Бахшҳо

Додгоҳи олӣ гуфт, Зайд Саидов то 2 моҳи дигар дар СИЗО мемонад

Бар асоси қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки рӯзи 17 июн содир шуд, Зайд Саидов -- вазири собиқи саноат ва соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндон то ду моҳи дигар дар СИЗО ё боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ хоҳад монд. Ин дар ҳолест, ки ба қавли Шуҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, 26 сол зиндони зерҳимояаш ҳукми қонунӣ гирифт ва бояд ӯ аз СИЗО ба маҳбас интиқол ёбад.

Қарори нави Додгоҳи олӣ дар пайи дархости Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон содир шудааст, ки хоста буданд, дар доираи парвандаи нав алайҳи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда дар боздоштгоҳи муваққатӣ бимонад. Худи Зайд Саидов дар додгоҳ айбҳои наве, ки Оҷонсии зидди фасоди молӣ нисбат ба ӯ эълон кардааст, мисли дигар парвандаҳояш сохтаву бофта ва туҳмат номидааст. Шуҳрат Қудратов мегӯяд, "ягон асос барои нигоҳ доштани Саидов бо ин айбҳо дар СИЗО мавҷуд набуд. Дархостҳои моро ва далелҳои Саидовро оиди бегуноҳӣ ва даст надоштан дар ин ҷиноятҳо ба инобат нагирифт”.

Вакилони мудофеи Зайд Саидов ахиран хабар доданд, ки парвандаи нав алайҳи зерҳимояашон аз рӯи моддаҳои 247 қисми 4 (ғоратгарӣ дар ҳаҷми махсусан калон, ки аз 12 то 15 соли зиндон бо мусодираи амволро пешбинӣ мекунад) ва моддаи 340, қисми 2 (сохтакорӣ, ки то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад) оғоз шудааст.

Шуҳрат Қудратов мегӯяд, баъд аз пофишории зиёд 28 майи соли ҷорӣ муфаттиши Оҷонсии зидди фасоди молӣ онҳоро бо қарор дар бораи парвандаҳои нав ошно намудааст: “Дар қарор зерҳимояи мо – Зайд Саидов чун роҳбари ғайрирасмии ширкати сохтмонии “Тоҷсохтмон-Байналмилал” муаррифӣ шуда, барои азхудкунии маблағҳои буҷа, ки барои сохтмони иншооти “Душанбе-Плаза” пешбинӣ гардидааст, муттаҳам дониста шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки вакили дифоъ таъкид мекунад, расман Саидов ба “Тоҷсохтмон-байналмиллал” ягон иртиботе надорад ва аз салоҳияту ваколатҳои амрдиҳӣ ва ё ҳуқуқи имзо намудани ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ ҳаргиз бархӯрдор набудааст. Қудратов илова намуд, зерҳимояаш давоми рӯзҳои охир мавриди пурсуҷӯ қарор дошта, на ҳамаи саволҳои мақомоти тафтишотӣ ба парвандаҳои нав марбутанд: “Аз мазмуни ин саволҳо бармеояд, ки тафтишот ба шахсияти соҳибкори украинӣ Дмитрий Фирташ мароқ зоҳир намудааст. Аз ҳамаи саволҳое, ки муфаттиш аз Саидов пурсида истодааст, мо гумон дорем, ки мақомоти тафтишотӣ аслан мақсади муқаррар намудани маълумоти зиёд оиди дороии Фирташ мебошад.”
Мӯҳр
Мухочир
Максади асоси Зайд Саидовро аз СИЗО ба зиндон набурдан аст. о ин бечораро бо тамоми тухмату бухтон ба 26 сол зиндон махкум кардед о гузоред хадди акал мисли дигарон озодтар дар зиндони умуми бошад

Назаргирон
Ман хайронам, ки ба Зайд Саидов чи даркор буд, ки 13 Ширкат кушояд. Як ширкат, ки медошти дар хами рузои сахти, айбу камбудиаат камтар мешуд.

Ба Назаргирон
Назаргирон,
Айбу кабуди дар назар ва бинишу акли шумост чун шумо ба фикрам хатто тасаввур намекунед тичорат чи аст. кай ин мардуми мо шуур пайдо мекарда бошанд. як бор хонед дар мавриди хамин корхонахое ки ба Зайд Саидов мечаспонанд. ин корхонахо ним зиёдаш аслан ба Зайд Саидов ва хешу акрабош таалук хам надоранд

xair gunoh kard sroka girift bo chi to pastel xob kardansha navised aku.az inda behtarinho raftandku.

ami mardak ba zaboni khud guft ki , 6 millon dollar az kisaash baroi Plaza doda ast , in benomuso bo tuhmatush doran , doned Khudo dida istoda ast , peshi Khudoda chi javob megen ? kamakak imonam doshtan darkor

карор
ё Рабб он махкамаи зулм мазористон бод!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)