Бахшҳо
25 июн 2014 09:05Тоҷикистон / Рӯ ба рӯ

Номаи Исмоилов ба президент: “Мани мусибатзадаро наҷот диҳед”

Нурмуҳаммад Исмоилов, сокини деҳаи селзадаи Одинабойи ноҳияи Шӯрообод, бо ирсоли номае ба унвони Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ба мушкили бесарпаноҳии ӯ расидагӣ кунад.

Ин сокини минтақаи селзадаи Шӯрообод рӯзи 24 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар пайи фаромадани ярч зану фарзанд ва манзили истиқомативу захираи рӯзгори зиндагиашро аз даст додааст ва ҳоло ҳамчун як марди синнаш ба нафақа расида дар хонаи хешовандонаш ба сар мебарад. “Ҳоло аз як хонаводаи хушбахти 8-нафарӣ ману писари 31-солаам боқӣ мондаем ва дар хонаи наздиконамон ба навбат шабро рӯз мекунем. Албатта, ба мо хайма дода буданд, вале дар ин гармӣ дар онҳо зиндагӣ кардан хеле душвор аст. Чанд бор ба раиси ноҳия муроҷиат кардем, аммо бенатиҷа буд, мегӯянд, ҳоло қарори президент барои сохтмон набаромадааст,”-илова кард ӯ.

Исмоилов гуфт, ҳарчанд бо дастури Эмомалӣ Раҳмон барои ӯ ва ҳамдеҳагонаш дар ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шӯрообод қитъаи замин ҳоло ҷудо шудаасту он ҳам дар як макони беоб ва набудани шароити зист: “Синну солам ба 62 расидаасту дигар нерӯи кории худро аз даст додаам ва ба иловаи ин дигар ғаму дарди зану фарзанд ва набераҳову келини зери ярч мондаам, маро ором намегузоранд.”

Дар номаи ин сокини минтақаи селзадаи кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон, ки нусхаи он дастраси “Озодагон” низ гардид, аз ҷумла омадааст, “Шумо ҳам сарпарастии манро доред, ҷаноби олӣ хоҳиш мекунам, ба хотири шаҳидони ғӯрамаргонаму шод гардонидани арвоҳи онҳо манро аз шаҳри Душанбе бо манзили истиқоматӣ таъмин намоед, чун ягон намуди маблағ дигар надорам.” Исмоилов дар идомаи номааш афзудааст, “аз ҳамаи Шумо роҳбарон эҳтиромона хоҳиш дорам, мани мусибатзадаро аз ин бесарпаноҳӣ наҷот диҳад.”

Шоми 12 ба 13 апрели соли ҷорӣ дар пайи боришоти зиёд ва фаромадани ярч дар деҳаи Одинабойи ноҳияи Шӯрообод аз се хонавода - Нурмуҳаммад Исмоилов, Қурбон Носиров ва Самад Арзиев ҳамагӣ 13 нафар ба ҳалокат расида буданд. Аз миёни ин қурбониён танҳо шаш нафари онҳо - Холисамо Мустафоқуловаи 58-сола, Ҳафизамо Исмоиловаи 34-сола, Моҳтоббӣ Афғоноваи 27-сола, Меҳрубони Муҳиддини 10-сола, Гулбарги Муҳиддини 9-сола марбут ба оилаи Исмоиловҳо мебошад.
Мӯҳр
впп
ЧО бояд Алимардона бга брава ба и мардака ай пулои захираш хона бсоза.

Иншооллох рахми Парвардигор меояд бародар ! Набардорад касе тобути худро ! Барои хамдигар даркор моем ! Сурогаатонро акалан дар шахр мегуфтед ,ё суратхисобатонро дар ягон бонк мекушодед дар индахаи мохи шарифи Рамазон хуб мешуд Хастанд мардони Худо барои дасти ёри дароз намудан дар инмусибате ки ба сари Шумо омадааст

Хатто ёри хам намеиханд холи мардуми Точикро ба чи хол расонданд

Отатурк
Дар Булгория ва дигар кишвархо 5-10 касро об мебарад мотами давлати эълон мекунанд.Дар мо чи?Ку одоби давлатдори?

ДОСТОН
ХУДО САБРАТ ДИХАД БАРОДАР . ДАР ТОЧИКИСТОН ЗИНДАГИ ДОРИ .

шурообод
даҳшат!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

7
Эээ бефоидаай ин арзу шикоятхои шумо!!!

Justice
Мардм мачбуранд, ки рост ба Преидент муочиат намоянд. Чаро имруз ба гайр аз Президент дигарон гами инхоро намехуранд? Факат фармони Президентро интизоранд. Магар Президент онхоро ба хамин хотир раиси вилояту раиси нохия таъин намудаанд? Кани мухтарам раиси нохия як руз дар хамон хайма зиндаги кунанд, метавониста бошанд?
Пешниход ба мухтарам Президент ин аст, ки ба гайр аз ба ин оила кумак расонидан, раиси он нохияро аз кор гиранд, зеро гами мардумро намехурдааст.

Абдуллох
Худованд Шуморо бародари азиз сабри чамил атто фармояд. Иншааллох умедворам, ки Сарвари давлат ба Шумо ёри мерасонад. Агар он кас хам ба Шумо дасти кумак накардаан бовари дорам, ки баъди ин номаи Шумо албати шахсони саховатманде пайдо мешаваду ба доди Шумо мерасанд. Бо Сабр бошед Худованд хамрохи собиронаст. Хамеша бо дуъо бошед Иншааллох хамааш хуб мешавад. Худовандам ба сари бандаи дустдошта худаш мусибатро меорад ва онро имтихон мекунад, ки то кадом андоза Собираст. Худодо ёру мадагоратон бод.

Президент холи шиками авлодоша сер кунад баъд ёрдам мерасонад,

Мухтарам Исмоилов, таъзияи маро хам кабул кунед... Умедворам, Хукумат Шуморо дар нимарох намемонад. Вале дар шахри Душанбе Шумо аз кадом хисоб рузгузарони мекунед? Дар пойтахт арзиши махсулот ва нарху наво нисбат ба дигар минтакахои чумхури хеле баланд аст. Инро хам ба назар гиред.......

ممب
Ки гуфта метавонад, ки наберахову чаберахои вазиру раисчахо хонаи чандкабата надоранд? Ин миллат дигар чун риштаи бе сару нуганд((((((

zek
ЧО кайфу сафора тамом кна баъд ба ту мераса

Нукар
<Шикояти пирамарди мазлум ба Султон дах аср пеш низ чунин буд.

Мехрчу
Дар Точикистон бояд додани закот конуни карда шавад.. харчанд давлат исломи нест аммо мардум ки мусалмон хастанд.. агар надихад мачбури кашида гирифта ба фақирон ва афтодагон таксим карда шавад..хайр накардан, ситонидан, горат кардан ва тамоми рафторхои бад аз мугули хунхор ва берахм дар Осиёи миёна боки мондааст.. аз чумла хамин сурхо (туйу маъракахои ) пур зарку барку карру фар.. барои хамин хадди акал додани закот ба як конун бояд табдил шавад .. ичро накард чазоша гирад..

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)