Бахшҳо
23 июн 2014 17:50Тоҷикистон / Акс

АКС: Бонуи аввали Тоҷикистон бо куртаи милливу рӯсарӣ дар канори ҳамсараш

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон чанд аксеро аз маросими истиқболи Эмомалӣ Раҳмон дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, гузошт, ки дар он бонуи аввали кишвар ҳам дида мешавад. Дар ин аксҳо ҳамсари раисиҷумҳури Тоҷикистон куртаи миллӣ ва рӯсарӣ дорад.

Ин сафари нахустини раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Малайзия мебошад ва истиқболи расмӣ аз ӯ дар саҳни парлумони ин кишвар сурат гирифтааст. Оқои Раҳмону ҳамсарашро Абдулҳалим Муаззам, подшоҳи Малайзия бо Шоҳбону ва Наҷиб Абдурразоқ – нахуствазири ин кишвар пешвоз гирифтаанд.

Шаби гузашта (22 июн) низ дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ як акси Эмомалӣ Раҳмону ҳамсарашро дар фурудгоҳи Куала-Лумпур гузошта буд, ки дар як муддати кӯтоҳ вокунишҳои зиёдеро дар пай дошт. Бештари шарҳнависон аз он ки ҳамсари раиси ҷумҳур куртаи милливу рӯсарӣ дорад, истибол кардаанд. Вале ин суолҳо низ навишта шудаанд, ки бонуи аввали Тоҷикистон чаро маҳз ба Малайзия рафтааст.

То кунун аксҳои дигари бонуи аввали Тоҷикистон дар канори ҳамсар ва фарзандонаш дастраси расонаҳо шуда, суханронии ӯ дар тӯйи писараш Рустами Эмомалӣ тавассути телевизиони К+ низ намоиш дода шуда буд. Вале дар солҳои охир бори аввал аст, ки ӯ дар як сафари расмӣ ҳамсарашро ҳамроҳӣ дорад ва дафтари матбуот ҳам аксҳои ӯро расонаӣ мекунад.


АКС: Бонуи аввали Тоҷикистон бо куртаи милливу рӯсарӣ дар канори ҳамсараш

АКС: Бонуи аввали Тоҷикистон бо куртаи милливу рӯсарӣ дар канори ҳамсараш

АКС: Бонуи аввали Тоҷикистон бо куртаи милливу рӯсарӣ дар канори ҳамсараш

АКС: Бонуи аввали Тоҷикистон бо куртаи милливу рӯсарӣ дар канори ҳамсараш
Мӯҳр
шох
О,бародаро сабр кунед хамааш мешавад,ман ба чои Эмомали Рахмон мешудам ин модари Точикро бо руи дастонам мегардонидам,чунки Худоба шукр 9- фарзанд калон карда ба воя расонидааст ин кори сахл нест,дар бораи пушидани сару либос чи кадар зебо шинам,офарин кандатона занед.зебидааст...гап нест .....

Benom
Офарин Президент!
Шахсан аз ин корашон шод шудам. Сари личу пои бараҳнагаштан, хусусан занон, дар фарҳанги миллии мо нест. Онҳое ки "современная" шудан мехоҳанд, бигзор асимилятся шуданро идома диҳанд. Ман аз ин кори Президент бо тамоми ҳастиям дастгирӣ мекунам.

Мешудаст ку бо сатру руймол! Худо хохад Э.Рахмон манъи "сатр"-ро бекор мекунад аз зани худаш сар карда. Бо сатр хам мешудаст ку кор кардан! Занхоро бо сабаби сатр кардан аз кору тахсил дар корхонаю донишгох манъ кардан мантик надорад! Занхои босатр баробари дигар занхо хукуки баробар доранд, занхое, ки либоси аврупои дошта зан хастанд, занхои босатр не? Пас чаро сухани президент дар бораи "Баланд бардоштани макоми зан дар чомеъа" зидди занхои сатрпуш бошад?

чаро эмомиали рахмон мардумро барои русари дохтан маън мекунаду зани худаш ва русари

Фаромуш набояд кард ки зани Эмомалй Рахмон зани дехотист. Ва аз хама мухим у мусулмон аст. Офарин, як чахон ташаккур!

ахмад
шох,
Ачоиб мардуми танг назар хастем хато ба пушидани либоси каси дигар сухан меронем холон ки андешаи пушидани сару либоси зару фарзанди хешро надорем

Сарир
Малайзия вокеъан кишвари басо пешрафта хаст.Аз онхо бояд омухт.

Точик
Бародар Шох!!! Ба фикри шумо чаро Президент намегузорад духтархо дар мактабу донишгох ва хатто корхонаву идорахои давлати, бонкхо ва ширкатхои мобили бо чунин либоси милли и мувофики сатри исломиаст, тахсилу кор кунанд???

Ахсан
Офарин! Бисёр зебидааст. Кош ин сатрбанди муваккати набошад ва янга таъсир гузорад, то конуни зидди сатр аз байн бардошта шавад. Ин кор обруи уро миёни мардум, хосатан миёни занхои хичобдор баланд мебардорад.

ГУМНОМ
Benom,
СОВРЕМЕННАЯ ? О БО ХАМИН ГУНА ЛИБОС ШАХРВАНДОНИ ТОЧИК ЧАРО ПАС БА МАКТАБ РАФТА НАМЕТОНАНД ? ЧАРО БО МИНИ ЮБКА РАВАНД ДУХТАРОНИ ТОЧИК БА МАКТАБУ ДОНИШГОХ ХО МЕМОНАНДУ БО САРУ ЛИБОСИ МИЛЛИВУ ИСЛОМИ РАВАНД НАМЕМОНАНД ? О ЧАРО ХАМСАРАШРО САВРЕМЕННИ НАКАРДА БУРД ДАР БАРАШ ? САВОЛХО БИСЁЁЁРАН БИСЁЁРУ АММО БЕ ЧАВОБ .

агар дар сар дока ва дар тан чакан медошт боз хам хуб мешуд.

кулобихо
786
Ман хам ба президенти кишварам тарик мегуям хам чунин ба хамсарашон табрик, мезебад, Худо зебоий занро дар сатр карор додааст. Аз хамсари президент хохиш дорам ки ин сатрро брои бонувони мусулмони точик шумо аз ин сафаратон хая кунен ва ин суннати Илохиро зинда кунен Худо аз шумо рози ва хушнуд мешавад, иншоаллох.

ором
Гуе дар асри 15 зиндаги доред. Аз либоспушии у ба миллат чи фоида. Сари либоси харузаи зани дехоти. Ин кадар вохима кардед

Зоиршо
БАРОИ ЧИ НАМЕКАРДАСТ АЛБАТА ИН МОДАРИ МЕХРУБОН БАРОИ ОБУРУИ МИЛЛАТИ ТОЧИК ХАМА КОРРО МЕКУНАНД БОЗ МЕБИНЕМ ШУМО ЧАНОБИ ОЛИРО ДАСТГИРИ КАРДА БЕ КИНАВУ НАДОМАТ ФАХМОНЕД АЛБАТИ БАРОИ САТРПУШИИ БОНУВОНИ МО ИЧОЗАТ МЕДИХАД ЧАНОБИ ОЛИ ХЕЧ ВАКТ НАГУФТААСТ КИ БОНУВОНИ МО САТР НАПУШАНД МАГАР ШУМО ЯГОН БОР АЗ ДАХОНИ ЧАНОБИ ОЛИ ШУНИДАЕД НЕ БА ИН КАМТАР ВАКТ ДАРКОР ХАМАШ МЕШАВАД ИНШОЛЛОХ БО ЧАНОБИ ОЛИ БА ХАМА МАКСАДХОЯМОН МЕРАСЕМ.

агар ин докаи сафед ва чаканро дар тан медошт оличаноб мешуд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)