Пайванди "шишаи бишкаста"-и Эрону Бритониё

Бритониё мегӯяд, то чанд рӯзи дигар сафорати ин кишвар дубора дар Эрон боз хоҳад шуд.
Виллиам Ҳейг, вазири умури хориҷии Бритониё рӯзи 17 июн гуфтааст, базуди як ҳайати кучак барои ифтитоҳи сафорати кишвараш дар Эрон озими Теҳрон шуда, корро шуруъ хоҳанд кард.
Ҳейг дар баёнияи худ ба парлумони Бритониё изҳор доштааст, ки замони ифтитоҳи дубораи сафорати ин кишвар дар Эрон фаро расидааст: “Ман акнун тасмим гирифтам, ки замони бозкушоии сафорат дар Теҳрон расидааст.” Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, ки ин масъларо рӯзи 16 июни соли ҷорӣ бо ҳамтои эрониаш – Муҳаммад Зариф ба баҳс кашидаанд.
Муносибати Лондон ва Теҳрон баъд аз мавриди ҳамла қарор гирифтани сафорати Бритониё дар Эрон ба сарди гароида буд. Соли 2011 як гуруҳи тазоҳургарон ба сафорати ин кишвар дар Теҳрон ҳамла карда, бинои онро ба оташ кашида буданд, ки мунҷар ба қатъи равобити дипломатии ду кишвар шуд.
Гуфта мешавад, моҳҳои ахир дар муносибатҳои ду кишвар “гармӣ” эҳсос шуда, бархе аз коршиносон далели ин “гармӣ”-ро сари қудрат омадани Ҳасани Руҳонӣ дар Эрон медонанд.
“Дӯстӣ”и дубораи Эрону Бритониё дар ҳолест, ки ахиран Вашингтон гуфтааст, эҳтимол дорад, ба хотири ҳимоят аз ҳукумати Ироқ бо Теҳрон амалиёти низомии муштарак алайҳи Ҳаракати “Давлати исломии Ироқ ва Шом” хоҳад гузаронд. Аз сӯи дигар, Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, рӯзи 16 июн аз сафарбар шудани 275 сарбози кишвараш ба Ироқ хабар дода буд. Ба гуфтаи ӯ, Кохи Сафед ба хотири ҳимояти сафоратхона ва шаҳрвандони худ дар Ироқ ин сарбозонро фиристодааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |