Бахшҳо

Норозигии Самӣ Шариф аз гузориши HRW дар мавриди Роғун

Самӣ Шариф, директори муассисаи давлатии Дирексияи Минтақаи пахшшавии НОБ-и Роғун аз гузориши дидбони ҳуқуқи башар ё худ HRW дар мавриди нақзи ҳуқуқи садҳо оила ҳангоми бунёди Роғун изҳори норозигӣ кард.

Самӣ Шариф имрӯз, 25-уми июн баъди муаррифии гузориши HRW дар мавриди нақзи ҳуқуқи оилаҳои муҳоҷиршуда аз майдони сохтмони Роғун изҳори норозигӣ карда, афзуд, ки шароити зиндагии муҳоҷиршудагон хуб аст: “Барои кӯчондани ҳар оила аз майдони Роғун на камтар аз 150 ҳазор сомонӣ сарф шудааст. Он шароите, ки мо барои сокинони муҳоҷиршуда аз минтақаи Роғун муҳайё кардем, аз шароити пешинаашон хеле хубтар аст. Дар ҷои нав барои онҳо 5 мактаб, нуқтаҳои тиббӣ, қубурҳои об сохта ва насб шудаанд.”

Самӣ Шариф илова намуд, ки раванди муҳоҷирати оилаҳо аз минтақаи Роғун дар маслиҳату мувофиқа бо Бонки Ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Ӯ танҳо як камбудии зикркардаи HRW-ро эътироф намуд, ки барои кӯчондани оилаҳо мошини боркашро кам пешниҳод намудаанд: “Пештар барои ду оила як мошин дода мешуд, ҳоло бошад, барои ҳар як хонавода як мошин дода мешавад.”

Давлат Акобиров, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки се соли пеш аз минтақаи Роғун ба деҳаи Туйчии Турсунзода кӯчонда шудааст, суханони Самӣ Шарифро тақвият дода, изҳор дошт, ки аз шароити зиндагияш баъди муҳоҷират розӣ аст. Акобиров афзуд, ки аъзои маълумотдори хонаводааш бо ҷои кор таъмин шуда, ҳукумати ноҳия ба онҳо замин барои хоҷагии деҳқонӣ ваъда додааст.

Ин дар ҳолест, ки масъулини HRW зимни ин ҳамоиш як гузориши 81-саҳифагиро муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки ҳолатҳои зиёди нақзи ҳуқуқи башарро сабт намудаанд: “Бисёре аз оилаҳои муҳоҷиршуда бо мушкилоти вобаста ба ҷои истиқомат, дастрасӣ ба ғизо, об ва маориф мувоҷҷеҳ шудаанд. Мушкили асосӣ дар он аст, ки ҳаҷми ҷубронпулӣ барои муҳоҷирон кофӣ нест. Барои оилаҳои муҳоҷир дар ҷои нав шароит барои чорводорӣ низ муҳайё нашудааст. Дар бархе аз маҳаллаҳои оилаҳои муҳоҷиршуда, то ҳол ҳам мактаб бунёд нагардидааст.”

Франческа Корбачо, пажуҳишгари HRW ва муаллифи гузориш бо зикри он, ки дар маҷмуъ аз майдони сохтмони Роғун бояд ҳудуди 42 ҳазор нафар кӯчонида шаванд, аз ҳукумат ва донорҳо хостааст, камбудиҳои то ҳол ҷойдоштаро ислоҳ кунанду ба такрори онҳо дар раванди минбаъда роҳ надиҳанд: “Ҳуқуқҳои инсон бояд барои рушди иқтисодӣ фидо нашаванд.”
Мӯҳр
76
Т Бо номта самй шарифхон кадай ба мара бра карзи барки точика бспор... месупори..

Часур
Мухтарам Пажухишгари HRW чаро пажухишатро дар Украина анчом намедихи? Е аз США метраси? Дар Украина хабарнигоронро дастгир кардаву берахмона ба катл мерасонанд, чаро ягон организацияи хоричи лаб намекушояд ? Кудакони бегунох ва пирони барчомондаву шахсони нотавонро дар шарки Украина берахмона зери тиру туфанг монда истодаанду ширкатхо ва хомиени хукуки башар гуе ки хамаи инро намебинанд. Дигар ягон нафар ба Шумо бовар намекунад мухтарам чангандозон. Бо ин гузоришхоятон мехохед як давлати тенчу ободро ба чангу бесуботи равона созеду баъдан аз хисоби ин коратон нон хуред! Хар он давлате ки чилави ин созмонхои амрикоиро ба даст намегирад окибаташ ба ноамниву хунрези рафта мерасад. Агар чоп накунед пас озод буданатон хам зери суол аст!

Шеркулибек
Сами Шариф директор?Ха!Ха!Хааааа!Хандаам меояд.Ин мардак дар кучое буд ободие накард.Холо низ лачоми мансабро сахт дошта гаштааст ку!Замони давлати асли ва конунии Иттиходи Шурави мешуд уро рангмол низ таъин намекарданд.

Темурланг
Часурбой рост мегуи бародар.Дар Точикстон низ вакто,ки куввахои душмани миллати точик бо тупу яроки узбаку рус точиконро дар назди симхорхои лаби дарёи Панч даххо хазор нафарашон катли ом мекарданд моххои ноябр ва декабри соли 92 касе гап намезад.

xalki rogun sad foiz roziand.az xonahoi kuhnai boboi xalos shudand.

шеркулибек рост мега, панч сол кургонтеппаро хурду гашт. хатто як чукурии рохро асфалтпуш накард, хамира садкаи вазифа кунад масхарабоз бехтараш дар сирк кор кунад мешава

Justice
Ин Human Rights Watch шояд бо дархости баъзе давлатхои хамсояамон ин корро анчом дода бошад. Рогун оё ба мардуми давлати хамсояамон ягон зарар дорад? HRW ба шахрвандони мо и кор дорад? Оё онхо аз поймол шудани хукуки худ ба онхо мурочиат намуданд? Хамма шахрвандони гирду атрофи Рогунро Хукумат бо чои хуби зиндаги таъмин намуд.
HRW, последние годы, последние дни тысячи людей погибают в Сирии, на Украине. Куда вы смотрите? Соблюдаются ли права человека в этих странах? Про Ирак и Афганистан вообще молчим. Что творят ваши соотечественники и ваши друзья? Вы на них глаза закрываете и поддеживаете их. Что вам на пользу, вы того делаете, а что нет, дргуим запрещаете. Или Узбекистан пообещал вам принять ваши военные базы? и это вы считаете частью сделки?

Офарин ба шумо Ҷасур, tojik ва Justice, шумо дар хақиқат рост мегӯед нисбати ин ширкати хориҷӣ ва дигар ширкатҳои байналмилалӣ. То ҷойе аз фаъолияти имрӯза ва таърихи кори Самӣ Шариф огоҳ ҳастам, марди ободкор ва дастгири ҳамкоронаш аст (Албата дили ҳама касро ҳеҷ кас ба каф оварда наметавонад). Гузориши ин ширкати хориҷӣ 99% боварӣ дорам, ки кори дасти аҷнабӣ аст. Ман худ шоҳид ҳастам, ки муҳоҷирон ба он мавзеъҳое кӯч дода мешаванд, ки бартарии бештар доранд ва воқеан ҳам бо нуқтаи тиббӣ, мактаб ва дигар шароити зист муҳайё ҳастанду ҳамагӣ розиянд, ҳеҷ не аз барои миллаташон ҳеҷ кадомашон норзигӣ намекунад, дуруғ мегӯяд ин ширкат. Албата ҳар ҷойе кор аст, камбудӣ пайдо мешавад, аммо чуноне директори ин Муассиса гуфтанд, камбуӣ буд ва онро зуд рафъ кардааст, аз ин суханаш пайдост ки масъулият ҳис мекунад ва эҳсос мекунад ки махсусан РОҒУН ҷойе нест, ки аз ҳисоби он луқмаи бе обилаи кафи даст ва ё хилофи ризогии Худо хӯрд...БОВАРӢ ДОРАМ, ҲАМАИ МАСЪУЛИНИ БУНЁДИ НБО-и РОҒУН ИНРО МЕДОНАД, ЧУН РОҒУН ИНШООТИ МИЛЛИСТ!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)