Ҳимояти Росавиатсия аз хатти парвози Тоҷикистон-Қрим
Росавиатсия ё худ Оҷонсии федералии нақлиёти ҳавоии Русия аз иқдоми ширкатҳои “Грозний авиа”ва “Уралские авиалинии” барои роҳандозии парвоз аз Қрим ба бархе аз кишварҳои хориҷӣ истиқбол кардааст.
Тибқи асноди пешниҳодкардаи Росавиатсия интизор меравад, ки “Уралские авиалинии” аз фурудгоҳи Симферопол ба Душанбе, Хуҷанд, Тошканд, Намангон ва Боку парвозҳои мунтазамро тариқи тайёраҳои Боинг роҳандозӣ кунад. Ширкати “Грозний авиа” ният дорад, ки барои парвоз дар хатсайрҳои Симферопол-Истанбул, Анталия ва Ереван иҷозатнома гирад.
Ин дар ҳолест, ки моҳи апрели соли 2014 Созмони аврупоии амният дар соҳаи аэронавигатсия барои ширкатҳои аврупоӣ парвозҳои мустақиму транзитиро тариқи қаламрави Қрим манъ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |