Эмомалӣ Раҳмон Махатҳир Муҳаммадро мисоли ибрат хонд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 25-уми июн, дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ сарвазири Малайзия Махатҳир Муҳаммад мулоқот намуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти нахустини худ бо ин сиёсатмадори маъруф, ки моҳи октябри соли 2003 дар Малайзия баргузор шуда буд, ёдоварӣ карда, афзудааст: “Дар Тоҷикистон Шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Малайзия, олами Ислом ва қитъаи Осиё мешиносанд ва фаъолияти ислоҳотгаронаи Шуморо мавриди омӯзишу ибрат қарор додаанд”.
Ба иттилои манбаъ Махатҳир Муҳаммад аз оғози фаъолияти сафорати Тоҷикистон изҳори хушнудӣ карда, таъкид намудааст, ки имрӯз ҳам омода аст барои густариши робитаҳои Малайзия бо Тоҷикистон саъюу кӯшиш кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |