“Хайр”-и Ваҳдат акнун зери раҳбарии мутахассиси белорусӣ тамрин мекунад
Пётр Качурои 41-сола, мутахассиси белорусӣ, сармураббии дастаи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат таъин шудааст.
Торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, қарордоди “Хайр” бо Пётр Качуро 19 июн имзо шуда, муҳлати он то охири мавсими соли 2014 хоҳад буд.
Пётр Качуро 2 августи соли 1972 дар шаҳри Оршаи вилояти Витебски Беларус таваллуд шудааст. Дар дастаҳои “Динамо”-и Минск, “Шеффилд Юнайтед”-и Англия, “Сокол”-и Саратови Русия, “Чэнду Вун-ю”-и Чин бозӣ кардааст. Солҳои 1994—2002 дар ҳайати мунтаби Беларус 29 бозӣ карда, 5 гол задааст.
Карерааш ҳамчун футболбоз соли 2005 дар дастаи “Динамо”-и Минск ба охир расида, фаъолияти мураббигиашро соли 2006 шурӯъ намуд. “Динамо” (Минск), “Неман” (Гродно), “Динамо-2” ва ҳайати ҷавонони “Динамо”-и Минскро тамрин додааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |