Бахшҳо
25 июн 2014 10:52Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Нигаронии HRW аз нақзи ҳуқуқи башар зимни бунёди Роғун

Дидбони ҳуқуқи башар ё худ, HRW бо нашри як гузориши 81 саҳифаӣ мегӯяд, зимни сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон ҳуқуқи садҳо оила нақз шудааст.

Дар ин гузориш, ки зери унвони “Вақте мо ба ин ҷо омадем, ранҷу азоб кашидем” нашр гардидааст ва имрӯз, 25-уми июн дар Душанбе муаррифӣ шуд, сухан сари оилаҳое меравад, ки аз макони сохтмони Роғун ба ҷойҳои нав кӯчонда шудаанд.

HRW мегӯяд, кӯчондани ҳудуди 1500 оиларо аз соли 2009 инҷониб пайгирӣ карда, ҳолатҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башарро сабт намудааст: “Бисёре аз оилаҳои муҳоҷиршуда бо мушкилоти вобаста ба ҷои истиқомат, дастрасӣ ба ғизо, об ва маориф мувоҷҷеҳ шудаанд. Мушкили асосӣ дар он аст, ки ҳаҷми ҷубронпулӣ барои муҳоҷирон кофӣ нест. Барои оилаҳои муҳоҷир дар ҷои нав шароит барои чорводорӣ низ муҳайё нашудааст. Дар бархе аз маҳаллаҳои оилаҳои муҳоҷиршуда, то ҳол ҳам мактаб бунёд нагардидааст.”

Франческа Корбачо, пажуҳишгари HRW ва муаллифи гузориш бо зикри он, ки дар маҷмуъ аз майдони сохтмони Роғун бояд ҳудуди 42 ҳазор нафар кӯчонида шаванд, аз ҳукумат ва донорҳо хостааст, камбудиҳои то ҳол ҷойдоштаро ислоҳ кунанду ба такрори онҳо дар раванди минбаъда роҳ надиҳанд: “Ҳуқуқҳои инсон бояд барои рушди иқтисодӣ фидо нашаванд.”

HRW аз гузориши ниҳоии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди Роғун низ, ки 17-уми июни соли равон нашр шудааст, ёдовар шуда, таъкид мекунад, ки дар ин ҳуҷҷат низ ба муҳоҷиршавии оилаҳо диққати калон дода шудааст: “Бонки ҷаҳонӣ низ таъкид намудааст, ки таъмини шароити хуби зиндагӣ барои муҳоҷиршудагон бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳукумат бошад.”

Дидбони ҳуқуқи башар дар навбати худ аз Бонки Ҷаҳонӣ ва донорҳои дигар даъват намудааст, дар ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон риояи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиршуда ва дастрасияшонро ба ҳаёти сазовор таъмин кунанд.

Гузориши HRW аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи феврали соли 2014 гузаронда шуда, 156 мусоҳиба бо муҳоҷиршудагон аз майдони сохтмони Роғунро дар бар мегирад. Муаллифон таъкид мекунанд, ки чун муҳоҷират бо ташаббуси давлат сурат мегирад, бояд адолат таъмин гардад.

Франческа Корбачо бо ҷонибдорӣ аз талоши давлат барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ таъкид намудааст, ки ҳамзамон мақомот бояд масъалаи пардохти ҷубронпулӣ ба муҳоҷиронро бозбинӣ намоянд, бо замин барои хоҷагидорӣ, мактаб, об барқ таъмин кунанд.
Мӯҳр
Солех
Боз гапи нав бароварданд. Монед хамин Рогуна беташвиш созем, чанобони тахлилгар! Барои худаш замин доданд боз даъвои чарогох доранд. Аз сарат монад хамон чорвот. ГЭСа созем шир хам мешаваду гушту маска хам.

Сарвар
Ин ачнабихо боз бо хар роху восита мехоханд сади рохи сохтмони НБО-и Рогун шаванд. аз ин лихоз аз мардуми шарифи Точикистон хохиш менамоям ки бо сафсатагуихои ин ташкилот бовар накунанд, зеро онхо асоси вокеи надоранд.

Мухочир..
Солех,
Бародар гапхои хавои гапназан,мардуми кухистон зиндагиашон аз хисоби анахамон чорвояшон аст,холо якбор омада холи зори мардуми мухочирро бин ба зиндагиро мефахми,на обасту на рох на мактаб..Шумо Рози хастен бо нархи 40-50 хазор сомон хонаву дари обод,заминхои оби,богу киштзорхоро монда ба 8сотих замини беобу дигар шароитхои зиндаги омода дар таги офтоби зузон бо обу сангу хоки харида манзил созед...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)