОХБАРИ ДАВЛАТ РИЗО БОШАНД.

Рахмат
Ба суд додан даркор. ягон хел узрашро кабул накунед. Дар куча ба саломи ягон кас алейк намегирад. як масхарабоз асту бас. наход муаллим ин хел бошад. муаллим як шахси навчаи нарм, боодоб, хушрафтор аст. на мудири фермаву бригадир!

Афсус сад афсус.Нафрат бо чунин рохбаре,ки худ маорифи вилоятро сарвари мекунад аз ин хел маорифчи дигар насли наврас чи интизор шавад,багайр аз бадбинию такабури.Дар мамлакатхои гарб тамоман бо либос ахамият намедиханд танхо дониш меомзанд.Гарбихо бо либосхои факиронаи худ то Кайхон рафтаанду морифчиёни мо дар гами либосхои дабдабанок ва мошинхо хоричианд.Дар точикистон Толибилм танхо бояд либоси киммат дошта бошад на илму на ягон ихтироот оё мо ба ин ахвол миллатамонро обод мекунем.Модоме ки аксарияти шахсиятхои маъруфи як вилоят аз чунин рохбари илму фарханг шикоят доранд дигар у хукуки маънави коркардан дар ин вазифаи олимаком надорад.БИГЗОР ДАР ЗИНАХОИ ПОЁН КОРКУНАДУ БА КАДРИ ОДАМУ ОДАМГАРИ РАСАД.

беном
Чаро мухарири Набзи Кургонтеппа Усмон Билоли барои хифзи хукуки кормандаш аввалин шуда вокуниш накардааст дар паси журналистони дигар панох шуда аз номи онхо истифода кардааст бояд гуфт дар бораи ин масала на омузгорони ДДК балки мухарир бештар фикр мекард
ман омузгорони ДДК нагз мешиносам онхо кор омузгори дар ВАО минтакави корманд хастаанд.

ОЛИМ
САДКАИ МОДАРИ ТОЧИК ШАВАД ИН "МУДИРИ МАОРИФ"-И БЕМАЬРИФАТ .ХАТМАН ИН ДАР ВАКТАШ "БОЕВИК"БУДАГИ.

Шархи рузи 13—уми мо ку

шархи рузи 13.06.2014–и мо ку

шарм намедорен инхел гапхои дуругро навистана аз паи кор шавен фарзандонатонро тарбия кунед, ин нафароне ки дар боло ном ва насабашон оварда шудааст, аз ин мактуб тамоман бехабар мебошанд.ин суханон нисбати Курбонзода тухмату дуруг мебошад. Курбонзода ба хабарнигор ягон сухани кабех нагуфтааст шарм дорен тухматчиву гайбатчиени бе ору номус Шумхоён ташкилкунандагони ин мактуб мусалмон нестен

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)