Бахшҳо
20 июн 2014 18:21Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Ҷузъиёти садамаи писари муовини аввали раиси Оҷонсии зидди коррупсия

Намояндагии тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон бархе ҷузъиёти садамаи нақлиётии рӯзи 11 июн бо иштироки писари муовини раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишварро, ки дар пайи он ду мошини ин ниҳод зарба дидааст, ошкор кард.

Масъулони ин ниҳоди дипломатии рус рӯзи 20 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, суханҳои Тоҳир Ҷобиров, муовини аввали раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар бораи ин садама ва хисороташ онҳоро хеле дар ҳайрат овардааст. Ба гуфтаи дипломатҳои рус, гӯиё Ҷобиров дар суҳбат бо хабарнигори “Азия Плюс” хисороти овардаи садамаи нақлиётӣ бо иштироки писарашро назарногир хонда, гуфтааст, он аз марзи 10 ҳазор доллар убур нахоҳад кард. “Шодем, ки шароити иқтисодии ҳамкорони тоҷики мо хуб ҳасту барои онҳо 10 ҳазор доллар маблағи назарногир мебошад ва маълум аст, ки маоши хубе мегиранд, чун ба ҳодисаҳо ингуна баҳогузориҳо мекунанд”,-гуфтан масъулони Намояндагии тиҷоратии Русия дар Душанбе.

Кормандони намояндагии тиҷоратии Русия мегӯянд, Ҷобиров дар ҳоле ҳаҷми хисороти садамаи нақлиётӣ бо иштироки писарашро назарногиру 10 ҳазор доллар арзёбӣ кардааст, ки ҳанӯз натиҷаи ташхис мушаххас нашудаву ба ҷонибе ҳам пешниҳод нагардидааст. “Дар ҷойи ҳодиса танҳо мошинҳо аз назар гузаронида, аксбардорӣ шудаанд. Дар ҳоле ки аз назаргузаронии мошини Фолсваген “Ҷетта” ба фолбинӣ монанд буд, чун капоти тарафи пеш аз зарбаи шадиди мошини Лексус ба дарун даромада, часпида буд, ки кушода намешуд. Инчунин, дар вақти аз назаргузаронии мошин ҳеч кас ба қисмати дохилии он аҳамият надод, чун мошин ҳангоми зарба яктарафа ба даруни ҷуйбор афтида, то 5 метр чунин ҳаракат кардааст”,-мегӯянд масъулони Намояндагии тиҷоратии Русия.

Ба қавли онҳо, ба назар мерасад, ташхиси садама чунон гузаронида шудааст, ки хисороти он ба гуфтаи Ҷобиров “назарногир” барояд: “Махсусан, қайд бояд кард, ки тамоми намояндагиҳои дипломатӣ ниҳодхои буҷетиянд ва таъмири сарсарию фурӯши фаврии онҳо, ки ба мо ҳангоми ташхис маслиҳат доданд, имконнопазир аст. Хариди мошинҳои нав барои намояндагӣ аз ҳисоби буҷети Русия тибқи санаду меъёрҳо сурат мегирад ва барои ин кормандони намояндагиҳои тиҷоратӣ наметавонанд, мошинҳои хуб таъмирнашударо чанд соли дигар истифода кунанду ҷони иштирокдорони дигари ҳаракат дар роҳҳои Тоҷикистонро зери хатар гузоранд.”

Онҳо мегӯянд, бо вуҷуди ин умедворанд, ташхиси сонеҳаи нақлиётии мазкур бар асоси меъёрҳои қонунгузории байналмилалӣ сурат гирифта, ҷуброни воридшуда ба буҷаи намояндагӣ пурра ҷуброн мешавад.

Ин садамаи нақлиётӣ, ки дар пайи он ду мошини намояндагии тиҷоратии Русия осеб дидааст, рӯзи 11 июн дар кучаи Лоиқ Шералии шаҳри Душанбе, наздикии бинои “Соҳибкорон” рух дода, дар он Хусрав Ҷобиров, писари муовини аввали раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон муттаҳам дониста мешавад, ки пушти чанбараки мошини Лексуси 350 қарор дошт.

Тоҳир Ҷобиров дар суҳбат бо хабаргузории “Азия Плюс” хабарҳо оиди рухдодани ин садамаи нақлиётӣ бо иштироки писарашро таъйид карда, гуфтааст, хисороти овардаи ин садама “назарногир” ҳасту аз марзи 10 ҳазор доллар убур нахоҳад кард: “Ҳатман ҷазояшро хоҳад дид, ман шахсан худам, супориш додаам, то ҳама чиз ба таври расмӣ ва дар асоси қонун сурат гирад. Гап сари ин аст, ки ҳамон рӯз як мошине халал мерасонаду писари ман аз уҳдаи ҳарат дар роҳ набаромада, ба мошинҳои рақами дипломатӣ дошта бармехурад. Ҳоло мошини халал расонида мавриди кофтуков қарор дорад. Хусрав дар хона асту ба ӯ осебе нарасидааст ва мошинҳои зарардида ҳоло дар устохона қарор доранду мо ҳатман хисоротро ҷуброн хоҳем кард.” Муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон марбут будани мошини Лексуси навъи 350 ба писарашро рад карда, гуфтааст, ин мошин моли яке аз дӯстони Хусрав ҳаст, ки муваққатан писараш пушти чанбараки он нишаста буд.

Сонеҳаҳои нақлиётӣ бо иштироки фарзандони мансабдорони баландпояи тоҷик дар шаҳри Душанбе бори аввал нест. Шоми 9 октябри соли гузашта низ чунин садама дар маркази пойтахт бо иштироки “БМВ”-и Расули Амонулло, писари собиқ раҳбари ширкати Роҳи оҳан, иттифоқ уфтода, се кушта ва се маҷруҳ бар ҷой гузошта буд. Мақомот дар лаҳзаҳои аввали ин садама Асрор Ҳукумови 22-сола, бародарзодаи раиси собиқи ширкати Роҳи оҳанро, муттаҳам эълон карданд. Аммо баъдан гуфтанд, ин садама бо иштироки Расули Амонулло, писари 16-солаи Амонулло Ҳукуматулло, рух додааст. Баъдан мақомоти умури дохилӣ нафареро бо ному насаби Умар Шарифов мавриди ҷустуҷӯ қарор доданд, ки зоҳиран гунаҳкори қазия ӯ будааст.
Мӯҳр
сардор
ин мошин чазир шудагияй... на ремонту на соз карда мешавад

Бечораи Зайдро бегунох хабс кардед ана окибатии тухмат.

Авсус ки чаъмияти мо чунин инсонхо аз вазифаи давлати сармаст шудиянду 10 хазор доларро назарашон намегирад.ман хайронам мушовирони президент кучоро нигох мекунанд

Охи камерахои шахри бехатара бинан кани ки помех додай Лексуса маълум мешавад......оли ягон камбагал мебуд дар барномаи ВКД медиди навороша.....!

Вай точик нестай фиреб кунию фишор биёри ваёра рус мегуянд пули ун мошинора аз чаккахои сарат кашида мегиран фарк надорад ту карупсия хасти ё каси дигар. 120сомон кати ранги бачаи Хукумов борин халос намехури. Вай бо 3каса кушта буду чанкаси дигара захми карда буд. Зури мансабдоро факат ба точико мерасад!

Сино
карор
пул одамро аз одамгари ва инсони дур мекунад, ки 100% рост аст.

ИЛХОМИ
10 хазор доллар хечиз пуле набошад, чигуна лексус аз дигар нафар будааст. Вой ба холи мо бемансабон, ки рами долларро дар шакалод дида аз хурсанди арахманд мешавем

Яъкуб. Душанбешахр.
Ачоиб онки ягон вакт ин чиновникхо ва писаронашон гунохи худро ба гардан намегиранд.(кадом мошине халал расонду холо дар кофтукоб хаст).Ба фикрам ин хисоротро боз ягон камбагал хонаашро фурухта (монанди падари Шахбол ки хонаашро фурухта писари дар хизмат мачрухшударо табобат мекунад) пардохт мекунад.Ва ачоибот онки ин мошини Лексус хам аз ин писари чиновник набудааст охх бечорахоееее......

expert
in moshini shalaka az avval vayron budagi, shopiri alkashi urus az uhdai idorai nakliyot nabroada dar latok ghaltidagi, pisari mansabdor gunoh nadorad, tuhmat

Ин Шармандаги беш нест наход як макомоти баландпояи хоричи тамасхурона ба хисороти расонидашуда нисбати суханони бемантику побархавои рохбарони мо изхори назар мекунанд Ба президент лозим аст ки нисбати чунин рохбарон чорахои бебозгашт андешад ки ба дигар рохбарон дарси ибрат гардад

Точикак
Лексуси рафикаш будасте, як бор мард шаву бигу ки лексус моли худумай. Мо магар намедонем, ки лексус як тараф истад заводашро мехаред шумо ...

Ривоч
Вокуеан намояндагони дипломатии рус хуб медонанд,ки иктисодиёти кишвари Точикистон дар холати вазнинтарин ва бухрони карор дошта,зиндагии мардум аз хисобм чор танга пули бардагони точики Руссия аст.Аз ин ру онхо ибораи "10 хазор доллар-пули ночизро"-ро нафахмида ба хайрат омадаанд.Ин амал низ аз пусидагии чомеъаи фурурафтаи точик гувохии комил медихад.Афсус,имкони кишвари зебо сохтанро дар 17 соли охир доштем,лекин нашуд,ки нашуд.Минтакагароён монеъа эчод карданд.

Окибати мастй (ба назар нагирифтани мардуми нодору бечора) пастй мебошад.

Рохрав
Озодогон ба хотири як макола шуда бегонапарсатиро гирифти. Хай чи як точик мошини русхоро задааст. Ин русхо хар руз чавонони мора кушта равон карда истодаанд. Боз пушти гирифта бачаи точика хамрахи оташ сиёх кардесен. айб аст айб! Каматар инсоф кунед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)